21:42:57 14-уми Июни 2025 сол

Идомаи тазоҳуроти хушунатбор дар Истамбул

 Пулиси Истамбул ба муқобили тазоҳуркунандагон, ки рӯзи 1 июн дар майдони марказии Тақсим гирди ҳам омада буданд, аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода бурд.

Тибқи иттилои Associated Press аз тариқи пули Босфор ҳудудан 500 нафар ба самти майдони Тақсим ҳаракат карданд, вале ба муқовимати пулис рӯ ба рӯ гаштанд. Аммо хабаргузории RT, теъдоди одамон дар пули Босфорро бештар аз ҳазор нафар эълон кардааст. 

 Сабаби ин гирдиҳамоӣ эътироз алайҳи дарахтбуррӣ дар парки Ғозӣ воқеъ дар маркази Истамбул будааст. Мақомот аз боздошти 63 нафар ва захмӣ гаштани даҳҳо тани дигар хабар додаанд. Давлат гуфтааст, ки ин афрод хеле ба тундӣ сӯи майдон ҳаракат мекарданд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтиморляти бархӯрдҳои шадид садди роҳи вурудашон ба майдон шудаанд.

 Амали саркӯбгаронаи пулис хашми мардумро ба миён овардааст. Дар шаҳрҳои дигари Туркия, аз ҷумла дар Измин ва Анқара садҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанд. Тазоҳуркнандагон ҳамчунин мегӯянд, ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ роҳ ба сӯи худкомаг пеш гирифтааст. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854