03:08:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Э.Раҳмон: "Сафари ман ба Суғд корист, на интихоботӣ"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни сафари худ ба вилояти Суғд гуфтааст, ки ин сафари корӣ аст ва рабте ба интихоботи президентии моҳи ноябр надорад.

rahmonov 20062013Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 20 июн дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бо фаъолони ин вилоят дидору мулоқот анҷом дод ва вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол, ба хусус дар чанд соли ахирро ба баррасӣ гирифт. Баъди суханронии раисиҷумҳур, Баҳриддин Аҳмадов, собиқалдор, шаҳрванди фахрии Хуҷанд ва фарде, ки соли 1992 раиси дастгоҳи вилояти Суғдро бар душ дошт, изҳор кард, ки "мо дар арафаи интихоботи президентӣ қарор дорем ва мо шуморо ҳатман дастгирӣ мекунем".

Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар посух гуфтааст, "сафари ман ба вилояти Суғд боздиди корӣ аст ва ба интихобот бастагӣ надорад." Як хонуми собиқадори дигар аз ноҳияи Мастчоҳ, бо номи Ёқубова, ки ҳоло раёсати Шурои ветаранҳои ин ноҳияро бар душ доштааст, аз корномаҳои президенти Тоҷикистон тамҷид карда ва умедворӣ намудааст, ки "доимо раҳбари мо бошед!"

Хабарнигори мо мегӯяд. ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар канори вазъи иқтисодӣ ва иҷтимомии кишвар аз равандҳои номатлуб дар ҷомеа, ба хусус ҷинояткорӣ ва гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон аз 18 июн бо сафаре дар вилояти Суғд қарор дорад.

Оқои Раҳмон аз поёни соли 1992, инак 21 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Дар пешорӯи интихоботи имсола чанд гурӯҳи мухолифин аз ӯ хостаанд, ки ба хотири таъмини як интихоботи озоду демократӣ номзадии худро нагузорад. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳанӯз соли гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи ноябри соли 2013 боз ҳам номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ хоҳад кард. Аммо худи ӯ дар моҳи апрел дар Брюссел гуфта буд, ки ҳанӯз дар мавриди ширкаташ дар интихоботи имсола тасмим нагирифтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi