18:33:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамдастии маҳбусон бо "қофилаи ҳероин"

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон тавонистанд аз талошҳои интиқоли маводи мухаддир, ки дар он бархе маҳбусон даст доштанд, ҷилавгирӣ намоянд. Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май ба мо гуфт, ки дар як амалиёти вижа кормандони амниятӣ, аз интиқоли теъдоди бузурги маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили Тоҷикистон, ҷилавгирӣ шуд.

amniyat-geroin-08052013Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 50 килограм маводи мухаддир мусодира шуд, ки дар қочоқи он ду маҳбуси яке аз зиндонҳои Тоҷикистон даст доштаанд. Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, ки ба хотири идома ва анҷоми пурраи амалиёт аз ифшои ному насаби маҳбусҳо худдорӣ мекунанд, то ба ҷараёни тафтишот халал ворид карда нашавад. Яке аз ин маҳбусҳо соли гузашта ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Онҳо аз дохили маҳбас бо тамоси телефонӣ бо гурӯҳи қочоқбар, қасд доштаанд ҳудуди 35 кило афюн ва бештар аз 15 кило ҳашишро вориди ноҳияи Қумсангир ва аз онҷо ба Душанбе интиқол диҳанд. Аммо ҳангоми интиқоли маводи мухаддир ду нафар боздошт шудааст, ки ҳамакнун алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷузъиёти ин ҳодиса мавриди омӯзиши ниҳодҳои амниятӣ қарор дорад.

Тоҷикистон як роҳи аслии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо дониста мешавад ва соли 2012 дар кишвар аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тақрибан 6 тонна маводи мухаддир кашфу забт шудааст.

Соли гузашта дар як арзёбие, ки коршиносони  Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал анҷом додаанд, гуфта шудааст, бештар аз нисфи маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Аврупо меравад, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, соли 2010 аз тариқи қаламрави Тоҷикистон аз 75 то 80 тонна ҳероин ва аз 18 то 20 тонна афюн қочоқ шудааст, агарчӣ мақомоти расмӣ мегӯянд, ин омор муболиға аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi