08:38:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Журналист маҳдудияти интиқоли пулро омили фишор ба ҳукуматҳои вобаста медонад

Журналист маҳдудияти интиқоли пулро омили фишор ба ҳукуматҳои вобаста медонад.

Журналисти шинохтаи рус Анатолий Вассерман  бар ин назар аст, ки Русия  ирсоли пули муҳоҷирин ба хонаводаҳояшонро аз соддагии интиқол ба як раванди монеъадор табдил диҳад. Ин муассиртарин роҳи таъсир ҳам ба вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ мешавад ва ҳам  аз берун рафтани пул аз кишвар ҷилавгирӣ ба амал меояд.

Ба гуфтаи ӯ аз миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунӣ Русия замоне истифода мебарад, ки кишваре, ки он муҳоҷир аз он ҷост дар иртибот ба Маскав даст ба амале мезанад. Дар ғайри сурат қонунҳои танзими муҳоҷират коромад нестанд ва барои кишвар фоида низ намеоранд.

Берун рондани садҳо ва ҳатто ҳазорҳо муҳоҷир таъсири чандоне ба мамлакаташон надорад. “Вале мо роҳҳои дигар дорем ва яке аз он бастани роҳҳои интиқоли пулест, ки муҳоҷирон ба хонаҳояшон мефиристанд. Дуруст аст, ки мо ҳама роҳҳоро баста наметавонем ва дер ё зуд воситаҳои дигар пайдо мешаванд. Вале он зуд пайдо намешавад ва дар ин муддат на танҳо хонаводаи муҳоҷир, балки кишвар эҳсос мекунад, ки Русия барои он чӣ лозим будааст”, менависад Анатолий Вассерман дар сайти Однако.

Дар ҳар ҳолат зарба ба ҷайб ҳамеша дардовар аст ва на танҳо ба ҷайби садҳову ҳазорҳо муҳоҷир зарба бояд зад, балки имкониятҳои интиқоли маблағро бояд маҳдуд кард.

Он чӣ ба Тоҷикистон дахл дорад, ин кишвар ҳоло ҳам баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба худ наёмадааст. Пош хӯрдани иттифоқ на танҳо иштибоҳ буд, балки ҷиноят низ ба шумор мерафт ва ҳар қадар ки мо ба ин хато анҷом мебахшем, ҳамон андоза барои ҳамаи мо хуб мешавад.

Агар Русия Иттиҳодро дар атрофи худ муттаҳид кунад, ин ба ҳадде ба иқтисод таъсири мусбат мерасонад, ки ҳатто ҳамон Тоҷикистон дигар таҳаммули роҳбаронеро нахоҳад дошт, ки ҳоло ҳам тибқи категорияҳои ҷанги шаҳрвандӣ андешаронӣ доранд. Он вақт худи тоҷикон басо зуд бо онҳо ҳисобӣ мекунанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi