00:01:32 03-уми Июни 2025 сол

Имрон Хон дар ҷараёни гирдиҳамоии таблиғотӣ дар Покистон осеб дид

Имрон Хон, сиёсатмадори саршиноси Покистон дар ҷараёни таблиғоти интихоботӣ аз лифтрок (мошини болобар) ба пойин суқут карда ва сараш осеб дидааст. Ин лифтрок дар ҳоли боло бурдани Имрон Хон, копитони собиқи тими миллии крикети Покистон ва муҳофизонаш ба маҳалли суханронӣ буд.

imran khan-08052013Мақомоти Покистон ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки Имрон Хон пас аз суқут дар Лоҳур ба бемористон мунтақил шудааст. Тасовири телевизиюнӣ Имрон Хон пас аз суқут дар ҳоле ки аз сараш хун мерехт, нишон додааст. Ҳаводорони ин сиёсатмадори покистонӣӯро билофосила ба бемористон бурданд.

Имрон Хон тайи моҳҳои ахир ба яке аз пуртарафдортарин сиёсатмадорони Покистон табдил шудааст. Ӯ умедвор аст ки ҳизбаш дар ин интихобот ба натоиҷи қобили таваҷҷӯҳе даст пайдо кунад. Дар гирдиҳамоиҳои таблиғотии ӯ ҳар бор даҳҳо ҳазор нафар ширкат мекунанд.

Молик Иштиёқ, сухангӯи ҳизби Таҳрики инсоф ё Ҷунбиш барои адолат, ки раҳбарии онро Имрон Хон ба уҳда дорад, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки ӯ аз ноҳияи сар осеб дидааст. Як сухангӯи дигари ҳизб гуфтааст, ки танҳо осеби ҷузъӣ ба Имрон Хон ворид шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854