18:43:37 14-уми Июни 2025 сол

Ифтитоҳи китобхонаи шахсии профессор Мусалмониён дар Китобхонаи миллӣ

Китобхонаи шахсии олими шинохта, адабиётшиноси маъруф, профессор Раҳими Мусалмониён дар китобхонаи Милии Тоҷикистон кушода шуд.

1.musulmoniyon 1Носирҷон Салимзода, Директори китобхонаи миллӣ дар расми ифтитоҳи он, ки субҳи имрӯз бо ширкати ҷамъе аз ҳамкорон аз зумраи олимони шинохтаи кишвар ва шогирдони ин олими пуркор доир шуд, хабар дод, ки алҳол ҳудудан 4 ҳазор китоб аз бойгонии олим бо кӯмаки пайвандон, шогирдон ва бастагони эшон  ба китобхона оварда шудааст. Раҳими Мусалмониён муддати мадиде дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зистааст ва теъдоде аз кутуби ҷамъовардаи ӯ баъди бозгашташ ба Ватан дар он кишвар мондааст. Носирҷон Салимзода афзуд, ки китобхона ҳар талоши мумкинро анҷом хоҳад дод, то он китобҳо низ оварда шаванд.

Китобхонаи Раҳими Мусалмониён дар толори Рисолаҳои илмии Китобхона ҷойгир шудааст ва  аз ҳамин лаҳзаҳо мавриди баҳрабардории аҳли илму адаб ва пажуҳиш қарор мегирад. 

2.musulmoniyon 2Дар маросими ифтитоҳи китобхона профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Баҳриддин Камолиддинов, адиб ва журналисти майруфи кишвар Бахтиёр Муртазоев, олим ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб суханронӣ намуданд ва ҳар кадом дар бораи хизматҳои шоистаи профессор Мусалмониён, пажуҳишҳои илмӣ, китобҳо, рисолаҳо, ҷойгоҳи ӯ дар илми адабиётшиносӣ ибрози назар карданд ва  аз ибтикори Китобхонаи миллиро дар мавриди гирдоварии дастхатҳо, китобҳои интишордодаи олим ва китоҳои китобхонаи шахсии ӯ ситоиш намуданд.

Раҳими Мусалмониён аз ҷумлаи пуркортарин мунаққидон ва адабиётшиносони кишвар буда, солҳои 90-и асри гузашта дар раъси ҳаракатҳои озодихохӣ ва талошҳои демократӣ қарор дошт. Аз соли 1993 то соли 2006 дар Ҷумҳурии исломии Эрон буд ва муддате пас аз бозгашт ба Ватан гирифтори маризии фаромӯшхотирӣ шуд, ки то ба ин шабу рӯз идома дорад. Ба ҳадде, ки дар маросими ифтитоҳи китобхона на танҳо ӯ, балки касе аз пайвандонаш ширкат надоштанд.

«Рӯзгор» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854