23:25:12 02-уми Июни 2025 сол

Як зани сиёсатмадор дар Покистон кушта шуд

Афроди мусаллаҳ як зани сиёсатмадорро дар шаҳри Карочии Покистон ба қатл расониданд. Тибқи иттилои расонаҳои Покистон Заҳро Шоҳид Ҳусайн, яке аз раҳбарони Таҳрики Инсофи Покистон (Ҷунбиши адолат) дар берун аз хонааш ҳадафи ҳамлаи ин афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Тибқи гузориши ин манобеъ, мардони мусаллаҳ аз ҷои ҳодиса фирор намуда ва то ба ҳол ҳеҷ гуруҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

siyosatmador 19052013Аммо Имронхон, раҳбари Ҷунбиши адолати Покистон, ки ҳизби ӯ дар интихоботи ҳафтаи гузаштаи парлумонӣ ба шакли ғайри қобили пешбинӣ орои мардумро ба даст овард, аҳзоби сиёсии рақибро масъули қатли Заҳро Шоҳид Ҳусайн донистааст. Ӯ Алтоф Ҳусайн, раҳбари Ҳаракати муттаҳидаи қавмиро, ки дар шаҳри Карочӣ аз нуфузи қавӣ бархӯрдор аст, масъули таҳдид ва ҳамлаҳо ба раҳбарон ва аъзои ҳизбаш хонд.

Аммо раҳбарони гуруҳи Ҳаракати муттаҳидаи қавмӣ субҳи якшанбе тайи як нишасти хабарӣ дар шаҳри Карочӣ, ин иддаои Имронхонро рад карданд. Қатли Заҳро Шоҳид Ҳусайн дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст имрӯз раъйдиҳии дубора дар баъзе ҳавзаҳои интихоботи шаҳри Карочӣ сурат бигирад. Хонум Заҳро Шоҳид Ҳусайн яке аз бунёдгузорони гуруҳи Ҷунбиши адолати Покистон будааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854