07:13:51 13-уми Июни 2025 сол

БАРАК ОБАМА БА ОСИЁ ОМАД

Имрӯз Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, дар чаҳорчӯби силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Осиё вориди Ҷопон шуд. Ин силсилабоздидҳо 10 рӯз давом мекунад.


Интизор меравад, ки дар музокироти миёни Обама ва Юкио Ҳатояма, нахуствазири Ҷопон, масъалаи боло рафтани қудрати иқтисодии Чин, тағйири иқлим ва равобити амниятӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Равобити амниятии Амрикову Ҷопон ахиран сард шудааст. Нахуствазири нави Ҷопон баъд аз гирифтани ин мақом гуфт, бояд пойгоҳи низомии Амрико аз ҷазираи Окинаваи Ҷопон хориҷ шавад.

 

Дар чаҳорчӯби нахустин сафараш ба Осиё Барак Обама ҳамчунин аз Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва Чин дидан хоҳад кард. Коршиносон мегӯянд, чолиши асосии Обама дар ин сафар он хоҳад буд, ки то чӣ андоза нигарониҳои кишварҳои минтақаро аз афзоиши нуфузи Чин бартараф хоҳад кард.

 

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854