ТИМОШЕНКО РАИСИҶУМҲУР ШУДАН МЕХОҲАД
Юлия Тимошенко, нахуствазири Укроин, ба муборизоти интихоботӣ барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар шурӯъ кардааст. Вай қавл додааст, ки Укроинро ба Аврупо наздиктар мекунад. Ҳизби Тимошенко номзадии ӯро дар як ҳамоиши намоишкоронаи азими даҳҳо ҳазор тан тарафдоронаш дар шаҳри Киев эълом пешбарӣ намуд.
Дар як суханронии оташини 45-дақиқаӣ дар ҳузури ин тарафдоронаш Юлия Тимошенко раисиҷумҳур Виктор Юшченкоро муттаҳам кард, ки ба арзишҳои инқилоби норанҷӣ, ки ҳардуи онҳоро соли 2005 ба қудрат расонд, хиёнат кардааст. Вай гуфт, “ин на гуноҳи мо ва на гуноҳи кишвари мост, ки раҳбари интихобкардаамон бар хилофи интизороти мо, ба по наистод ва Укроинро ҳимоят накард, балки ба як чизи оддӣ дар коллексияи хусусии сарватмандони Укроин табдил ёфт. “
Юлия Тимошенкои 48-соларо ҳамроҳ бо Виктор Янукович, нахуствазири собиқи Укроин, аз пешсафони интихоботи раёсати ҷумҳур медонанд, ки қарор аст, 17 январ баргузор шавад. Ӯ чун пештара бо ороиши суннатии мӯй ва пироҳани миллии укроинӣ дар бар ба назди тарафдоронаш ҳозир шуд ва зимни суханронӣ қавл дод, ки “дар Укроин Аврупо месозад”, фасодро решакан меканад ва низоми додгоҳиро беҳбуд мебахшад.
Ӯ ҳамзамон хостори муносиботи беҳтаре бо Русия шуд. Юлия Тимошенко мегӯяд, “ҳамзамон мо ҳақ надорем, ки бо ҳамсояҳои суннативу дӯсти худ ягон мухолифат варзем. Ман мутмаинам, ки равобити мо бо Русия метавонад баробар ва боэҳтирому самимӣ боз ва бидуни ибҳом бошад“.
Муносиботи Укроину Русия дар панҷ соли ҳукмронии Виктор Юшченко ба сардӣ гароид ва ду кишвар бар сари қиммат ва транзити гази Русия ба Аврупо чандин бор ҷанҷол карданд. Талоши Виктор Юшченко барои пайвастани кишвараш ба НАТО ҳам хашми Русия ва ҳам хашми сокинони русзабони манотиқи шарқии худи Укроинро барангехт.
Ҳоло Виктор Юшченко обрӯву тарафдори зиёде дар Укроин надорад ва пешбинӣ мекунанд, ки дар даври аввали интихобот шикаст хоҳад хӯрд. Ҳамоиши пешбарии номзадии Юлия Тимошенко, ки бо консерту оташбозӣ поён ёфт, аз ҳамоиши Виктор Янукович, ки хоксорона баргузор гашт, бисёр фарқ мекард.
Виктор Янукович дар ҳамоиши паси дарҳои баста ваъда дод, ки тарафкашиҳои сиёсӣ дар дохили ҳукуматро хотима хоҳад дод, ки ба обрӯи Укроин латма ворид кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, “танҳо ваҳдати ҳукумат ва мардум метавонад, Укроинро аз шарри офаридаи ҷанги байни раҳбарони норанҷӣ халос кунад. “
Риштаи дӯстии Виктор Юшченко ва Юлия Тимошенко баъди инқилоби норанҷии соли 2005 зуд бурида шуд. Натиҷаҳои он интихоботи олуда ба тақаллубро, ки Виктор Янукович русиягароро пирӯз эълом кард, баъди тазоҳуроти азими мардумӣ, Додгоҳи олии Укроин беэътибор донист ва Юшченкову Тимошенкои ғарбгароро ба қудрат расонд.
Аммо муборизоти дохилии ду раҳбар ва ҷиноҳҳои сиёсӣ дар порлумони Укроин, монеи тасмимгириҳо дар ҳукумат ва пешбурди ислоҳоти дар ин кишвари фақир шуд. Муборизоти имсола барои мақоми раёсати ҷумҳури Укроин ҳам аз ҳоло ифлос ба назар мерасад. Аз ҷумла тарафдорони Виктор Янукович хостори таҳқиқи ин гузоришҳо шудаанд, ки аъзои ҳизби Юлия Тимошенко дар як осоишгоҳи кӯдаконаи маъруфи Қрим бадахлоқӣ кардаанд.
Дар навбати худ, тарафдорони Тимошенко мегӯянд, ки Виктор Янукович вақти ҷавониаш узви гурӯҳи ҷиноие будааст, ки ба номуси зане таҷовуз кардааст. Иддаое, ки ба гуфтаи ситоди Виктор Янукович, дурӯғ аст.
«Озодӣ»