08:11:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Горбачёв: "Ҷаҳон дар остонаи як ҷанги сард қарор дорад"

Михаил Горбачёв, раҳбари пешини Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, таниш миёни Русия ва Ғарб бар сари бӯҳрони Украина, ҷаҳонро дар остонаи як Ҷанги сарди нав қарор додааст.

gorbachev 546598Охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравии пешин Михаил Горбачёв рӯзи 8 ноябр дар пойтахти Олмон зимни маросиме ба муносибати 25-умин солгарди фурӯпошии "Девори Берлин" гуфт, "ҷаҳон дар остонаи як Ҷанги сарди нав аст. Ҳатто бархе мегӯянд, ки Ҷанги сард шурӯъ шуда ва вуҷуди ин, дар ҳоле ки вазъият бисёр драматик аст, аз амалкарди созмонҳои аслии байналмилалӣ хабаре нест. Яъне ки Шӯрои Амнияти СММ нақше бозӣ накарда ва кореро пеш набурдааст."

Оқои Горбачёв Ғарб ва ба хусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ, пас аз фурӯпошии низоми коммунистӣ ба ҳавобаландӣ ва ғурури "пирӯзмандона"-и худ дода шуд. Ӯ афзуд, ки ба ҳамин далел, қудратҳои ҷаҳонӣ дар муқобила бо бӯҳронҳо дар Югославияи собиқ, Ховари Миён ва акнун дар Украина нотавон будаанд. Аз моҳи апрели соли ҷорӣ, дар ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина беш аз чаҳор ҳазор нафар кушта шудаанд.

Михаил Горбачёв гуфт, ки Аврупо ба ҷои табдил шудан ба як раҳбар барои овардани тағйир дар сатҳи ҷаҳон, ба арсаи хушунатҳои сиёсӣ, рақобат бар сари густариши доираи нуфуз ва дар ниҳоят даргириҳои низомӣ мубаддал шудааст. Ин аст, ки ба гуфтаи охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравии пешин, Аврупо ногузир дар роҳ ба сӯи заиф шудан аст. Вай гуфт, ки бояд аз тариқи гуфтугӯ фазои боварӣ ва эътимод бо Маскав ба миён биояд.

Ӯҳамчунин пешниҳод кард, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳримҳо алайҳи мақомоти русиро бардоранд. Ин таҳримҳо алайҳи Русия бинобар пайвастшавии нимҷазираи Қрим дар моҳи март ва ҳамчунин иттиҳоми дахолати Маскав дар Украина ҷорӣ шудаанд.

Ҷашни серӯза дар Олмон ба ёдбуди инқилоби мусолиматомез баргузор мешавад, ки дар натиҷаи он марзбонони Олмони шарқӣ дарвозаҳоро ба рӯи ҳамтаборони худ аз Олмони ғарбӣ дар нуҳуми ноябри соли 1989 боз карданд ва ҷамъияти зиёди мардум иҷоза ёфтанд, ки озодана рафту омад кунанд. Мақомоти Олмони шарқӣ ин деворро дар моҳи августи оли 1961 сохтанд то аз хуруҷи дастаҷамъии афрод ба Ғарб пешгирӣ кунанд. Як сол баъд аз ин рӯйдод, Олмон дар моҳи октябри соли 1990 дубора муттаҳид шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi