18:02:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Афғонистон: бозгашти Толибон ва сарнавишти номуайяни минтақа

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Сухан ин бор аз Афғонистон аст. Афғонистони ҳамоно ғарқоби хун, Афғонистони гирифтори фитнаи хориҷиён, Афғонистоне, ки ноамнии ҳамешагиро аз гузаштаи худ ба мерос гирифтааст. Ин кишвар хуруҷи таҷовузгарони инглису амрикоиву шӯравиро дида буд ва ҳоло боз ҳам дар остонаи як хуруҷи дигар қарор доранд.

hakimullah 45789889Ва боз ҳам ҳамон инглису амрикоӣ, ки замоне тавтеаҳояшон муҷиби шикасти шармандаворашон шуда буд, ногузиранд қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Оре, ногузиранд, зеро наметавонанд боқӣ бимонанд, наметавонанд бо талафоти гарони ҷониву молӣ ва зери фишори ҷомеаи шаҳрвандии хеш, боз ҳам ба ҳузури худ идома диҳанд. Аммо онҳо ҳарчанд мегӯянд аз Афғонистон мераванд, вале дар асл, ҳадаф доранд ҳузури худро дар минтақа тақвият бахшанд.

Дар ҳоле, ки Вашингтон мушкилоти ҳалношуда бо Эрону Сурия дорад, дар ҳоле, ки стратегҳои он тарҳи бесуботгардонии Чину Русияро кашидаанд ва он шояд бо гузашти як ё ду даҳсолаи дигар амалӣ гардад, имрӯз на Барак Обама ва на каси дигар ёрои онро надорад, артишу хадамоти ҷосусии худро аз минтақа куллан берун созад. Ва мушкили Афғонистон низ он аст, ки муддати тӯлонӣ чун минтақаи таҳти нуфуз ба хотири амалисозии тарҳи боқӣ мондан дар минтақа бояд зери назорати ин қудратҳо бошад.

Бигзор боз ҳам Толибони ҷангҷӯву моҷарохоҳ бо ҳамон мафкураи асримиёнагии худ ба қудрати Афғонистон баргарданд. Вале аҷнабиён ҳамоно талош доранд бо онҳо забон ёбанд. Ба ивази қудрати сиёсӣ ва ё шарокат дар идораи Афғонистон барои худ заминаҳои суботро муҳайё созанд. Вале ин на ба маънои рушди Афғонистон ва пойдории сулҳу субот дар ин кишвар аст. Ин танҳо мусоидат ба амалишавии тарҳҳои стратегии худи онҳост. Ва он ки ҷангҳои қабилавӣ идома мекунанд ё на, масъулияти онҳо нест.

Аммо дида мешавад, ки дар пасманзараи хуруҷи нерӯҳои ба истилоҳ эътилофи зиддитеррористӣ аз Афғонистон марҳилаи дигари бесуботгардони вазъи амниятӣ дар минтақа шурӯъ мешавад. Хуруҷ аз Афғонистон ҳоло ба он маъно нест, ки ба минтақа суботи сиёсиву амниятӣ ҳоким гардад. Акнун бо нигаронӣ кишварҳои минтақаро лозим меояд, ки худро ба як ноамнии эҳтимолӣ омода созанд.

Шояд се ё чор моҳ қабл буд, ки расонаҳои хабарӣ аз таҷаммӯъи неруҳои пархошгар дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дода буданд. Минтақае, ки ба тозагӣ як бӯҳрони нобоварӣ миёни мардум ва ҳокимиятро пушти сар мегузошт, бори дигар ба чолиш кашида мешавад. Дар хабарҳо ҳатто гуфта мешуд, ки миёни ҷангиён тоҷикон низ ҳастанд. Тибқи ҳамин хабар мардони мусаллаҳ гуногунмиллатанд: қирғизҳо, тоҷикҳо, узбакҳо ва ҳатто доғистониёну чеченҳо. Пас ҳадаф ҳамон ноамнсозии минтақа ва қабл аз ҳама Тоҷикистон аст. 

"Худатон роҳашро ёбед, бачаҳо ..."

taliban-54788989Владимир Жарихин, як сиёсатшинос ва таҳлилгари рус ва ҷонишини директори Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ ахиран дар мақолае таҳлиле, ки таҳти унвони "Вазъ дар Осиёи Марказӣ дар оянда низ муташанниҷ боқӣ хоҳад монд" интишор дод, аз як конфронси Олмон ҳикоят мекард, ки дурнамои ҳузур ва хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Ба навиштаи муаллиф мавзӯъи меҳварии нишаст "Осиёи Марказӣ баъди соли 2014" будааст.

Дар доираи он нишаст бо намояндагони Конгресси ИМА, Департаменти давлатӣ ва шӯрои амнияти миллии ин кишвар мулоқот баргузор шудааст. "Намояндагони Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон савол доданд: агар бесуботие, ки яқинан баъди хуруҷи шумо омаданист, ба кишварҳои мо гузарад, оё шумо метавонед кӯмак кунед? Намояндагони маъмурияти ИМА посух доданд, ки "на". Ва маънои суханонашон ин буд: "Худатон роҳаша ёбед, бачаҳо".  Вале гуфтанд: "Мо нерӯҳои худро хориҷ мекунем, аммо бурун намеравем".  

