23:24:53 02-уми Июни 2025 сол

Маҳкумият ба 3,5 соли зиндон барои ташвиқи ғояҳои ҲИУ

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як ҷавони 32-солаи ин минтақаро барои узвият ва ташвиқи ғояҳои ифротгароии Ҳаракати Исломии Узбакистон, ба 3 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард. Он гуна, ки аз додгоҳи ноҳияи Шаҳритус ба мо хабар доданд, «ин ҷавон Назрулло Аюбов, сокини ин ноҳия аст, ки ҳангоми бозгашт аз муҳоҷирати корӣ аз Русия бо худ наворҳои хусусияти ифротгароёнаро оварда ва ба ташвиқи дар миёни ҷавонони ин минтақа даст задааст.»

dodhi-khatlon-140513Ҳамчунин тафтишот аз Назрулло Аюбов, флешкаеро кашф карда ва дар телефонаш низ наворҳои ифротгароёнаро мусодира кардаанд. Таҳқиқ собит кардааст, ки вай тариқи Интернет низ мукотибаҳоеро анҷом медодааст. Зимнан, мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ иддае аз ҷавононро дар Шаҳритус, Қабодиёну Қусмангир боздошт карданд, ки ба узвият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон мутаҳҳам дониста мешуданд.

Ба ин тартиб маҳкумият ба зиндони Назрулло Аюбов, нахустин муҳокимаи додгоҳии афроди боздоштшуда ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854