00:12:07 03-уми Июни 2025 сол

Духтари ҷавон дар Хатлон таҷовузгари солмандро ба додгоҳ кашид

Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни як марди солмандро дар сӯйиқасд ба таҷовузи духтари 18-сола муҷрим шинохта ва ӯро ба чаҳор солу се моҳ зиндон маҳрум кард. Аллабердӣ Чоршанбеви 60-сола тибқи моддаҳои 138 ва 147, яъне сӯйиқасд ба таҷовуз ва ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил муҷрим шинохта шуд.

tajovuz-15052013Абдураҳим Абдуназаров, қозии ин парванда мегӯяд, Аллабердӣ Чоршанбев роҳбари як шикати кишовазӣ дар ин ноҳия будааст, ки ба манзили корманди бемори ширкаташ ворид шуда ва талош ба таҷовуз ба номуси ӯ кардааст. Оқои Абдуназаров ба Би-би-сӣ гуфт, ин духтари ҷавон, ки ҳоло дар бистари беморӣ будааст ба марди солманд муқовимат карда ва тавонистааст, худро аз дасти марди 60 сола раҳо кунад. Ӯ сипас ба кормандони додситонии ноҳия дар ин бора хабар додааст.

Гуфта мешавад, духтари ҷавон ҳангоми муқовимат бо таҷовузгар як ангушти Аллабердӣ Чоршанбевро газида ва ӯро захмӣ кардааст. Кормандони интизомӣ ба ҳангоми таҳқиқоти парванда ин захми марди солмандро ба унвони нишонаи аслии ҷурми содиркардаи вай пазируфтаанд.

Дар навоҳии дигар вилояти Хатлон низ парвандаҳои мушобеҳ дар бораи даст задани мардони солманд ба таҷовузи духтарон ва ҳатто арӯсон сабт шудааст ва иддае аз таҷовузгарон муҷрим шинохта шуда ва маҳкум ба ҳабс шудаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854