13:24:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таронасарои ваҳдат

Вохӯрие, ки дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ шоира Меҳринисо дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии кишвар бо намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, роҳбарони макотиби таҳсилоти умумӣ, адибону рӯзноманигорон ва мухлисони шеъру тарона баргузор намуд, дар доираи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти ин кохи маърифат ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ ороста шуд.

shoira-745455454.jpgДар ин ҳамоиш Меҳринисо Бобобекова, ин шоираи ватангаро ва ваҳдатсаро андешаҳои ҷолиб ва беҳтарин намунаҳои ашъори хешро дар мавзуъҳои мазкур ба ҳозирин пешкаш кард. Санъаткорони машҳури кишвар Мастона Эргашева, Қурбоналӣ Раҳмонов, Ортиқи Қодир, Аҳмадҷон Муҳаммадиев, Сабоҳат Наҷмиддинова, Ҳотами Равшан, Хуршед Иброҳимов ва дигарон базми шеъру таронаро бо ҳунари волои хеш шукуҳ бахшиданд. Ифтихори ватандорӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу салоҳ ва дӯстии мардумони диёр, воқеан ҳам, дар эҷодиёти шоира Меҳринисо аз мавзӯъҳои марказӣ маҳсуб меёбанд. Маҳфили хотирмони онрӯза ин андешаро собит намуд.

"Фирӯза"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi