21:04:18 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Лола Каримова: «Дар зарфи 12 соли ахир бо Гулнора дидор накардаам»

Духтари кӯчаки Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, барои аввалин бор асрори хонаводаи раиси ҷумҳуриро ошкор кард. Хонуми Каримова-Тиллоева дар миёни расонаҳои ғарбӣ барои бори нахуст бо бахши узбакии Би-би-сӣ суҳбат кард ва гуфт, ки дар зарфи 12 соли ахир бо Гулнора, хоҳари бузургаш, ногап (қаҳрӣ) аст.

lola-karimova-4563Ҳамчунин, ӯ аз сиёсатҳои зидду нақизи давлати таҳти раҳбарии падараш худро канор гирифтааст. Лола Каримова-Тиллоева аз гуфтугӯйи мустақим бо Би-би-сӣ худдорӣ кард ва барои суҳбати катбӣ ризоят дод. Ба ин далел имкони додани суоли изофӣ ва ташреҳи бархе нукот ғайримумкин шуд. Зимнан, барои Би-би-сӣ чунин тарзи суҳбат низ нодир буд ва пас аз машварати тӯлонӣ бо сардабирон тасмим гирифтем ин мусоҳибаро мунташир кунем:

-Чаро аз "Rue89" ба додгоҳ шикоят бурдед? Ҳадафи Шумо чи буд ва ин амали худро дуруст меҳисобед?

-Ба андешаи ман, ин мақолаи туҳматангез дар нашрияи фаронсавии "Rue89" пас аз оғози тадбири хайрия барои ҷамъоварии маблағ барои бунёди бемористони олжеймер дар назики шаҳри Нитса чоп шуд. Сандуқи Клод Помпиду мубтакири ин тадбир буд.

Раёсати ин сандуқро Барнадетт Широк, хонуми Жок Широк, раиси ҷумҳури вақти Фаронса, ки дар ин кишвар сазовори эҳтироми зиёд аст, ба уҳда дорад. Қабл аз оғози ин тадбир хонуми Широк ба ман гуфт, ки то ҳол барои иҷрои ин тарҳ ҳомӣ ё сармоягузореро ҷустуҷӯ мекунад. Ба ӯ гуфтам, ки аз ин иқдом пуштибонӣ мекунам ва тасмим гирифтам дар чорчӯби ин тадбири хайрия намоиши ҳунармандони узбак ва консерти ҳунарпешаҳоро баргузор кунам.

Бояд таъкид кунам, ки ширкаткунандагон ба хотири эҳтиром ба хонуми Широк ва пуштибонӣ аз тарҳи бунёди бемористони марази олжеймер дар ин тадбири хайрия гирдиҳам омада буданд. Аз ин лиҳоз, сару садоҳое, ки гӯё ман барои ширкати дусоъатаи Моника Белучи дар ин тадбир маблағи ҳангуфте пардохт кардаам, сухани пуче беш нест.

Ман вазъияти феълӣ ва азобу азияти бештари хонаводаҳо барои пайдо кардани маблағ барои таъмини ниёзҳои хонаводаашонро хуб медонам ва ба ин далел, чунин иддаъо бароям ҳақорат маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, аз ин нашрияи фаронсавӣ ба додгоҳ шикоят бурдам.

Аммо ба ҳангоми баррасӣ дар додгоҳ таваҷҷуҳи расонаҳо ба он мутамаркиз шуд, ки гӯё ман ба хотири истифода аз вожаи "диктотур" дар қиболи падарам нашрияи "Rue89"-ро ба додгоҳ кашидаам.

Ман дарк мекунам, ки ин вожаи сиёсӣ буда ва расонаҳои хабарӣ ҳақ доранд дар ин замина ибрози назар кунанд. Вале дар матбӯъот аз ман ба унвони "духтари диктотур" ном бурдан бароям дарднок аст. Бояд ба ҳар нафар бар асоси фазилатҳояш, амалҳояш, нигоҳаш ва иқдомҳояш баҳо дод. Аз ин лиҳоз, шикояти худ аз ин нашрияро дуруст меҳисобам. Яъне, ба ҳайси як фард дар баробари буҳтонҳои матбӯъотӣ аз худ дифоъ кардам.

-Чаро дар ҷараёни ҷаласоти додгоҳ хомӯшӣ ихтиёр карда ва ҳоло дар ин бора суҳбат мекунед?

-Он замон дар батнам тифли 8-моҳа доштам ва саломатии худу кӯдакам бароям бештар муҳим буд. Ман моҷароҳоро дӯст надорам ва фикр намекардам ба моҷарои додгоҳ кашида мешавам.

Аз сӯйи дигар, вакили мудофеъи ман додгоҳ ва матбӯъотро аз назароти ман мутталеъ сохт, аммо он замон назари ман барои касе ҷолиб набуд ва касе хоҳиши шунидан низ надошт. Умдатан одамон сухани хостаашонро шунидан мехоҳанд. Медонистам ягон вақт ба ҳарфҳои ман гӯш медиҳанд ва хеле мамнунам, ки дар посух ба суоли Шумо имкони ташреҳи вазъият бароям даст дод.

-Шумо диплумот, сафири Узбакистон дар ЮНЕСКО ҳастед. Дурнамои ҳайсияти сиёсии Шумо чи гуна хоҳад буд?

-Мавзӯъи хонаводаи руасои ҷумҳурии кишварҳои шӯравии пешин дар матбӯъот хабарсоз аст. Хуб медонам, ки сиёсат кори печида ва бомасъулияте буда ва инсон бояд зиндагиашро барои сиёсат қурбон кунад. Ҳоло худро сиёсатмадор тасаввур намекунам. Барои ман имрӯз шавҳарам ва фарзандонам дар қадами аввал ҳастанд.

-Дар бораи хонаводаатон суҳбат кунед.

-Шавҳарам Тимур Тиллоев буда ва мо 3 фарзанд дорем: ду духтар ва як писар. Шукри Худованд, ки шавҳарам дар куллияи мушкилоту гирудорҳо дар паҳлӯи ман аст. Умедворам, бо Тимур масъулияти падару модариро хуб анҷом медиҳем.

lola-karimova-oila-1212

Марям, духтари бузургам ба балоғат расидаааст. Писарам Умар 7 сол дорад, духтари кӯчакам Сафия ба синни 2-солагӣ расидааст. Вазифаи мо, падару модар, тарбияти хубу ба роҳи рост раҳнамун сохтани фарзандон аст.

-Имрӯз дар дохил ва хориҷи Узбакистон мавзӯъи вориси эҳтимолии падаратон зиёд баррасӣ мешавад. Шумо киро номзади нерӯманд медонед?

-Ман дар ин замина сухани тозае гуфта наметавонам. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Узбакистон дар соли 2015 баргузор шуда ва дар бораи вориси эҳтимолӣ сухан гуфтан бармаҳал аст. Ворис дар ҷараёни ин интихобот маълум хоҳад шуд.

-Имконоти Гулнора, хоҳарбузургатон, барои касби курсии раиси ҷумҳурӣ чи гуна аст?

-Ба назарам имконоти зиёде надорад.

-Равобити Шумо бо Гулнора чи гуна аст? Дар зиндагӣ ё тиҷорат миёни шумо рақобате вуҷуд дорад?

-Равобите надорем. Дар зарфи 12 соли ахир бо Гулнора дидор накардаам. Инро аз касе пинҳон намедорам ва бештари афрод аз ин ҳодиса хабар доранд. Ҳатто дар маросимҳои хонаводагӣ низ бо ҳам дидор намекунем.

-Чаро?

-Мо ҳарду комилан бо ҳам тафовут дорем. Барои равобити худ бояд хулқу атвор ё нигоҳҳо бояд ба ҳам наздик бошанд. Аммо аз ибтидо миёни мо чунин қаробат набуд. Дар овони кӯдакӣ низ.

-Назари Шумо ба хабарҳо дар бораи қазияҳои манфии Гулнора, бахусус, қазияи марбут ба ширкати "ТелиаСонера" чи гуна аст? Падаратон, раиси ҷумҳурии Узбакистон, аз ин қазия огоҳ аст?

-Дар бораи ин қазия аз расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Би-би-сӣ, иттилоъ гирифтам. Дар бораи вокиниши падарам ба ин қазия низ хабаре надорам. Зеро дар хориҷи Узбакистон ба сар бурда ва дар як сол танҳо 2-3 маротиба ба ватан меравам. Ба ҳангоми дидор бо падарам масоили сиёсиро баррасӣ намекунем.

-Чанде қабл дар бораи вазъи бади саломатии падаратон саду садоҳое пайдо шуд. Воқеъан саломатии падаратонро чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Хабарҳое, ки дар зарфи 10 соли ахир дар бораи падари ман дар матбӯъот пайдо шудааст, бепоя буда ва воқеъият надорад. Падарам 75 сол дорад, варзиш мекунад ва саломатиаш хуб аст.

-Фаъъолиятҳои хайрияатон ба ибтикори Шумо буд ё давлат?

-Ҳанӯз дар замони шогирди мактаб буданам ба Хонаи кӯдакон ва кӯдакони маълул кумак мекардам. Дар зарфи 11 соли ахир аввал дар созмони хайрияи "Ту танҳо нестӣ" фаъъолият кардам. Ин созмони ғайридавлатӣ дар соли 2002 таъсис ёфта ва ба кӯдакони ятим барои пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҷомеъа кумак мекард.

Дар соли 2004 Маркази иҷтимоъӣ барои кӯдакони маълул, бахусус кӯдакони фалаҷу дорои нотавониҳои зеҳнӣ, ифтитоҳ шуда, дар ин ҷо куллияи хадамот ройгон буд. Дар канори кумаки пизишкӣ ва равонӣ ба кӯдакон дар бахши омӯзиш мусоъидат мешуд.

-Шумо аз падаратон зуд-зуд кумак мехоҳед?

-На, ман ҳеч гоҳ барои худ кумаке нахостаам. Танҳо барои иҷозаи фаъъолияти сандуқи кӯдакон ба падарам муроҷиъа кардам. Зеро дар ибтидо мавонеъи маснӯъӣ зиёд буд. Муҳим он аст, ки Хонаҳои хайрияи "Мурувват" ва "Меҳрубонӣ" ифтитоҳ шуданд ва дар зарфи 10 соли охир фаъъолият мекунанд. Фаъъолият дар ин бахш дар зиндагии ман гардиши ҷиддӣ буд ва кор бо кӯдакони ятиму осебпазир ба вазифаи ҳаётии ман мубаддал шуд.

-Барои фаъъолияти хайрия сармояро аз куҷо пайдо мекунед?

-Аз маболиғи худам истифода мекунам. Ҳомӣ ё сармоягузоронро барои ин бахш ҷалб мекунам. Ба унвони як фарди муъмин бахше аз сармояамро ба унвони закот ба афроди ниёзманд тавзеъ мекунам.

-Дар ҳоле ки Шумо аз вазъи кӯдакон ибрози нигаронӣ мекунед, аммо назаратон дар бораи истифода аз нерӯи кӯдакон дар мазореъи панбаи Узбакистон чи аст?

-Ман ба ҳар гуна кори иҷборӣ, бахусус ба истифода аз нерӯи кӯдакон дар парвариш ва ҷамъоварии панба, мухолиф ҳастам. Модари се фарзандам ва медонам, ки овони кӯдакӣ барои онҳо чи қадар муҳим аст. Дар кишвари мо чунин вазъият вуҷуд дошта бошад, хеле таассуфовар аст.

Вале нерӯ ё таъсири ман барои ислоҳи ин вазъ кофӣ нест. Ба унвони модар мехоҳам кӯдакон таълим бигиранд, китоб хонанд. Дар ин сурат онҳо ҳамчун узви муносиби ҷомеъа тарбият ёфта ва ба кишвар хидмати зиёд мекунанд.

-Дар бораи шавҳар?

-Шавҳари ман соҳибкор буда ва ҳеч гоҳе дар ҳаёти сиёсии Узбакистон ширкат накардааст. Ҳамчунин, ӯ дар музоядаҳои (тендер) давлати Узбакистон ва таъминоти давлатӣ мушорикат надоштааст.

-Шумо гуфтед, ки ба Худо эътиқод доред. Аммо мунтақидон падари шуморо дар саркӯби мазҳабиҳо бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва назорати сахтгиронаи сокинони кишвар муттаҳам кардаанд. Ба назари Шумо, бунёдгароии исломӣ барои Узбакистон ё Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ маҳсуб мешавад?

-Бидуни шак, дар Осиёи Марказӣ ва манотиқи атрофи он гурӯҳҳои бунёдгаро вуҷуд доранд. Аммо дар 10 соли ахир нерӯҳои ҷиҳодӣ саркӯб шуда ё заъиф гардидаанд. Қаробати Осиёи Мароказӣ ба Афғонистон, хуб муроқибат нашудани марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, мумкин аст дар оянда барои амнияти кишварҳои минтақа хатар эҷод кунад.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро гурӯҳҳои мураккаб аз атбоъи ин кишварҳо, ки дар Афғонистону Покистон омӯзиши низомӣ дидаанд, шадидан нигарон кардааст. Хуруҷи нерӯҳои Омрико ва НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда низ мумкин аст дар вазъи амниятии кишварҳои минтақа асар гузорад.

Аммо бояд таъкид кард, ки Ислом бахши ҷудоинопазири мардуми узбак буда, узбакҳо ҳамеша ҷонибдори исломи муътадиланд ва бо намояндагони адёни дигар таҳаммулпазир ҳастанд. Ба андешаи ман, фақру бекорӣ мунҷар ба бурузи ифротгароӣ дар ҷомеъа шудааст. Ин ду омил боъиси норизоятии мардум шудааст. Мушкили бунёдгароиро аз тариқи зӯр ҳал кардан мумкин нест.

Бояд давлатҳои минтақа барои ҳалли мушкилоти иҷтимоъӣ дар минтақаҳо, бахусус дар водии Фарғона, ки барои пайдоиши нишонаҳои ифротгароӣ заминасозӣ мекунанд, бо сокинони ин манотиқ ҳамкорӣ кунанд. Бояд мактабҳо бунёд шавад, низоми таълим ва касбомӯзӣ беҳтар шавад ва барои эҷоди ҷойҳои нави кор маболиғ тахсис шавад.

-Дар матбӯъоти Суис аз Шумо ба унвони сарватмандтарин фарди ин кишвар ном мебаранд. Бино ба иттилоъи матбъоти Бритониё, Шумо хонае харидорӣ кардаед, ки арзишаш 46 милюн дулор аст. Сармояи худро чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Хуб медонед, ки на ман ва на шавҳарам дар идороти тасмимгирандаи раҳбарӣ кор намекунем. Шавҳарам тоҷир буда, дар тиҷорати панба, гоз, нафт ё боигариҳои дигари миллӣ даст надорад.

Тиҷорати ӯ аз пардохти молиёти давлатӣ ё гумрук муъоф нест. Шавҳарам бо сармояи худ тиҷораташро роҳандозӣ карда ва ин кор ба пайвандони ман рабте надорад. Ман изҳори назарҳои матбӯъотиро дӯст надорам, аммо ин изҳоротро барои дарёфти иттилоъ муҳим медонам.

Масъалаи хариду фурӯши хонаводаи мо танҳо ба мо таъаллуқ мегирад ва иттилоъ дар ин бора набояд дастраси умум шавад. Аммо ба таври истисно ба ин суол посух медиҳам. Намедонам, сармояи моро чи гуна ҳисоб мекунанд. Вақте хабари дар феҳристи сарватмандони Суис шомил шудани худро хондем, ба ҳайрат афтодем. Фикр мекунам, ин арқом воқеъият надорад.

Барои харидории манзил дар Суис ҳамаи амволи худро дар Узбакистон ба фурӯш расондем. Ҳоло дар бинои баландошёнае дар Тошканд як манзил дорем. 18 дарсади арзиши манзили худ дар Суисро бо сармояи худ пардохт кардем ва мутабоқӣ тавассути вомҳои бонкӣ пардохт мешавад. Ҳанӯз пардохтҳо идома дорад.

-Дар дохил ва хориҷи Узбакистон Шумо ё шавҳаратон манофеъи тиҷорӣ доред?

-Ман тоҷир ё сармоядор нестам. Шавҳарам тоҷир буда, дорои саҳоми тиҷорӣ ва ҳамлу нақлӣ аст. Дар Суис дукон ё фурӯшгоҳи кӯчаке дорад.

-Даврони кӯдакию наврасии Шумо чи гуна буда ва ҳамчун духтари президент бузург шудан бароятон хушоянд буд? Машварату қиссаҳои падаратон барои расидан ба мақомҳо ба Шумо кумак кардаанд?

-Бачагиям дар шаҳри Тошканд сипарӣ шуд. Чун бачаҳои дигар дучарха (велосипед) мерондам, ғалтону хезон ва бо зонуҳои хунолуд ронандагӣ мекардам. Бо ҳамсояҳо дар муҳити дӯстона ба сар бурдем.

Ҳоло эҳсос мекунам заминаи ҳаёти солими феълии ман дар замони бачагӣ гузошта шудааст. Бачагӣ беҳтарин давраи зиндагии ман буд. Ман худамро аз дигарон ҷудо намекардам. Аз Донишгоҳи Иқтисоди Ҷаҳонӣ ва Диплумосӣ хотираҳои хубе дорам.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi