ДУ ИНФИҶОР ДАР БАҒДОД БЕШ АЗ 130 КУШТА
Дар асари инфиҷори ду бумб дар маркази Бағдод ҳадди ақал 130 нафар кушта ва 500 нафар маҷруҳ шуданд. Ин инфиҷорҳо дар маҳали сохтмони вазорати додгустарии Ироқ ва як дафтари маҳаллии давлат дар наздикии минтақаи сабз рух дод ва боъиси ба бор омадани харобиҳои шадиде шуд.
Ин инфиҷорҳо бо фосилаи каме аз якдигар дар соъати 10:30 дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ (7:30 ба вақти Гринвич) замоне рух доданд, ки мардум машғули рафтан ба сари корҳои худ буданд ва тараддуд зиёд буд. Гузоришгарон ин ду инфиҷорро бузургтарин ҳамалот аз рӯзи 19 август тавсиф кардаанд, ки дар он рӯз бархурди ду комюни пур аз маводи мунфаҷира ба сохтмони ду вазоратхона ба кушта шудани ҳадди ақал 100 нафар анҷомид.
Дар он замон Ироқ ҷангҷӯёни хориҷиро мусаббаби ин ҳодиса донист, Сурияро ба дахолат доштан дар он муттаҳам кард ва хостори анҷоми таҳқиқоте аз суи Созмони Миллали Муттаҳид шуд. Алӣ Аддаббоғ, сухангӯи давлати Ироқ гуфтааст, ӯ дар ин ҳамла пайкорҷӯёни Алқоъида ё аъзои ҳукумати пешини Ироқ ба раҳбарии Саддом Ҳусайнро мазнун медонад.
Ӯ дар изҳороте гуфтааст: "Таҳлилҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки дар ин ҳамла аломатҳое аз фаъолияти Алқоъида ва аъзои ҳизби Баас дида мешавад."
ҶустуҷӮ ба дунболи бозмондагон
Ҳамалоти ахир бо инфиҷори ду утумубили пур аз маводи мунфаҷира анҷом шуд ва сутунҳои дуд, ки аз маркази Бағдод ба ҳаво баланд шуда буданд, дар шаҳри Бағдод дида мешуданд. Маҳалли вуқуъи инфиҷор дар наздикии минтақаи сабз дар Бағдод буд, ноҳияе ки аксари идорот ва сафоратхонаҳо дар он ҷо қарор доранд ва таҳти кунтрули шадиди низомӣ аст.
Ёсамин Афзал, корманди 24 солаи фармондории Бағдод, ки яке аз нуқоти мавриди ҳамла буд, ба хабаргузории Асошиэйтид Пресс гуфт: "Деворҳо фурӯ рехтанд ва мо маҷбур шудем ба хориҷ фарор кунем." Ин хабаргузорӣ дар гузориши худ мардеро тавсиф карда, ки дар маҳалли ҳодиса фарёд мезад: "Чаро бо мо ин корро мекунанд?"
Имдодгарон машғули кандани овор ва ҷустуҷӯи бозмондагони ҳодиса дар миёни харобаҳо ҳастанд ва мақомҳои ироқӣ мегӯянд эҳимолан теъдоди кушташудагон ва маҷруҳон афзоиш хоҳад ёфт. Габриел Гейтҳаус, гузоришгари Би-би-сӣ дар Бағдод гуфт ӯ, ки чанд килуметр дуртар аз маҳалли вуқуъи инфиҷор қарор дошта, нерӯи инфиҷорро эҳсос кардааст. Гузоришгари Би-би-сӣ муътақид аст ҳанӯз барои мушаххас кардани мусаббаби ин ҳодиса зуд аст.
Аммо ӯ муътақид аст эҳтимолан ангушти иттиҳом ба суи шӯришиён ва чирикҳои хориҷӣ гирифта хоҳад шуд, ки қасд доранд пеш аз интихоботи Ироқ дар миёни моҳи январ боъиси бесуботии шароити амниятӣ шаванд. Дар муқоиса бо як соли гузашта хушунатҳо дар Ироқ ба мизони чашмгире коҳиш ёфта, аммо ҳанӯз вуқуъи ҳамалоти пароканда дар чандин бахш аз ин кишвар идома дорад.
Би-Би-Си