03:02:05 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳушдори Амрикову саркашии Исроил: Оё он беохир аст?

Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”

Зарфи чанд соли охир, аниқтараш бо ба поён расидани замони ҳокимияти Буши хурдӣ Вашингтон борҳо дар ин ё он маврид ва бештар дар масъалаи таъхир дар сулҳи Ховари Миёна Исроилро ҳушдор додааст. Вале ҳар бор “хашми” амрикоӣ баъди сафари сарвазири давлати яҳудӣ ба Вашингтон фурӯ менишинад. Ин бор ҳам Котиби давлатии ИМА ба сарварони ин кишвар ҳушдор дод, ки агар ину он нашавад, дар инзивоъ қарор хоҳад гирифт.

«Мо на душманон ва на дӯстони доимӣ дорем, мо манфиатҳои ҳамешагӣ дорем»

israil-usa-45555

Шояд се сол пеш ин суханони Лорд Палмерстон, Сарвазири пешини Британияи Кабирро дар дафтари қайдҳо навишта бошам. Аммо имрӯз, вақте мехостам шарҳе дар ҳошияи ҳушдори Котиби давлатии Амрико ба Исроил рӯи коғаз орам, аз он ёдам омад. Дар ҳақиқат ин мамолик ва ин сиёсатҳо дӯстони ҳамешагӣ надоранд, балки манфиатҳое доранд, ки ҳозиранд барои он ҳамдигарро низ қурбон кунанд.

Имрӯз аз кундии раванди сулҳ дар Ховари Миёна манфиатҳои Амрико зери хавфи нобудӣ қарор гирифтааст ва мебинад, ки пуштибонӣ аз сиёсатҳои сарварони имрӯзаи давлати Исроил ба манфиати ояндаи ин кишвар нест. Пас бояд гуфтушунидҳои сулҳро ба маҷрои тоза баргардонд. Илоҷи дигари раҳоӣ аз ин варта вуҷуд надорад. Зимни охирин боздидаш аз Ховари Миёна Ҷон Керрӣ гуфт, ки Исроил хоставу нохоста худро дар инзивоъ қарор медиҳад. Яъне, агар муколамаи сулҳ ин бор ҳам ба хатар муовоҷеҳ гардад, Амрико наметавонад муттаҳидони аврупоияшро мутақоид ба ҳаққонияти давлати Исроил кунад.

Ва Натанёҳу низ мисли он ки дарк намуд. Дар як нишаст ё кадом маҷлис, ки миёнаҳои ҳафтаи гузашта, аниқтараш баъди ҳушдори Керрӣ баргузор гардид, тарҳи нави шаҳраксозии вазорати сохтмонро ба боди танқид кашид. Ҳамзамон ба вазири сохтмони кишвараш дастур дод, ки дар бунёди 24 ҳазор воҳиди маскунӣ барои яҳудиён дар соҳили ғарбии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ таҷдиди назар кунад. «Ин аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва амалӣ як иқдоми бемаъност, -гуфт сарвазир. Вай вазирро барои эълони тендерҳо оид ба лоиҳакашии сохтмонҳои нав накуҳиш кард ва гуфт, ки «ин бидуни ҳамоҳангии пешакӣ сурат гирифтааст». 

Чанде пештар созмони ҳифзи ҳуқуқи «Шалом ахшав» («Ҷаҳони хушбахтӣ»), ки фаъолиятҳои шаҳраксозиро пайгирӣ мекунад, эълон кард, ки Исроил ният дорад наздик ба 20 ҳазор воҳиди нави маскуниро барои яҳудиён дар сарзаминҳои ишғолӣ бундёд созад. Маҳмуди Аббос, сарвари Фаластини худгардон баъди интишори ин хабар гуфт, ки бунёди хонаҳои нав талоши ҷонибҳо ба расидан ба як сулҳи фарогирро барбод хоҳад дод.

Оре, Вашингтон имрӯз нигарон аст. Шояд дар ҳич замоне ба ҳадди имрӯз дасткутаҳ набуд. Дар ҳич замоне давлати Исроил ба пешниҳоду талошҳои Кохи Сафед ба ин ҳад беэътиноӣ накарда буд. Се сол пеш, вақте Натанёҳу мараторияи қатъи шаҳраксозиро тамдид накард ва сулҳои Ховари Миёнаро ба мухотира андохт, Вашингтон гумон намекард, ки ин ҳолат идомадор меояд. Вале баъдан ҳама талошҳои азсаргирии музокарот ба нокомӣ анҷомид, ҳама гуфтушуниди эммисарҳои Вашингтон натиҷа надоданд. Ва билохира, вазири умури хориҷии вақти ИМА Ҳилларӣ Клинтон эълон кард, ки Амрико дигар сари ин масъалаҳо талош намекунад, чун ҳама роҳҳои дипломатии баргаштан ба сари мизи музокиротро баста дид.

Таърих такрор мешавад?

Фоҷеаи Фаластин аз шикасти арабҳо дар “ҷанги шашрӯза” оғоз гардид ва мудҳиштар шуд. Тавре аз таърихи ин сарзамин пайдост, соли 1967 давлати Исроил бо баҳонаи таъмини бехатарии шаҳрвандони худ даст ба як набарди хунин зад, ки баъдан бо номи «ҷанги шашрӯза» машҳур шуд. Исроил он замон аз пуштибонии ҳамаи кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бархӯрдор буд ва ба зудӣ Байтулмуқаддаси Шарқӣ, Соҳили ғарбии руди Урдун ва навори Ғаззаро ба тасарруфи худ даровард ва имрӯз ин қаламрави ишғолиро ҳамоно моли худ медонад. Аз замони ҳамон «ҷанги шашрӯза» то ба имрӯз низомиёни исроилӣ наздик ба 700 ҳазор фаластиниро, ки 20% аҳолии ин кишвар мебошанд, боздошт ва ба зиндонҳо афкандаанд.

Шараф Қоим, як таҳлилгар ва сиёсатшиноси мисрӣ дар асаре, ки бо номи “Фаластин ва ормонҳои истиқлол” интишор дода буд, боздошту ҳабси атфолро фоҷеаи мудҳиши ин сарзамин хонд. Тибқи иттилои вазорати кор бо зиндониёни Фаластин то ба имрӯз ҳудудан 190 тифли ноболиғ дар зиндонҳои Исроил ба сар мебаранд, ки дар чаҳорчӯбаи ягон қонуни башарӣ намеғунҷад. Аз ин миён иддае дар зиндонҳо ба дунё омадаанд ва беҳуқуқтарин касон ба шумор мераванд.  

Дар изҳорте, ки ахиран дар рӯзи ҷаҳонии кӯдак интишор ёфта буд, аз ҷумла гуфта мешуд, ки “ишғолгарон ҳамоно атфолро як ҷузъи барномаҳои боздоштии худ қарор додаанд ва гумону шубаҳоташон болои касоне, ки ҳатто ба дарки маънои озодиву баробарӣ намерасад, кам намешавад”. Нашрияи  «Niddle East Monitor” навишта буд, ки “аз замони оғози интифада ҳукуматдорони Исроил беш аз 9 ҳазор тифли ноболиғро боздошту зиндонӣ кардаанд”.

“Тифлаконро бераҳмона латукӯб мекунанд, барои шиканҷа аз қувваи барқ истифода мебаранд, маҷбур мекунанд, ки тани бараҳна дар сардии беш аз ҳадди зимистон ва ё гармии офтоби сӯзон тоқат кунанд, аз ҳақи таҳсил ва хатми мактаб маҳрум месозанд, ки ин бидуни шак ба ояндаи онҳо таъсири ҷуброннопазир мерасонад”,-омадааст дар таҳлили «Niddle East Monitor”.

Керрӣ на як бору ду бор Исроилро аз рӯ задани интифадаи нав ҳушдор додааст. Ба ҳадде, ки дар доираҳои яҳудии лобии амрикоӣ сару садоҳе дар мавриди сахтгирии беҳадди котиби давлатӣ баланд шудааст. Вазири умумри хориҷии Амрико шояд аз сӯҳбат бо фаластиниён ва ё барқасдкориҳои Исроил пай бурдааст, ки хавфи шӯриши мардумӣ дар арозии ишғолӣ вуҷуд дорад ва агар ин бор он рух занад, баъид аст, ки касе тавонад садди роҳаш гардад.

Муҳимтар аз ҳама ин ба обрӯи сиёсии Исроил дар олами муосир зарбаи ҷуброннопазир мезанад. Ин дар ҳолест, ки аксари кишварҳои аврпуоӣ аллакай Исроилро барои гӯш фаро надодан ба хостаҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди қатъи шаҳраксозӣ интиқод мекунанд ва ҳатто даъватҳое барои таҳрими Исроил ҳам каму беш рӯ мезананд. Аз ин рӯҶон Керрӣ бим дорад, ки агар вазъ ба ин гуна идома кунад, эҳтимолияти сар задани қиёми мардумӣ, ки дар ин сарзамин бо номи интифада ёд мешавад, аз эҳтимол дур нест. Гузашта аз ин сулҳи Арабу Исроил ва ташкили давлати соҳибистиқлоли Фаластин як ҷузъи барномаҳои пешазинтихоботии Барак Обама буд.

 Дар даври аввали раёсати ҷумҳурӣ Обама фурсати расидагӣ ба ин бахши барномаҳои худ накард ва иллати он ҳамоно саркашии Исроил аз қатъи шаҳраксозӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ буд. Ин ҳоло аст, ки Натанёҳу мегӯяд тарҳи бунёди манзил дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ сулҳро ба хатар меандозад. Чор сол пеш мавзеъгирии ӯ дигаргуна буд. Он замон вай мегуфт, ки  аз шаҳраксозӣ дар соҳили ғарбии руди Урдун даст мекашад, вале ба «зиёдшавии табиӣ»-и аҳолӣ монеъ нахоҳад шуд. Вай боз гуфта буд, ки Байтулмуқаддас бояд «пойтахти ягонаи Исроил боқӣ бимонад». Оид ба мушкилоти қаламрав иброз дошт, ки «Исроил ба марзе эҳтиёҷ дорад, ки худро ҳифозат карда тавонад». 

Давлати миллӣ, яъне чӣ?

Кобинаи Натанёҳу ҳозир нест, ки талаби ҷомеаи ҷаҳониро дар мавриди бозгашти муҳоҷирони фаластинӣ ба маконҳои бобоияшон бипазирад. Мехоҳад ин бахши талабот аз барномаи сулҳ канор зада шавад. Бинёмин Натанёҳу мегӯяд, ки бояд фаластиниҳо онро қабул дошта бошанд, ки Исроил «давлати миллии халқи яҳудӣ аст» ва мутобиқ ба ин пазириш овораҳои фаластинӣ на ба сарзамини Исроил, балки ба қаламрави Фаластин баргарданд. «Ҳар талаби бозгардонидани овораҳо ба Исроил мавҷудияти онро чун давлат барои яҳудиён зери шубҳа мебарад ва ин қобили қабул нест».

Ҳамчуноне дида мешавад, имрӯз Исроил танҳо аз хавфи фишорҳои байналмилалӣ мехоҳад по ба остонаи гуфтушунид гузорад. Ҳоло талаби қатъии СММ ва кишварҳои аврупоӣ бозгаштани Исроил ба марзҳои то соли 1967 аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ қаламрави имрӯзаи Исроилро қаламрави ишғолӣ медонад ва пофишорӣ дорад, ки давлати Фаластин дар қаламрави то соли 1967 ташкил шавад. Вале ҳоло Исроил ҳозир нест ин хостаро бипазирад ва ақибнишинӣ кунад. Аммо гумон намеравад сулҳи Арабу Исроил бидуни ихроҷи ишғолгарон аз сарзаминҳои барояшон бегона имконпазир бошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №25, 20 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi