03:01:30 14-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Башор Асад: "Ҷанг дар Сурия тӯлонӣ ва душвор хоҳад буд"

Раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи "Paris Match", чопи Фаронса, ки рӯзи панҷшанбе 4 декабр мунташир шуд, гуфтааст, ки интизор дорад даргириҳои кишвараш тӯлонӣ ва душвор бошад. Оқои Асад дар айни ҳол хотирнишон кардааст, ки артиши Сурия шӯришиёнро шикаст хоҳад дод ва ӯ аз қудрат канорагирӣ намекунад.

bashar-asad-89986554Вай таъкид кард, "ҳеҷ касе наметавонад пешбинӣ кунад, ки ҷанг бо шӯришиёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва дигар душманонаш чӣ вақте поён хоҳад ёфт, вале онҳо аз тасаллут бар мардуми ин кишвар ноком хоҳад монд ва аз артиш хоста шудааст, ки пешравӣ кунад."

Ҳамзамон бо интишори мусоҳибаи Башор Асад, гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки дар ҷараёни ҳамлаи гурӯҳи Давлати исломӣ ба пойгоҳи ҳавоии Дай-аз-Зур дар шарқи он кишвар, 19 сарбози суриягӣ кушта шуданд.

Раиси ҷумҳури Сурия дар бораи вазъияти артиши ин кишвар гуфтааст, "артиш наметавонад ҳамзамон дар ҳама ҷо ҳузур дошта бошад. Вақте ҳам артиш набошад, террористҳо аз фурсат истифода мекунанд, то аз марз убур карда ва минтақаи дигареро рахна кунанд."

Вай афзуд, "масъала бар сари ҷанг миёни ду артиш нест... мо бо гурӯҳҳои террористӣ рӯбарӯҳастем, ки ба як шаҳр ё деҳа нуфуз мекунанд. Бинобар ҳамин, ин ҷанг тӯлонӣ ва душвор хоҳад буд."

Вай дар изҳороти худ ҳамчунин аз ҳамлаҳои ҳавоии артиши Амрико ба пойгоҳҳои гурӯҳи Давлати исломӣ, ки аз моҳи сентябр дар ҷараён аст, ба унвои "дахолати ғайриқонунӣ" ёд кард, ки ба гуфтаи вай, тағйире дар вазъияти ҷанг алайҳи ин гурӯҳ ба вуҷуд наовардааст.

Раиси ҷумҳури Сурия дар посух ба ин пурсиш, ки оё барномае барои канорагӣ аз қудрат ба унвони як роҳи ҳали бӯҳрони ин кишвар мебинад, гуфт, "ҳукумат монанди як киштӣ аст. Нохудо (капитан) наметавонад дар вазъияти тӯфонӣ киштиро тарк кунад. Ӯ киштиро тарк намекунад. Агар лозим бошад, ки мусофирон киштиро тарк кунанд, ӯ охирин нафаре хоҳад буд, ки онро тарк мекунад."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi