02:49:38 04-уми Июни 2025 сол

НОМЗАДИ ОҚОСУЛТОН: НИДО ФАРДЕ СИЁСӢ БУД

Коспиян Мокон, номзади Нидо Оқосултон, духтаре, ки дар ҷараёни нооромиҳои баъд аз интихоботи Эрон кушта шуд, ки ахиран аз Эрон хориҷ шуда, дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ ишора карда, ки номзадаш бар хилофи он чи то ба ҳол гуфта шуд, фарде сиёсӣ будааст.

 

Оқои Мокон, ки пас аз кушта шудани Нидо Оқосултон дар гуфтугӯ бо расонаҳо дар бораи ӯ ва ангезааш аз ҳузур дар эътирозҳои хиёбонӣ суҳбат карда буд, чанд рӯз баъд боздошт шуд ва ҳудуди ду моҳ дар зиндон ба сар бурд. Нидо Оқосултон дар ҷараёни яке аз тазоҳуроти муътаризон дар рӯзи 30 хурдод ба зарби гулӯла дар Теҳрон кушта шуд ва филми ҷон додани ӯ, ки зоҳиран бо телефони ҳамроҳ бардошта шуда буд, дар шабакаҳои интернетӣ мунташир ва сипас дар шабакаҳои телевизиюнӣ дар саросари ҷаҳон пахш шуд.

 

Оқои Мокон, ки ахиран аз зиндон озод шуда, ба хориҷ аз Эрон омадааст ва дар нахустин мусоҳибааш пас аз озодӣ аз иттифоқе, ки барои ӯ дар ҷараёни боздоштан рух дода, таъриф кард. Ӯ дар ин гуфтугӯ, ки бахшҳое аз он дар ҳафтаномаи Обзервер низ мунташир шуда, ба нукоте дар бораи хонум Оқосултон ва ангезааш ишора кардааст, ки чеҳраи ҷадиде аз ӯ муъаррифӣ мекунад.

 

Оқои Мокон дар ин мусоҳиба таъкид карда, ки номзадаш аз назари сиёсӣ фарде фаъол буда ва гуфтааст: "Нидо аз рӯзи нахуст дар сафи пеши муътаризон қарор гирифт. Ӯ зотан руҳияи раҳбарӣ дошт ва бисёре (аз муътаризон)-ро ба сӯйи худ ҷазб мекард. Фикр мекунам ба ҳамин далел ҳадаф қарор гирифт. Ҳукумати Эрон ва мақомҳои амниятии он, ӯро таҳаммул намекарданд ва мехостанд, ки ӯро аз байн бибаранд."

 

Коспиян Мокон ҳамчунин гуфт, ки номзадаш дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тарафдори ҳеҷ кадом аз номзадҳои аслии рақиби Маҳмуди Аҳмадинажод набудааст.

 

Бино ба навиштаи Обзервер, Коспиян Мокон дар моҳи сентябр пас аз гузаронидани ду моҳ дар зиндон, ки бахше аз онро дар селули инфиродӣ буда, ба қайди васиқа озод шуда ва қарор буда, ки муҳокима шавад, аммо чанд рӯз баъд аз озодӣ аз марзи заминии Эрон фирор кард.

 

Ӯ ҳангоми озодӣ таъаҳҳуд дод, ки дигар ҳаргиз дар бораи марги Нидо Оқосултон суҳбат накунад. Онекс Мак Квин, коргардоне, ки дар ҳоли сохти филми мустанаде дар бораи Эрон аст, чанд рӯз пас аз хуруҷи оқои Мокон аз Эрон, бо ӯ гуфтугӯ кардааст. Оқои Мокон гуфтааст, ки дар ҷараёни боздошташ башиддит кутак мехурдааст ва таҳдид мешуд, ки ба эъдом маҳкум хоҳад шуд.

 

Нидо Оқосултон ва тасовире, ки аз охирин лаҳазоти ҳаёти ӯ интишор ёфт, ба яке аз нумодҳои ҳаракати эътироз алайҳи натиҷаи интихобот ва хушунати давлат бо муътаризон бо муътаризон табдил шуда, ки ба "ҷунбиши сабз" шуҳрат ёфтааст.

 

Чанде пеш коллеҷи Квинз, аз коллеҷҳои ташкилдиҳандаи донишгоҳи Оксфорд дар Бритониё, эълом кард бурсе таҳсилӣ ба номи Нидо Оқосултон таъсис мекунад ва онро дар ихтиёри ду донишҷӯйи фалсафа дар мақтаъи фавқулисонс қарор медиҳад. Эломи ин хабар бо вокуниши манфии сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Лондон мувоҷеҳ шуд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854