03:14:49 04-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОД АЗ МУҲОКИМАИ ХОЛИД ШАЙХ МУҲАММАД

Тасмими давлати Амрико барои муҳокимаи Холид Шайх Муҳаммад ва чаҳор тани дигар дар Ню-йурк ба интиқоди тунди ҷумҳурихоҳон рӯбарӯ шудааст. Холид Шайх Муҳаммад ба созмондиҳии ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2001 муттаҳам шудаааст.

 

Ин панҷ тан қарор аст дар як додгоҳи ғайринизомӣ дар наздикии маҳалли бурҷҳои тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-йурк муҳокима шаванд. Мич Мак Конел, раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳи Маҷлиси сено мегӯяд интиқоли ин афрод аз боздоштгоҳи Гуантанамо ба хоки Амрико, шаҳрвандони ин кишварро дар маърази таҳдиде ғайризарурӣ қарор медиҳад. Муҳокимаи ин панҷ тан дар ростои барномаи оқои убомо барои таътил кардани боздоштгоҳи Гуантанамо анҷом мешавад.

 

Эрик Ҳолдер, додситони кулли Амрико рӯзи ҷумъа дар як ҷаласаи матбуъотӣ эълом кард панҷ фарди муттаҳам ба даст доштан дар ҳамалоти ёздаҳуми сентябр дар як додгоҳи федерол муҳокима хоҳанд шуд Ӯ гуфт аз додситонҳои парванда хоҳад хост барои судури ҳукми эъдоми ин муттаҳамон талош кунанд.

 

Аммо сенотур Мак Конол ин тасмимро барои амнияти Амрико мухотираангез донист ва гуфт ин кор шаҳрвандони Амрикоро дар маърази таҳдиде ғайризарурӣ қарор медиҳад. Майкл Мукейзӣ, охирин додситони кулли давлати Ҷурҷ Буш ҳам аз ин иқдом интиқод кардааст. Оқои Мукейзӣ гуфт:

 

"Вазорати додгустарӣ иддаъо мекунад, ки додгоҳҳои мо барои ин кор омодагӣ доранд. Бар асоси таҷрибае, ки дар баргузории чунин муқокимоте дорам ва бар асоси он чи дар даврони додситонии кул дидаам, мегӯям ин тавр нест."

 

Сенатор Ҷон Мак Кейн, рақиби ҷумҳурихоҳи Борок Убомо ҳам гуфтааст ба ҷои додгоҳҳои ғайринизомӣ, муттаҳамон ба терроризм бояд дар маҳкамаҳои низомӣ муҳокима шаванд. Бар хилофи ҷумҳурихоҳон, демукротҳо аз ин иқдом тақдир кардаанд. Патрик Лиҳи, сенотури демукрот ва раиси кумитаи қазоии Маҷлиси сено дар таъйиди ин тасмим гуфтааст, ин кор нишон медиҳад Амрико ба низоми қазоии худ бовар дорад.

 

Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню-йурк, ки аз назари сиёсӣ мустақил аст, низ аз муҳокимаи ин афрод дар наздикии вайронаи Бурҷҳои дуқулу (дугоник) ҳимоят кардааст. Илова бар Холид Шайх Муҳаммад, ду яманӣ, як шаҳрванди Арабистони Саъудӣ ва як покистонӣ қарор аст барои муҳокима ба Ню-йурк мунтақил шаванд.

 

Ҳанӯз таърихи муҳокимаи ин афрод мушаххас нест, вале ба гузориши расонаҳои Амрикоӣ, Кунграи ин кишвар ҳадди ақал 25 рӯз қабл аз интиқоли ин панҷ нафар ба хоки Иёлоти Муттаҳида бояд аз ин иқдом огоҳ шавад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854