Мантиқ низ ба ҳамин далолат мекунад. Хориҷиён билохира аз Афғонистон берун мераванд, чун мебинанд, ки боқӣ мондан дар як кишвари харобаву ҷангзада ба манфитати онҳо нест. Вале нуктаи муҳим он аст, ки на амрикоиҳо ва на инглисҳову олмониҳо минтақаро тарк нахоҳанд кард. Онҳо на барои он омаданд, ки ба Вашингтон баргарданд. Балки ҳадаф боқӣ мондан ва ба забти қаламрави кишварҳо идома додан аст. Шояд дуруст ҳадс зада мешавад, ки ҳоло барояшон муҳим ҳам нест, ки Тоҷикистон ё Узбакистону Қирғизистон молашон бошад.

Муҳим он аст, ки бо ду қудрати ҷаҳонӣ: Русия ва Чин наздик бошанд. Ин як стратегияи тарҳрезишуда, ки бунёди тадриҷии пойгоҳҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба ҳадафи зери назорат доштани Москаву Пекин аст. Вашингтон дар дурнамои сиёсатҳои худ шикастани Чинро тарҳрезӣ кардааст, чун медонад, ки рушди аждаҳои хуфта ба манфиати султахоҳиҳои амрикоӣ нест. Вале ин боқӣ мондан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо хатари амниятист.

Рӯйдодҳои кишварҳои арабӣ нишон доданд, ки барои сиёсатҳои амрикоӣ дӯсти ҳамешагӣ вуҷуд надорад. Онҳо метавонанд бо кишварҳо ба хотири манфиатҳои худ дӯст бошанд. Вале режимҳоро метавонанд осон бифрӯшанд ва тағйир диҳанд. Мисоли ин сарнавишти Ҳуснӣ Муборак ва баъдан Муҳаммад Мурсӣ дар Миср аст.  То ба имрӯз аз касе пӯшида нест, ки шояд миёни давлатҳои арабии минтақа худфурӯхтатар аз Муборак барои Амрико кас набуд, вале чун мардум ба по хест, аз баҳраш гузашт ва ҳатто нерӯеро, ки замоне террористаш унвон карда буд, ба дӯстӣ пазируфт.

Мубораку Мурсӣ ва бин Аливу Каримов

Бо гузашти каме бештар аз як сол боз ҳам дар қиболи Миср дидгоҳҳояш тағйир хурданд. Вашингтоне, ки замоне пирӯзии инқилоби Мисрро шодбош мегуфт ва таҳаммулпазирона аз сари қудрат омадани "Бародарони мусалмон" истиқбол мекард, табаддулоти ҳарбиёнро низ таҳаммул кард. Ҳатто ҷуръати он надошт ё нахост онро ҳамчун табаддулот ба қалам диҳад.

Дар натиҷа Муҳаммад Мурсӣ, президенти қонунан интихобшуда ва эътирофгардида дар ҷомеаи башарӣ бо садҳо ҷонибдоронаш ҳоло дар банди зиндонанд, вале Амрикои демократӣ ҳарфе зидди низоми ҳарбии Миср надорад. Бо андеша дар сарнавишти бин Алӣ ва Ҳуснӣ Мубораку Муҳаммад Мурсӣ ин суолро ҳам дар миён гузоштан айни муддаост: Магар барои Амрико Ислом Каримов ё Эмомалӣ Раҳмон дӯсти абад хоҳад буд?

Ин дар ҳолест, ки ахирӣ ҳоло ҳам тамоили русгароии худро пинҳон намекунад ва бархилофи ҳамтои узбакаш Амрикоро ҳамоно дар фосила нигоҳ медорад. Сиёсати на дӯстии наздик ва на эҳсоси душманиро пеш гирифтааст, ки аксари сиёсатмадорон онро дурандешона ва қобили мулоҳиза хонадаанд. Вале коре, ки Ислом Каримов мекунад, дигар аст. Русситезии диктатори Тошканд борҳо сиёсатҳои амрикоиро мунҷар ба тағйир кардааст.

Гоҳе миёни Вашингтону Тошканд ситези сиёсӣ ба мушоҳида расидааст ва гоҳи дигар дӯстие, ки оқибати он пешгӯӣ намешавад. Магар намерасад рӯзе, ки ба муҷарради бурузи як ноамнӣ боз ҳамин Амрико чун Ҳуснӣ Мубораки мисриву бин Алии тунисӣ Ислом Каримовро низ қурбонии сиёсат кунад? Агар гузаштаи ин ду ҳокими худкомаи арабӣ дар мадди назар гирифта шавад, пас ин яқин аст.

Ва таҳлилгар Жарихин дар хотимаи таҳлили худ менавишт: "Магар ин афғоникунонии тамоми Осиёи Марказӣ нахоҳад буд? Он ҳолате пеш нахоҳад омад, ки дар байни пойгоҳи низомии амрикоӣ фармондеҳони саҳроӣ гаштугузор кунанд ва ҳукуматодорони Осиёи Марказӣ низ чун ҳукумати Карзай 20 км дуртар аз пойтахтро назорат карда натавонанд? Ин он чизест, ки роҳбарони Осиёи Марказӣ намехоҳанд бубинанд".



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi