12:36:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Президент Бозор Собирро дар Қасри Миллат пазироӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 май шоири саршиноси тоҷик Бозор Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур мепазирад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, «мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бозори Собир панҷшанбеи 30 май соати 10. 30 дадиқа дар Қасри Миллат сурат мегирад». Ба манзури пӯшиши ин мулоқот хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ даъват шудаанд.

bozor-sobir-29052013Бозори Собир, шоири шинохтаи тоҷик, шоми душанбеи 27 май ба Тоҷикистон баргашт. Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, баъди берун шуданаш аз фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ ҳар бор худаш меомад, вале ин бор бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргаштааст. Бозори Собир ҳамчунин гуфт, ки фикр мекунад, ин дафъа барои доим омадааст. Мақомот низ мегӯянд, шоир ин дафъа бо кумаки ҳукумат баргаштааст. Шоми 27 май ба истиқболи шоир мақомҳои баландпоя, аз ҷумла Муҳаммадсаид Пиров, раҳбари бахши фарҳанги дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанг ва Низом Қосим - вакили парлумони Тоҷикистон ба фурудгоҳ омаданд.

Ҳамин тавр, бори аввал гурӯҳҳои наворбардори телевизионҳои давлатӣ низ барои наворгирӣ аз бозгашти шоир дар фурудгоҳ қарор доштанд. Иттифоқоте ки дар сафарҳои қаблии шоир ба Душанбе мушоҳида нашудааст.

Бозори Собир аз соли 1994 дар Сиэтлли Амрико ба сар мебурд. Мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Амрико чанд моҳ боз талош доштанд шоири 74-солаи тоҷикро барои доим ба ватан баргардонанд.

Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.

Намояндагии Тоҷикистон дар СММ чанд моҳ боз бо Бозор Собир ва пайвандонаш дар Амрико шароити бозгашти ӯ ба Душанберо музокира мекард. Қаблан як идда аз шахсиятҳои саршинос аз мақомоти давлатии Тоҷикистон хоста буданд, ки ин шоири шинохтаро ба ҳар қимате ба ватан баргардонанд.

Аммо бозгашти Бозори Собир дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро бархе як қартаи дигари пешазинтихоботии ҳукумат низ маънидод мекунанд. Худи Бозор Собир шоми 27 май дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо хабарнигорон инро ба гунае эътироф ҳам кард ва гуфт, аз ҳизби зиёд дар Тоҷикистон зарар аст, то фоида ва ба назари ӯ, дар чунин шароит зиёиён бояд дар атрофи раисиҷумҳур муттаҳид шавад.  Бозор Собир гуфт, як сабаби пазируфтани даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашт ба ватан ҳамин буд. Вале афзуд, сабаби дигараш синни ӯст, ки ришаш ҳам сафед шудааст ва мурдан дар мусофират, ба гуфтаи шоир,  хеле гарон ҳа дар Амрико, барои мисол, то 10 000 доллар мехоҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi