00:16:47 03-уми Июни 2025 сол

5,5 соли зиндон ба гумонбари асосии марги Ҳамза Икромзода

Гумонбари асосӣ дар марги маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рӯзи 29 май  корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ин ҳукми додгоҳ ҳам наздикони Ҳамза Икромзода ва ҳам хешовандони  собиқ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоиловро низ шадидан норозӣ гузошт. Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд, то ин ин парванда бознигарӣ шавад.

dodgoh-29052013Қозии мурофиа Рустам Мирзоев баъди анҷоми мурофиа бошитоб ба мошинаш нишаст ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Ин амр боиси норозигии хешовандони ҳам Икромзода ва ҳам Исмоилов шуд, ки ба тарафи мошини додрас чанд санг низ ҳаво доданд. Хешовандони Икромзода мегӯянд, ки додгоҳ мебоист афроди аслии дастдошта дар марги Ҳамза Икромзодаро пайдо мекард. Пайвандони Маҳмуд Исмоилов низ ба бегуноҳии ӯ исрор варзида мегӯянд, ки ӯро дар ин қазия як "гӯсфанди қурбонӣ" кардаанд.

Ин мурофиа дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе доир шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ  барои Маҳмуд Исмоилов – гумонбари асосӣ дар латукӯби Ҳамза Икромзода тибқи банди сеи моддаи 218 кодекси ҷиноӣ 8 соли  зиндон пурсида буд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки бо иттиҳоми дуздӣ ва авбошӣ дар масба ба сар мебурд, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Наздиконаш бо пахши силсилаи аксҳои ҷасади Икромзода мегӯянд, ки вай дар натиҷаи шиканҷа ва ҳатто сӯзондани танаш бо дарзмол фавтидааст.

Аммо дар моҳи ноябр додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад ба хулосае омада буд, Ҳамза Икромзода худро ба дор овехтааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854