04:34:49 03-уми Июни 2025 сол

Теҳрон: "Сафоратхонаҳои Эрону Бритониё бозкушоӣ мешаванд"

Теҳрон мегӯяд, то ҳашт рӯзи дигар сафоратҳои Эрон ва Бритониё бозкушоӣ мешаванд. Марзия Афхам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе хабар дод, ки "кордорони ғайримуқими Эрон ва Бритониё то ҳашт рӯзи оянда аз сӯи ду кишвар таъйин мешаванд ва бо таъйини кордор, сафоратхонаҳо бозкушоӣ хоҳад шуд". Вай ҳамчунон гуфтааст, ки Уммон ба унвони ҳофизи манфиатҳои Теҳрон дар Канада ва Итолиё ба унвони ҳофизи манфиатҳои Канада дар Теҳрон, мушаххас шудааст.

iran-england-48585Ба гузориши хабаргузории эронии "Меҳр", Марзия Афхам дар нишасти ҳафтагии худ бо хабарнигорон афзуд: "Таъйини кордорҳо ниёзманди мароҳили таъйини сафир нест ва онҳо дар пойтахтҳо ба таври собит мустақар намешаванд ва ба ин тартиб бо фаъолияти кордорҳо сафоратхонаҳо низ бозкушоӣ мешаванд ва баҳси ҳофизи манофеъ тамом хоҳад шуд ва Теҳрону Лондон равобити худро идома медиҳанд. Вай дар идома гуфт, истиқрори кордори ғайримуқим ба маънои истиқорри собит нест ва бо таъйини кордори ғайри муқим, бозкушоӣ анҷом мешавад.

Эрон ва Бритониё аз ду сол пеш ба ин тараф робитаи дипломатӣ бо якдигар надоранд. Дар ду соли қабл нерӯҳои донишҷӯёни басеҷӣ ба таври "созмондеҳшуда" ба сафорати Бритониё дар Теҳрон ҳамла карда ва аксҳои маликаи ин кишварро поин андохтанд. Ду кишвар дар пойтахтҳои якдигар сафир доштанд.

Пас аз ин ҳамла, Бритониё сафорати худро дар Теҳрон баст ва хостори хуруҷи дипломатҳои эронӣ ва хонаводаҳои онҳо аз хоки ин кишвар шуд. Бритониё, ки яке аз панҷ қудрати дорои ҳаққи вето дар Шӯрои амният аст, дар солҳои ахир мавзеи сахте алайҳи барномаи ҳастаии Эрон гирифтааст.

Бо ин ҳол Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё яке аз нахустин мақомҳои ғарбӣ буд, ки пас аз пирӯзии Ҳасан Рӯҳонӣ, ибрози умедворӣ карда буд, ки равобити бо Эрон беҳбуд ёбад. Вай дар Ню-Йорк бо ҳамтои худ Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳам мулоқоти дуҷониба дошт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854