00:14:49 03-уми Июни 2025 сол

Даъвати Рамзия Мирзобекова барои "сӯҳбат" ба Кумитаи амният

Барандаи чандин ҷоизаи журналистӣ, муовини сардабири “Азия- Плюс” Рамзия Мирзобекова ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шудааст. Ба вакили ӯ гуфтаанд, ин даъват ба мақолаҳои ӯ рабте надошта, ба коре марбут аст, ки Рамзия дар шабакаи ҷаҳонии интернет анҷом додааст.

ramziya-mirzobekova 2013Худи Рамзия Мирзобекова низ бар ин аст, ки шояд узвияташ дар гурӯҳи нави фейсбукии «Эътилоф барои демкратия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» сабаби ин даъват шуда бошад. Ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир зиёда аз 500 узв дошта, хостори баргузории интихоботи озоду одилона дар  Тоҷикистон аст. Даҳҳо афроди саршинос, ба шумули сиёсатмадорон ва журналистон, узви ин эътилоф шудаанд.

Рамзия Мирзобекова шоми сешанбеи 28 май ба мо гуфт, муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нахуст рӯзи 28-уми май аз ӯ хостааст, барои "сӯҳбат" ба ин идора ояд. Аммо пас аз он ки Мирзобекова санади расмии чунин даъватро тақозо намуд, барояш “повестка” ё даъватнома расонда шуд.

Дар ин даъватнома омадааст, ки журналист рӯзи 29-уми май, соати 9 ба идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳозир шавад. Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, дар ҳолати сарпечии Рамзия Мирзобекова аз иҷрои ин талаб, барои ба ин идора ҳозир кардани ӯ аз зӯр истифода хоҳад шуд.

Рамзия Мирзобекова аз хабарнигори матраҳи тоҷик аст, ки дар гузашта бо мақомоти аршади як раёсати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон вориди баҳси додгоҳӣ шуд ва ғолиб омад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854