00:35:58 23-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Шаҳрдор раиси «Шоҳмансур»-ро барои танзим накардани нархҳо дар Рамазон барканор кард

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар  ҷаласаи шаҳрдорӣ директори бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт Ассомуддин Ризоевро аз вазифа барканор кард.

 Гуфта мешавад, сабаби аз вазифа барканор шудани  мудири яке аз бозорҳои калонтарини истеъмолии пойтахт риоя нашудани меъёри нархҳои муқарраргашта ба маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Рамазон рабт дорад.

Шаҳрдорӣ ҳамчунин дастур додааст, ки дар мавриди аз ҷониби тоҷирону фурӯшандаҳо риоя накардани нархҳои муқаррагаштаи маҳсулоти истеъмолӣ, онҳо аз истифодаи нуқтаҳои савдо дар бозорҳои пойтахт маҳрум мешаванд.

Илова бар ин, ба ниҳодҳои марбут супориш дода шуд, ки дар мавриди дар моҳи Рамазон таъмин намудани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо гӯшти хушсифат ба соҳибкорон аз ҳисоби буҷаи шаҳр қарзҳои бефоиз ҷудо карда шавад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi