00:47:57 03-уми Июни 2025 сол

ХАШМИ БРИТОНИЁ АЗ "ҲУКМИ ҲАБС"

Девид Милибанд, вазири хориҷаи Бритониё, Эронро тарғиб карда, ки ҳукми муҷозоти чаҳор соли зиндонро, ки бино ба гузоришҳо барои як корманди эронии сафорати Бритониё содир шудааст, лағв кунад.

 

Ҳусейн Рассом, 44-сола, дар хурдодмоҳ ва дар ҷараёни тазоҳуроти анбӯҳи хиёбонӣ дар эътироз ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод баранда эълом шуд, дастгир шуда буд. Ӯ, ки шаҳрванди Эрон аст ва ба унвони таҳлилгари сиёсӣ барои сафорати Бритониё кор мекард, ба ҷосусӣ ва таҳрики мардум ба нооромӣ муттаҳам шуд. Оқои Милибанд дар баёнияе ин муҷозотро "комилан номуваҷҷаҳ" хонд.

 

Амали "ғайри қобили қабул"

Вазири хориҷаи Бритониё гуфт, ки ин ҳукм ба маънии "озори бештари кормандони сафорат ба хотири анҷоми вазоифи оддӣ ва машруъе аст, ки доранд." Ӯ афзуд, ки сафири Бритониё дар Теҳрон бо муъовини вазорати хориҷаи Эрон суҳбат карда ва ин ки сафири Эрон дар Лондон барои ироаи тавзеҳот дар мавриди ин ҳукм эҳзор шудааст.

 

Оқои Милибанд гуфт: "Мо мутаваҷеҳем, ки метавон дар ҳукм таҷдиди назар хост. Ман мақомҳоро тарғиб мекунам ин корро сареъ анҷом диҳанд ва ин муҷозоти шадидро лағв кунанд." Ӯ афзуд: "Мо бо Иттиҳодияи Урупо ва соири шаркиони байналмилалии худ, ки дар муқобили ин амали ғайриқобили қабули Эрон ҳамчунон бо мо ҳамбастагӣ нишон медиҳанд, дар тамоси наздик ҳастем."

 

Оқои Милибанд гуфт: "Ин ҳамлае ба кулли ҷомеъаи диплумотик дар Эрон талаққӣ хоҳад шуд ва усули муҳиме дар маърази хатар аст." Дар пайи нооромиҳои марбут ба интихоботи Эрон нуҳ корманди сафорати Бритониё боздошт шуданд, аммо оқои Рассом танҳо касе буд, ки расман муттаҳам шуд.

 

Давлати Эрон Бритониёро ба таҳрики мухолифон ба анҷоми тазоҳурот муттаҳам кард. Давлати Бритониё ин иттиҳомро рад кард.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854