02:49:39 04-уми Июни 2025 сол

АБДУЛЛОҲ: ДАР ДАВРИ ДУВВУМИ ИНТИХОБОТ ШИРКАТ НАМЕКУНАМ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон тасмими худ барои адами ширкат дар даври дувуми интихоботи ин кишварро эълом кард. Оқои Абдуллоҳ дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Кобул гуфт: "Дар эътироз ба амалкарди нодурусти ҳукумат ва амалкарди нодурусти кумисюни интихобот дар интихоботи шонздаҳуми ақраб (7 ноябр) ширкат намекунам."

 

Оқои Абдуллоҳ дархости барканории мақомоти аршади кумисюни интихоботи Афғонистонро матраҳ карда ва ҳушдор дода буд, ки агар ин дархост матраҳ нашавад, интихоботро таҳрим мекунад. Ин номзади интихоботи Афғонистон мақомоти кумисюни интихоботро ба ҷонибдорӣ аз Ҳомиди Карзай, рақиби интихоботии худ муттаҳам кардааст, аммо раиси ҷумҳур Карзай ва мақомоти кумисюни интихобот ин иттиҳомро рад кардаанд.

 

Тасмими оқои Абдуллоҳ ба адами ширкат дар интихобот пас аз он эълом шуд, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дархостҳои интихоботии рақиби худро напазируфт. Ромини Анварӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул мегӯяд тасмими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба адами ширкат дар даври дувуми интихобот ба дунболи рӯзҳои пуртанише сурат мегирад - рӯзҳое, ки дидорҳои зиёде миёни оқои Абдуллоҳ ва диплумотҳои ғарбӣ дар Кобул сурат гирифта ва музокироте низ миёни оқоён Абдуллоҳ ва Карзай анҷом шудааст.

 

Ӯ мегӯяд ҳоло саволи аслӣ ин аст, ки оё даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ багузор мешавад ва оё ин интихобот дар набуди яке аз ду номзад эътибор хоҳад дошт? Бар асоси барномаи аз қабл таъиншуда даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бояд дар ҳафтуми ноябр, яъне дар фосилаи камтар аз як ҳафтаи дигар баргузор шавад.

 

Марҳалаи торихӢ

Оқои Абдуллоҳ, ки дар миёни ҳаводорони худ ва шуморе аз чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ аз ҷумла Юнуси Қонунӣ, раиси Маҷлиси Намояндагон ва Бурҳониддини Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва Сайид Ҳусайни Анварӣ, волии собиқи Ҳирот суҳбат мекард, гуфт, ки тасмимгирӣ дар мавриди адами ширкат дар интихобот барои ӯ кори соддае набудааст.

 

Оқои Абдуллоҳ гуфт: "Дар ин марҳала дар ин замон, дар ин мавқеъи торихӣ, ки ба намояндагӣ аз шумо тасмим мегирам, тасмими худро эълон мекунам ... ман бо таъкид ва ба эътироз рӯи амалкарди нодурусти ҳукумат ва рӯи амалкарди нодурусти интихобот дар интихоботи шонздаҳи ақраб ширкат намекунам."

 

Ӯ гуфт, ки тасмим ба адами ширкат дар интихобот ба маънои пушти по задан ба асли интихобот нест. Оқои Абдуллоҳ афзуд: "Интихоботро роҳи ягона ва роҳи маъқули таъини сарнавишт медонем. Аммо дар интихобот асли одилона будан ва шаффофият ва озодона будан ва саросарӣ будан усулӣ аст, ки (дар мавриди он) мусомиҳа сурат гирифта наметавонад."

 

Оқои Абдуллоҳ дар ҷавоб ба саволи як хабарнигор дар мавриди ин ки оё аз ҳаводорони худ мехоҳад интихоботро таҳрим кунанд ё хайр, гуфт: "Ман чунин дархостеро матраҳ накардаам." Ситоди интихоботии Ҳомиди Карзай аз тасмими оқои Абдуллоҳ ба адами ширкат дар интихобот ибрози таассуф карда, аммо гуфта ки раванди интихобот бояд бар асоси барнома ба пеш биравад.

 

Шаффофият

Даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар бистуми августи имсол ба далели тақаллуб дар он мунҷар ба баранда шудани ҳеҷ як аз номзадҳои интихобот нашуд. Бо он ки оқои Карзай бар асоси натоиҷи ибтидоии интихобот ҳудуди панҷоҳ дарсад раъй оварда буд, аммо пас аз ҳудуди ду моҳ баррасии иддаъои тақаллуб дар интихобот ва ибтоли бахше аз оро раъйи оқои Карзай аз панҷоҳ дарсад камтар шуд.

 

Бар асоси қонун интихобот миёни ду номзади бо бештарин раъй ба даври дувум рафт. Ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ таъкид дорад, ки барои тазмини шаффофияти даври дувуми интихобот бояд тағйироте дар раҳбарии кумисюни интихобот ворид шавад.

 

Оқои Абдуллоҳ афзуд: "Вақте аз демукросӣ ва раъйи мардум суҳбат мекунем, наметавонем бетаваҷҷуҳ ба ниҳодҳое бошем, ки масъули ин пруса ҳастанд. Замоне ки мардум ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд, таваққуъи натиҷаи беҳтар доштанд, таваққуъ доштанд, кумисюни интихобот одилона бархурд кунад, кормандони интихоботӣ одилона бархурд кунанд, аммо ин гуна нашуд."

 

Ситоди интихоботии Ҳомиди Карзай бар истиқлоли кумисюни марказии интихоботи Афғонистон таъкид дорад ва мегӯяд, ки ҳеҷ гуна ҷонибдорӣ аз оқои Карзай дар интихоботи бистуми август накардааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854