15:35:23 07-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мусулмонони Миянмор дар байни обу оташанд!

21-уми марти соли ҷорӣ Созмони афви байнулмилал бо интишори як баёния қатлу куштор ва шиканаҷаву ҳамлаҳои гуногуни будоиёни ифротгаро ва мақомоти амниятии давлати Миянмор алайҳи мусалмононро маҳкум кард. Дар баёнияи ин созмони байнулмилалӣ, ки шабакаи хабарии "Алҷазира"-и Қатар онро пӯшиш дод, омадааст: "ақлиятҳои мусалмони Руҳингиё тавассути будоиёни ифротӣ ва бо ҳамдастии нерӯҳои амниятии Миянмор мавриди хушунату шиканҷа, таҷовузҳои ҷинсӣ ва куштор қарор мегиранд.

supercoolpics 06010022Ин созмони байнулмилалӣ мақомоти Миянморро ба он муттаҳам кард, ки дар ҳамдастӣ бо гуруҳҳои ифротии будоӣ ба шиканҷа, таҷовуз ва қатли мусалмонон дар ғарби ин кишвар пардохтаанд. Бино ба иттилои Созмони Афви байнулмилал, дар ҳоли ҳозир садҳо тан аз мусалмонони иёлати Рохени Миянмор дар зиндонҳо таҳти боздошт ҳастанд, ки ҳатто иҷозаи мулоқот бо онҳо дода намешавад. Ҳамчунин ҳамлаҳо алайҳи ақаллиятҳои мусалмон ё ба танҳоӣ тавассути нерӯҳои амниятӣ сурат гирифтааст ва ё бо ҳамдастии гурӯҳҳои ифротии будоӣ, ки ин иқдомҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби мақомот комилан мавриди чашмпӯшӣ қарор гирифтаанд.

Аммо сухангӯи давлати Миянмор ончӣ дар ин баёния омадааст, ҳамаро рад кард ва гуфтааст: "он чӣ, ки Созмони Афви байнулмилал дар ин баёния зикр кардааст, бо он чӣ, ки дар Миянмор воқеият дорад ва рух медиҳад, муғойират дорад. Бо ин ҳол,ба иттилои расонаҳои хабарӣ, пас аз 1-уи марти соли равон, ки хадамоти "Пизишкони бидуни марз" аз ҷониби давлати Миянмор дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом гардидан, вазъияти мусалмонони минтақаи Рохен хеле бад шудааст.

Аксар одамоне, ки гирифтори бемории сил буданд, аз ҷониби як созмоне марбут ба хадамоти тиббии "Пизишкони бидуни марз" доруву дармон мегирифтанд, чун дигар созмонҳои пизишкии хайриявӣ хеле кам дар он ҷо фаъолият мекунанду мардум низ дар ҳолати фақру тангдастӣ ба сар мебаранд, беморон алҳол барои муолиҷаи худ наметавонанд ҳеҷ доруеро пайдо кунанд.

Инчунин расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки чанд рӯзе пеш як модари 20-солае ҳамроҳи фарзанди ширхӯраш, ки ҳар ду гирифтори бемории сил буданду то 1-уми март аз ҷониби "Пизишкони бидуни марз" доруву дармон мегирифтанд, бинобар сари вақт пайдо накардани дору ва мулолиҷа нашудан фавтидаанд.

Созмони "Пизишкони бидуни марз" низ 1-уми марти соли 2014 тайи як баёнияе эълом кард, ки давлати Миянмор ба онҳо дастур додааст, ки ин созмон тамоми фаъолиятҳои худро дар қаламрави ин кишвар қатъ кунад. Ин созмон дар баробари дигар мардуми ин кишар ба ақаллиятҳои мусалмони Руҳингиё, ки дар иёлати Рохен зиндагӣ мекунанд, низ хадамоти гуногуни пизишкии ройгон ироа мекард.

Дар ин баёния омадааст, ки Созмони "Пизишкони бидуни марз" аз ин қарори давлати Миянмор ҳайратзада шуда, барои дубора барқарор кардани робитаҳои ҳамкорӣ бо он музокироташро идома медиҳад. Вале бо ин вуҷуд, ин давлат аз Созмони "Пизишкони бидуни марз" талаб кардааст, ки фаъолияти тамоми дармонгоҳҳои тиббиеро, ки дар муддати 22 соли ахир ба садҳо нафар хидматрасонии ройгони тиббӣ пешниҳод мекарданд, боздорад.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пас аз қатъ шудани фаъолиятҳои Созмони "Пизишкони бидуни марз" хабаргузории "Анотолий"-и Туркия эълом кард, ки Анқара қасд дорад ба хотири беҳбуд бахшидани сатҳи хидматрасонии маъишӣ, оби ошомиданӣ ва дигар намудҳои хидматрасонии тиббӣ ба мусалмонони Миянмор ҳудуди 1-миллиону 820- ҳазор доллари амрикоӣ кумак кунад ва аз ин иқдоми Туркия ЮНИСЕФ ҳам истиқбол кард .

Расонаҳои хабарӣ ба нақл аз манобеи гуногуни Созмони Миллали Муттаҳид низ гузориш додаанд, ки аз замони оғози давраи нави хушунатҳои будоиҳои ифротгаро ва мақомоти полиси давлати Миянмор тайи ду соли ахир ҳудуди 100 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё хонаҳои худро тарк карда бо мушкилоти зиёде худро ба соҳили дарё ва ё кампҳои паноҳандагони ин кишвар, ки аз соли 1993 ба ин сӯ дар Бангаладеш арзи ҳастӣ кардаанд,  расондаанд. Ин мардум дар ин кампҳои паноҳандагӣ тавассути хайрияҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, исломӣ ва мардуми хайрхоҳ рӯз мегузаронанд.

Бар асоси оморҳои ғайри расмии Бангладеш дар яке аз кампҳо-урдугоҳҳо-и Бангладеш ҳудуди 6 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунанд, ки беш аз 70 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва аксари онҳо дар сарпаноҳе зиндагӣ мекунанд, ки фақат 15 метри мураббаъ паҳноӣ дораду баъзан се оила ҳам дар як сарпаноҳ-хайма ба сар мебаранд. Ҳамчунин ҳудуди 85,000 ҳазор оворагони мусалмонони миянмории дигар дар Малайзия ва теъдоде дар Непалу дигар кишварҳои дуру наздик ба сар мебаранд, ки шароити зиндагии онҳо низ аз муҳоҷирони бангладешӣ хеле хубтар арзёбӣ намешавад.

Тибқи оморҳои расмӣ, теъдоди ақалиятҳои мусалмони Руҳингиё дар Миянмор ҳудуди 800 то 1- миллион нафарро ташкил медиҳанд ва дини ислом дар ин сарзамин собиқаи беш аз 250-сола таърихи худро дорад. Ҳатто замоне қисме аз ин сарзаминҳои Миянмор дар тобеияти қаламрави давлати Гуркониҳои Ҳиндустон, ки аз ислом пайравӣ мекарданд, дохил мешуд ва он замон аз мардумони бумӣ ҳам дар он ҷо мусалмононе буданд ва минбаъд аз дигар ҷойҳо низ ба он минтақа муҳоҷир шудаанд.

Ихтилофоти шадид байни будоиёни ифротгаро ва авҷ гирифтани буғзу адоват ва хушунати онҳо бар алайҳи мусалмонон низ аз нимаи дуввуми асри гузашта ба вуҷуд омада, яъне дар солҳои ҳафтодум ва мутаносибан дар солҳои навадум ва ахиран дар даҳаи дуввуми қарни бисту як ба авҷи худ расидаанд.

Дар ҳоли ҳозир мусалмонони Руҳингиё ягон расонаи мустақили пурнӯзе надоранд, ки ба рушд ва ташаккули афкори сиёсии ин мардум мусоидат кунад ва ҳамчунин онҳо ҳеҷ нерӯи сиёсии қаввие ҳам надоранд, ки тавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ онҳоро муаррифӣ кунад.

Коршиносон мегӯянд, ки буҳрони байни мусалмонон ва будоиён аз соли 1963 ба ин сӯ марҳилаи наверо оғоз кард. Ба гуфти онҳо, дар соли 1963 дар Миянмор ҷамъиятшиносии қавмӣ ба амал омад ва он замон қавми Руҳингиёҳоро ба унвони қавми ғайри миянморӣ муаррифӣ кардаанд, бинобар давлати марказии Миянмор, ки аксари онҳо будоӣ ҳастанд, муътақиданд, ки мусалмонони Руҳингиё муҳоҷирони банладешӣ ҳастанд ва бояд ба Бангладеш боз гарданд. Ва аз сӯи дигар ин масъла дар байни аҳзоби сиёсии ин кишвар барои бақои қудрат ва ё сари қудрат омадан ба бозии сиёсӣ низ табдил шудааст.

Оморҳо нишон медиҳад, ки тайи солҳои 1978 сесад ҳазор тан, 1988 як саду панҷоҳ ҳазор нафар, соли 1991 тахмин панҷ сад ҳазор нафар ва дар 1992 низ ҳазорон мусалмон бо сабаҳои фишору таъқиб, хушунату таҷовуз ва ғайр аз Миянмор берун карда шудаанд. То соли 1970 Руҳингиё ба унвони ақалият-муҳоҷиршуда ҳам бошад-шинохта мешуд, вале  аз соли 1982, пас аз ислоҳоти қонуни шаҳрвандӣ ҳукумати низомии Миянмор мусалмонони Руҳингиёро шаҳрванди ин кишвар надонист ва ба ҳамин буҳрони ин кишвар авҷ гирифт.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз ин, ки бритониягиҳо дар соли 1834 қаламрави мустамликаҳои худро аз шибҳи қораи ҳиндӣ ба Миянмор густариш бидиҳанд, аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ бахше аз импературии Гургониҳои Ҳинд дар ҳоли ҳозир бахше аз Миянмор маҳсуб мешавад ва баъд аз он, ки 1948 инглисҳои аз ин минтақа ақибнишинӣ карданд, тамоми қавмиятҳои минтақаро ҷамъу муттаҳид карда кишваре бо номи Миянмор ташкил гардид ва байни он қавмиятҳо Иттиҳодияи Руҳингиё ҳам ҳузур дошт.

Аммо дар ҳоли ҳозир давлати Миянмор ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки мусалмони Руҳингиёро ҳамчун шаҳрванди худ эътироф кунад ва ба онҳо тобеияти шаҳрвандӣ бидиҳад, балки мегӯяд, мусалмонон аслан мардумони муҳоҷиршудаи Бангладеш - Ҳиндустони бузурге, ки аз соли 1947 ба баъд ба се кишвари алоҳида: Покистону Ҳиндустон ва Бангладеши ҳозира тақсим шуданд, ҳастданд. Мутаассифона, Бангалдеш ҳам онҳоро ҳамчун шаҳрванди ин кишвар ба расмият намешиносад. Ба ҳамин хотири афроди беҳуввият ва бетабааи шаҳрвандӣ шинохта мешаванд. (Ин матлаб бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни интернетӣ таҳия шудааст).

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi