22:04:37 14-уми Июни 2025 сол

Чархболи президенти Эрон ба садама дучор шуд

 

Расонаҳои эронӣ аз садамаи чархболи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар баландиҳои кӯҳи Албурз хабар доданд.

 

Бино ба навиштаи пойгоҳҳои иттилоърасонии ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод аз чорабинии ифтитоҳи тарҳи калонтарин нақб дар вилояти Мозандарон бармегашт. Аммо дар ҳамин роҳи бозгашт халабони чархбол ноҷурие дар парвоз эҳсос кард ва ногузир шуд тасмим бигирад ба замин нишинад.

 

Президент ва ҳамроҳони ӯ осеб надиданд ва баъди фурсате савори мошинҳо озими Теҳрон шуданд. Бино ба гуфтаи манбаъҳои хабарӣ чархбол то муддате, ки таъмир нашавад, дар ҷойи ҳодиса хоҳад монд. Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса иттилои аз бештар дода нашудааст.

 

Қарор аст 14 июн интихоботи президентии Эрон баргузор шавад ва моҳи август Маҳмуди Аҳмадинажод ваколатҳои худро қатъ мекнуад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854