03:46:00 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пешгирӣ аз талоши "фирор"-и Янукович аз Украина

Марзбонони Украина дар фурудгоҳи Донетск ба ҳавопаймои Виктор Янккович имкон надодаанд, ки бидуни иҷозат ба хориҷ парвоз кунад. Верховни Рада - порламони Украина тасмим гирифт, ки ба таври муваққат салоҳиятҳои раиси ҷумҳури ин кишвар ба раиси порламон Олександр Турчинов вогузор шавад.

pres.ukrain 32626565Турчинов рӯзи сешанберо охирин рӯзи ташкили ҳукумати ваҳдати мардумӣ эълон кард. Порламон ҳамчунин барои дороии давлатӣ эълон кардани иқоматгоҳи Виктор Янукович раъй медиҳад. Порламони Украина Леонид Кожара, яке аз ёрони наздики Виктор Януковичро аз симати вазири хориҷа барканор кард. Порламон ҳамзамон чанде дигар аз вазирони давраи Януковичро берун кард,

Бо вуҷуди ин ки порламони Украина ба барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ раъй дод, хонум ЮлияТимошенко - нахуствазири пешин аз эътирозгарони зиддидавлатӣ хост, ки эътирозҳои худро қатъ накунанд.  Тимошенко аз Янукович ва ҳампаймонҳои вай тақозо кард, ки барои куштори даҳҳо нафар эътирозгарон тавассути нируҳои амниятӣ дар давоми як ҳафтаи гузашта ҷавоб диҳанд.

Ҳизби минтақаҳои Янукович рӯзи якшанбе бо пахши изҳороте гуфт, ки “ҳамаи масъулияти хунрезиҳо дар Украина“ бар дӯши Виктор Янукович ва ҳамдастони наздикаш аст.

Верховни Рада рӯзи 23 феврал бо раъйи худ иҷоза додааст, ки Олександр Клименко - вазири пешини молиёт ва даромадҳои молӣ ва Виктор Пшонка – собиқ додситонии кулли Украинаро ба ҳабс бигиранд. Раиси порламон Олександр Турчинов гуфт, Пшонка ва Клименко як рӯз қабл талош кардаанд, аз марзи вилояти Донетск ба Русия гузаранд, вале муваффақ нашудаанд. "Онҳоро мехостанд дастгир кунанд, вале дар пайи тирандозии муҳофизонашон тавонистанд фирор кунанд," - афзудааст Турчинов.

Арсен Аваков - иҷрокунандаи мақоми вазири корҳои дохила гуфт, ки бар зидди тақрибан 30 нафар кормандони вазорати дохила барои саркӯбии бераҳмонаи эътрозгарон парванда боз шудааст. Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки дар даргириҳои байни эътирозгарон ва пулис 82 нафар ба қатл расида, 645 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Юлия Тимошенко хитоб ба эътирозгарон гуфт, ки барои чунин кушторҳо Виктор Янукович ва ҳампаймонҳояш бояд ҷавоб диҳанд: “Вақте ки ман дар зиндон будам, фикр мекардам, ки бузургтарин хушбахтӣ ба дунё омадан ва дар байни шумо будан аст, зеро шумо беҳтаринҳоед. Аммо ҳоло мо бояд ду кори муҳимро бикунем: Пеш аз ҳама мо бояд Янукович ва ҳамаи дору дастаи атрофи вайро ба ҳамин майдон орем.” Тимошенко ҳамчунин аз эътирозгарон хост, ки ба эътирозҳо хотима надиҳанд.

Юлия Тимошенко рӯзи 23 феврал дар як баёнияи нашршуда аз сӯи ҳизби Баткившина эълон кард, ки ҷӯёи мақоми сарвазирӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ нест. Ёрони ӯ субҳи имрӯз гуфта буданд, ки Тимошенко яке аз се номзади асосӣ ба мақоми сарвазирист. Ӯ рӯзи 22 феврал баъди раҳоияш аз зиндон билофосила эълон кард, ки дар и нтихоботи президентии рӯзи 25 май ширкат хоҳад кард.

Виталий Кличко - раҳбари дигари мухолифон низ ба ҳамин нукта ишора кард ва гуфт, ки бояд эътирозгарон ҳузури худро дар кӯчаву хиёбонҳо нишон диҳанд: “Ман фикр мекунам, ки бояд эътирозгарон дар хиёбонҳо бимонанд ва тамоми рӯйдодҳоеро, ки дар Украина пеш меояд, зери назорат дошта бошанд. Нирӯи инсонӣ хеле муҳим аст. Ҳар сиёсатмадор, ҳар ҳукумати нав бояд бидонад ва дар ёд дошта бошад, ки агар бо бозии касиф машғул мешавад, ин ҳодисаҳо такрор хоҳанд шуд.”

Аз сӯи дигар, хадамоти марзбонии Украина изҳор доштааст, ки аз талоши Виктор Янукович барои парвоз ба самти номаълум пешгирӣ кардаанд. Рӯзи шанбе ҳавопаймо бо Янукович хостааст аз фурудгоҳи Донетск бидуни асноди зарурӣ парвоз кунад. Дар ин бора Сергей Астахов - ёвари раиси Хадамоти давлатии марзбонӣ хабар додааст.

Бино ба хабари марзбонон, вақте ки гурӯҳи нозирони парвоз барои таҳияи ҳуҷҷатҳои парвоз омадаанд, онҳоро гурӯҳи мусаллаҳе пешвоз гирифтааст ва барои парвоз пул пешниҳод кардааст. Аммо марзбонон бидуни ҳуҷҷат ба парвоз иҷоза надодаанд. Дар ҳамин ҳангом, ду автомобили зиреҳпӯш ба ҳавопаймо наздик шудааст ва Виктор Янукович бо яке аз онҳо нишаста, фурудгоҳро тарк кардааст. Марзбонон мегӯянд, Янукович дар посгоҳҳои дигари марзӣ пайдо нашудааст.

Рӯзи шанбе порламони Украина Януковичро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор ва 25 майро рӯзи интихоботи зудрас эълон кард. Худи Янукович дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии URB-и Украина изҳор дошт, ки Украинаро тарк намекунад ва аз мақомаш истеъфо намедиҳад. Вай ҳамчунин тасмимҳои ахири порламонро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Ҳоло салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба раиси порламон Олександр Турчинов ба гузаштааст.

Николай Азаров - нахуствазири пешин қаламрави Украинаро тарк кардааст. Як манбаъ дар нирӯҳои интизомӣ ба хабаргузории «Интерфакс-Украина» гуфтааст, ки Азаров “ба Русия рафтааст.” Вале ин манбаъ нагуфтааст, ки сарвазири собиқ дақиқан кай аз қаламрави Украина хориҷ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi