23:44:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Украина: Референдум ба Қрим мебарад. Интихобот ба куҷо?

Рӯзи якшанбеи гузашта дар ду минтақаи Украинаи шарқӣ: Донетск ва Луганск  раъйпурсӣ баргузор гардид. Дар ин раъйпурсӣ мардуми ин минтақаҳо мебоист ба саволи он ки дар ҳайати Украина бимонанд ва ё давлати мустақил эълон шаванд, посух медоданд.

Ҷудоихоҳон: раъйпурсӣ баргузор шуд!

1-ukrain 45454545Бояд гуфт, ки баъди дар санаи 22-феврали соли ҷорӣ бо роҳи зӯрӣ барканор шудани президент Янукович як иддаъ мардуми ин минтақа аз ин табаддулоти давлатӣ ибрози норозигӣ карда, ҳукумати марказии тоза ба сари қудрат омадаро ба расмият нашинохт ва дар посух дар ҳудуди хеш ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро таъсис дод.

Раҳбарони ҳукумати тоза ба қудратрасида аз ин нофармонӣ ба ғазаб омада, мардуми ин минтақаро ҷудоихоҳ ва террорист эълон намуда болои онҳо бо истифода аз Артиши миллӣ ҳамла намуд. Дар набардҳое, ки байни артиши давлат ва нируҳои мусаллаҳи ҷудоихоҳон ба вуқуъ пайваст, даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафари дигар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди ин ба ҳукуматдорон муяссар нагардид, ки сади роҳи баргузории референдум шаванд ва раъйпурсӣ билохира рӯзи 11-уми май баргузор гардид. Натоиҷи раъйдиҳӣ, ки ташаббускорони он дар Донетску Луганск субҳи рӯзи душанбе онҳоро эълон карданд, бар он далолат мекунанд, ки дар умум беш аз 90 дар сади мардуми ин минтақаҳои Украина тарафдори онанд, ки дар як давлати алоҳида зиндагонӣ кунанд.

Ҳукуматдорон ва Ғарб: раъйпурсӣ ғайриқонунӣ буд!

Вале ҳукуматдорони Украина ва раҳбарони кишварҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ин раъйпурсиро муғойир ба қонунҳои ҷории Украина ва қонунҳои байналмилалӣ дониста онро эътироф накарданд. Ва боз Русияро муттаҳам ба он донистанд, ки дар ин кор даст дорад ва нияти ин минтақаҳоро дар оянда мисли нимҷазираи Қрим ба худ ҳамроҳ кардан дорад. Воқеан чунин ба назар мерасад, ки сенария ҳамон сенарияи ҳамроҳ кардани Қрим аст.

2-ukrain 45454545Вале бояд гуфт, ки дар Қрим русҳо инкор намекарданд, ки нируҳои низомии дар нимҷазира расман мустақар будаашон, кумаки хешро дар таъмини амнияти баргузории раъйпурсӣ ошкор мерасонданд. Вале дар рӯйдодҳои шарқи Украина бошад ба назар мерасад Русия талош дорад то дар бораи дахолаташ ба таҳаввулоти ин ҷо камтар ҳарф бизананд.

Ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки суботу оромӣ дар ин минтақаҳо ҳифз шавад. Чунончи Владимир Путин, президенти Русия чанд рӯз қабл аз баргузории референдум аз раҳбарони "ҷумҳуриҳои  мардумии Донетску Луганск" хоҳиш кард, ки ба хотири муташанниҷ нашудани авзо аз баргузории чунин раъйпурсӣ худдорӣ намоянд. Аммо, чи тавре ки дидем, ин даъвати Путинро раҳбарони Донетск ва Луганск нодида гирифтанд ва раъйпурсӣ баргузор гардид.

Дархости ҳамроҳшавӣ ба Русия. Оқибаташ чист?

Раҳбарони "ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск" дар идома по фарохтар монданд. Онҳо аз раҳбарони Русия расман дархост карданд, ки ҷумҳуриҳои онҳоро ба ҳайати Федератсияи Русия қабул намоянд. Акнун Русия дар як ҳолати хеле ногувор мондааст. Агар ба дархости раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ ҷавоби мусбат бидиҳад яқин аст, ки мавриди фишорҳои шадиди кишварҳое ба мисли ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор хоҳад гирифт.

3-ukrain 45454545Он гоҳ на танҳо таҳримҳои иқтисодӣ болояш шадидтар хоҳанд шуд, балки имкони рух додани муноқишаҳои низомие байни ин кишварҳо аз эҳтимол дур нест. Ба ин омодагиҳои нирӯҳои низомии ИМА ва кишварҳои НАТО, ки ҳамагӣ дар атрофи Русия  дар ин авохир ба вуқуъ мепайванданд ва хабарҳои дар матбуоти Олмон нашршуда дар хусуси дар сафи нируҳои низомии давлати Украина ҳузур доштани 400 зархариди амрикоӣ ва ширкати онҳо дар ҷангҳои зиддиҷудоихоҳон равшан далолат медиҳанд.

Аз тарафи дигар агар Русия ба дархости раҳбарони ҷудоихоҳон ҷавоби мусбат надиҳад, он гоҳ ин маънои онро хоҳад дошт, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Украина ба дарозо хоҳад кашид ва оқибатҳои ногувори он ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии на танҳо худи Русия ва Украина таъсири манфии худро хоҳад расонд. Дар бораи оқибатҳои фоҷиабори рухдодҳои Украина дар нишасти сарони кишварҳои Русия, Қирғизистон, Арманистон, Белоруссия ва Тоҷикистон, ки дар Маскав дар арафаи Рӯзи ғалаба баргузор гадид, низ ибрози нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон: Мо тарафдори ҳалли мусолиматомези қазияем

Ин бори аввал буд, ки раҳбарони  панҷ кишвари собиқ шӯравӣ вазъи дар Украина ба амаломадаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Воқеан, бори аввал андешаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пиромуни ҳаводиси атрофи Украина баъди ин нишаст расонаӣ шуданд.

"Мо ҷонибдори онем, ки бӯҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез ва тавассути гуфтугӯю муколамаи созанда ҳалли худро ёбад", - изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон дар он нишаст. Ӯ инчунин дар бораи шабеҳи воқеаҳои солҳо навадуми Тоҷикистон будани ҳаводиси имрӯзаи Украина ибрози назар намуд. Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кард, ки Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандии хеш 157 ҳазор нафар сокини худро қурбон намудааст.

Дар ҳамин ҳол Президенти Тоҷикистон танҳо сиёсатмадори шинохтае набуд, ки дар бораи ҳаводиси Украина ибрози назар намудааст. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва руҳонии маъруфи кишвар дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо бахши русии радиои БиБиСи гуфтааст, ки дар масъалаи муноқишаи Русия бо Украина Тоҷикистон бояд мавқеи Русияро ҳимоят кунад:

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода: Мардуми Тоҷикистон бояд дар канори Русия бошад"

"Агар Русияро кишваре дӯст ва муҳимтарин шарики стратегии худ ҳисоб кунем, бояд ба сурати ошкор аз ӯ ҳимоят ва пуштибонӣ кунем, ҳамон тавре ки кишварҳои Аврпоӣ аз иқдомҳои ИМА ҳимоят мекунанд. Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бояд дар канори Русия қарор гирифта, ошкоро инро эълон бикунанд.

Ман аз асос мухолифи инқилоб ҳастам, мухолифи тағйири ҳукумат аз роҳи хушунат ҳастам. Ба ҳамин далел, ман тарафдори Майдон-и Украина нестам.

Хонаводаи мо сарнагунии Януковичро ғайриқонунӣ меҳисобад ва дуруст ба ҳамин далел аст, ки ман аз иқдомоти Русия дар Украина ҳимоят мекунам. Ғарб, ки муддаии ҳокимияти қонун аст, аммо дар мавриди Украина, чашмони худро аз нақзи ошкори қонуни асосии Украина баст.

Бо ин ҳол, ман ҷонибдори худи Янукович ва равиши ҳукуматии ӯ нестам, аммо мӯътақидам, ин имкон вуҷуд дошт, ки аз хунрезӣ ва фурӯпошии кишвар ҷилавгирӣ бишавад агар мухолифон то поёни мӯҳлати раёсати Янукович мунтазир мемонд; ки дар он сурат, мухолифин метавонист дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ пирӯз ояд.

Рухдодҳои Украина вазъияти соли 1992 дар Тоҷикистонро бароям ёдовар шуд, замоне ки Раҳмон Набиев - раисиҷумҳури қонунӣ ва мунтахаб, бо роҳи хушунат сарнагун гардид. Оё шумо медонед ин кор мунҷар ба чӣ чизе шуд? Мунҷар ба ҷанги шаҳрвандии хунине шуд, ки шумори кушташудагон ба ҳазорҳо шумурда мешавад...".

Интихоботи президентӣ чӣ медиҳад?

Дар ҳамин ҳол 25-уми май дар Украина бояд интихоботи президентӣ баргузор гардад. Беш аз 20 нафар сиёсатмадор, намояндагони азҳобу созмонҳои мухталиф дар ин сабқат ширкат мекунанд. Бархе аз онҳо, ба хусус номзадҳое, ки ҷонибдори муносибатҳои ҳасана бо Русия буданд, дар натиҷаи фишорҳои мухталиф аллакай аз идомаи мубориза даст кашиданд.

Тибқи назарсанҷиҳо ва пешгӯиҳои таҳлилгарон ду нафар беш аз дигарон шанси дар интихобот пирӯз шуданро доранд. Инҳо Пётр Порошенко, собиқ вазири иқтисоди Украина, яке аз миллиардерҳои ин кишвар ва Юлия Тимошенко, собиқ сарвазири Украина мебошанд. Аз рӯи баъзе хабарҳо ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣҷонибдори онанд, ки дар ин интихобот Порошенко ғолиб ояд.

Зеро нуфузи ӯдар ҳоли ҳозир нисбат ба дигар рақибонаш миёни мардум бештар аст. Интизориҳо аз интихоботӣ президентӣ дар Украина гуногунанд. Бархеҳо бар ин назаранд, ки интихоби қонунии президент дар оянда ташаннуҷи авзоро дар ҷомеъа коҳиш диҳад. Зеро президенти навинтихобшуда ҳукуматеро иваз хоҳад кард, ки ғайриқонунӣ ба сари қудрат омадааст.

Ва шояд онҳое, ки ин ҳукуматро имрӯз қабул надоранд, онро таҳаммул кунанд. Қисмати дигар чунин фикр доранд, ки интихоботи президентӣ дар Украина зиддиятро дар дохили собиқ мухолифини ҳукумати Янукович барои расидан ба қудрат вусъат бахшида мунҷар ба шикоф дар дохили онҳо мешавад. Ин бошад таъсири манфии худро ба вазъияти сиёсиву иқтисодии Украина хоҳад расонд.

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi