18:32:38 14-уми Июни 2025 сол

Даргирӣ дар атрофи фурудгоҳи Кобул

Даргирӣ миёни афроди мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятии афғон дар наздикиҳои фурудгоҳи байналмилалии Кобул поён ёфт.

terakt-v-kabul-062013Генерал Довуд Амин, муовини фармондеҳии амнияти Кобул дар суҳбат ба мо гуфт, ки ҳамаи ҳамлакунандагон, ки дар як бинои нимавайрон дар наздикиии фурудгоҳ пинҳон шуда буданд, кушта шудаанд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки бомдоди рӯзи душанбе шӯришиён ба фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳамла карданд. Фурудгоҳи Кобул яке аз марказҳои фармондеҳии нерӯҳои НАТО низ мебошад.

Ба гуфта сухангӯи фармондеҳи амнияти Кобул Ҳашматуллоҳ Станакзай, шӯришиён қабл аз тулуъи офтоб як ҳамлаи интиҳориро анҷом доданд ва ба дунболи он садои таркишҳо ва тирандозӣ ба гӯш расид. Садои таркиш ва тирандозӣ то як соат шунида мешуд. Баландгӯҳо дар сафорати Амрико занги хатаррор ба садо дароварданд ва дар ин баландгӯҳо гуфта мешуд, ки ин занги хатар як озмоиш нест.

Аз ин қабл, Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки то ҳоло се тан аз ҳамлаваронро куштанд ва се ё чаҳор тани дигарашон муқовимат мекунанд. Оқои Сиддиқӣ ҳамчунон гуфт, ки ба нерӯҳои амниятӣ то ҳоло талафот ворид нашуда ва аз талафоти афроди ғайринизомӣ низ маълумоте дар даст нест.

Тамоми парвозҳо ҳамакнун аз фурудгоҳи байналмилалии Кобул лағв шудаанд. Дар ҳамин ҳол Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтаааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854