01:54:47 03-уми Июни 2025 сол

ИСТЕЪФОИ КОБИНАИ ҚИРҒИЗИСТОН

Ҳайъати ҳукумати Қирғизистон дар чорчӯби ислоҳоте идорӣ, ки Президент Қурмонбек Боқиев мубтакири он аст, ба истеъфо рафт.

 

Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон рӯзи сешанбеи 20 октябр дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайъати давлати ин кишвар пас аз суханронии Президент Боқиев дархости истеъфо дод. Пас аз ӯ соири вузаро ва мансабдорони баландпоя дархости истеъфо доданд. Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев, истеъфои ҳайъати ҳукуматро пазируфта ва мавзӯъи номзад ба мақоми нахуствазирро дар шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими “Оқ жол” ё “Роҳи сафед” баррасӣ кардааст.

 

Сипас, ин номзад барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумони Қирғизистон пешниҳод хоҳад шуд. Зимнан, тибқи иттилоъи расонаҳои Қирғизистон, ду сеюми намояндагони порлумонро аъзои ҳизби “Оқ жол” ташкил медиҳанд. Президент Боқиев истеъфои ҳукуматро ба ислоҳоти идорӣ, талош барои аз байн бурдани бархе аз сохторҳои давлатӣ ва коҳиши теъдоди масъулони давлатӣ марбут хондааст.

 

Ҳамчунин, интизор меравад вазорати хориҷа аз сохтори ҳукумат ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ мунтақил шавад. Аммо мухолифони давлати Қирғизистон ин иқдоми оқои Боқиевро талоше барои таҳкими ҳокимият ё қудрати раёсати ҷумҳурӣ арзёбӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик истеъфои ҳукумати Қирғизистонро як амри маъмулӣ хонданд, ки аз қабл интизораш мерафт.

 

Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик, бар асоси таҷрубаи ҷаҳонӣ пас аз интихоботи ҷадид раиси ҷумҳурӣ ҳукумати қаблиро "ба истеъфо равона мекунад."

 

Оқои Ҳакимов гуфт, ки Қурбонбек Боқиев низ баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон дар моҳи июли соли ҷорӣ хостори ислоҳи сохторҳои давлатӣ шуда ва эълом дошта буд, ки маболиғи ба ин ҳисоб сарфаҷӯйишуда барои бароварда сохтани ниёзҳои бахши иҷтимоъӣ масраф хоҳад шуд.

 

Ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа, Қирғизистон даргири буҳрони молӣ ва мушкилоти фаровони иқтисодӣ шуда ва лозим буд мақоме барои ин вазъ посух гӯяд. Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд, ки аз назари зеҳнияту равонӣ бо истеъфои ҳукумат барои мардум чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки ҳукумати Қирғизистон натавонистааст дар баробари мушкилоти иқсодӣ иқдомоти лозимро анҷом диҳад.

 

Аз сӯйи дигар, аз назари Қосими Бекмуҳаммад ҳадафи аслӣ аз тасмими Президент Боқиев ба маҳдудтар кардани дастгоҳи мудириятӣ аз назари теъдод таҳкими қудрати раёсати ҷумҳурӣ будааст. Гуфта мешавад дар даврони раёсати ҷумҳурии Қурбонбек Боқиев дар муқоиса бо даврони раёсати ҷумҳурии Аскар Оқоев қудрати раёсати ҷумҳурӣ бамаротиб тақвият ёфта ва ин кишвар ба сӯйи тамаркузи бештари қудрат, чун ҳамсоягонаш, пеш меравад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854