01:47:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Вуруди тонку нирӯҳо аз Русия ба шарқи Украина

НАТО мегӯяд, ду рӯз боз ҳаракати корвонҳои пур аз таслиҳоти Русия ба самти шарқи Украинаро мушоҳида мекунад. Вазири дифоъи Украина гуфт, вазифаи асосии зудро дар марҳалаи кунунӣ дар омодагӣ ба “иқдоми низомӣ” мебинад.

tanki-rus-1215455.jpgПаймони низомии НАТО мегӯяд, ду рӯз боз ҳаракати корвонҳои пур аз таҷҳизоти низомии Русия ба самти вилоёти ошӯбзадаи шарқи Украина мушоҳида мекунад. Фармондеҳи аршади НАТО Филип Бридлов рӯзи 12 ноябр дар София, пойтахти Булғористон гуфт, ин корвонҳо аз тонкҳо, тӯпхонаҳо, шабакаҳои дифои зиддифавоӣ ва нирӯҳои ҷангӣ иборатанд. Ӯ афзуд, “мо дар ҳоли ҳозир ягон тасвири хуберо намебинем.”

Вазорати дифоъи Русия баъдан ҳузури низомиҳояш дар Украинаро рад кард. Интерфакс аз қавли сухангӯи ин вазорат генерал-майор Игор Конашенков хабар дод, ки гуфтааст, чунин баёнияҳо "дар пушти худ ягон далел надоранд."

Вале изҳороти фармондеҳи НАТО ба дунболи гузориши САҲА аст, ки мегӯяд, нозиронаш корвони иборат аз 43 мошини низомии бидуни ягон рақамро мушоҳида кардаанд. Аз ин шумор 5 мошин ҳомили тӯпхонаҳов аа 5 мошини дигар ҳомили шабакаҳои  мушакандоз буда, рӯзи 11 ноябр ба сӯи Донетск – як пойгоҳи умдаи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина – ҳаракат мекарданд.

Ин охирин ахбор аз силсилаи гузоришҳои рӯзҳои охир дар бораи ҳаракати мошинҳои низомӣ ва силоҳҳои сақил ба сӯи манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украина аст.

Ин мушоҳидаҳо тарси боз ҳам шиддати бештар гирифтани низоъ дар вилоятҳои ҷудоиталаби Донетску Луҳанскро бештар мекунад. Ҷангҳо дар ин минтақа аз моҳи апрел ба ин тараф мунҷар ба ҳалокати беш аз 4 000 нафар шуда, танҳо баъди оташбаси рӯзи 5 сентябр як каме хомӯш шуданд. Мушоҳидаҳои ахир ҳамин тавр, бар иловаи ончист, ки Киев ва НАТО шаҳодати фаровони пуштибонии низомии мустақими Русия аз ҷудоиталабони тарафдораш дар шарқи Украина ба қалам медиҳанд. Ин ҷудоихоҳон алакай қисматҳои бузурге аз вилоятҳои Донетску Луҳанск, бо шумули марказҳои маъмурии ин ду вилоятро тасарруф кардаанд. Русия ҳар навъ даст доштанаш дар таҳрики ҷудоиталабӣ дар шарқи Украинаро рад мекунад.

Низоъ дар шарқи Украина, ки дар пайи суқути ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Янукович дар Киев дар моҳи феврал ва тасарруфи нимҷазираи аксаран русзабони Қрим аз сӯи Русия дар моҳи март оғоз ёфт,  равобити Маскав бо Ғарбро ба ҳадди даврони Ҷанги сард овардааст. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ва муттаҳидини онҳо алакай бар зидди Русия, алалхусус алайҳи атрофиёни раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин дастикам 4 бастаи таҳримот ҷорӣ кардаанд.

Вазири дифоъи Украина Степан Полторак дар ҳамин ҳол, дар Киев гуфт, нирӯҳои давлатӣ алакай ба манзури омодагӣ ба задухӯрдҳо бо ҷудоиталабони тарафдори Русия аз нав ҷобаҷо мешаванд.  Полторак дар ҷаласаи ҳукумати Украина гуфт: “Мо нирӯҳои мусаллаҳамонро ба хотири посух ба иқдомоти ҷангиён табдили мавқеъ мекунем.  Ман вазифаи асосиамро дар омодагӣ ба иқдоми низомӣ мебинам.”

Сухангӯи низомиҳои Украина рӯзи 11 ноябр гуфт, чирикиҳо нирӯҳои худро, аз ҷумла дар атрофи бандари муҳими Мариупол дар вилояти Донетск, тақвият медиҳанд. Мариупол  дар ҳоли ҳозир таҳти назорати нирӯҳои давлатии Украина қарор дорад, вале ҷудоиталабон кайҳо боз муштоқи касби назорат бар ин бандар ҳастанд.

Ҳамчунин рӯзи 12 ноябр мушакборони шадид Донетскро такон додааст. Хабарнигори Франс Пресс гуфт,  ин мушакборон аз як мавқеъи воқеъ дар наздикии маркази шаҳр ба сӯи нирӯҳои давлатии Украина, ки дар атрофи фурудгоҳи Донетск сангар нишастаанд, сурат гирифтааст. Бо вуҷуди оташбаси рӯзи 5 сентябр, қариб ҳар рӯз аз атрофи фурудгоҳи Донетск дар бораи тирандозиҳо гузоришҳо ба даст мерасанд. Филип Бридлов, фармондеҳи аршади НАТО гуфт, оташбас дар шарқи Украина “танҳо ба ном” риоя мешавад.”

Дар вилоятҳои Луҳанску Донетск тақрибан 6,5 миллион нафар аз 46 миллион аҳолии Украина ба сар мебаранд. Тақрибан нисфи аҳолии ин ду вилоятро русзабонҳо ташкил медиҳанд. Ҷудоиталабони Луҳанску Донетск дар моҳи май аз таъсиси ду “Ҷумҳурии мардумӣ” дар ин манотиқ хабар доданд. Вале дар Киев ва Ғарб мӯътақиданд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи Украина аз сӯи Маскав ҳидоят ва бо пулу нирӯву силоҳ таъмин мешаванд. Маскав инро рад мекунад, вале борҳо гуфтааст, ба хотири ҳимоят аз аҳолии русзабон омода мебошад.

Амрико ду рӯз пеш Русияро ҳушдор дод, ки рехтани равған ба оташи ҷанг дар шарқи Украинаро бас кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi