13:47:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шарики Виктор Бут ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Ричард Аммар Чичаклӣ - шарики “тоҷири марг” Виктор Бут, ки дар Амрико ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, панҷ соли ояндаро дар маҳбаси ИМА ба сар хоҳад бурд.

victor-but-65895487Додгоҳи федероли ҳавзаи ҷанубии Ню Йорк коршарики соҳибкори рус ва зодаи Тоҷикистон Виктор Бут - Ричард Аммар Чичаклиро бо иттиҳоми аъмоли зидди таҳримҳояи молиявӣ, шустушӯи пул ва қаллобӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ба ғайр аз ин вай вазифадор шуд, ки 1 миллиону 770 000 доллар ҷарима супорад.

Чичаклӣ, ки шаҳрвандии Сурия ва Амрикоро дорад дар моҳи январи соли гузашта дар Австралия боздошт шуда ва баъд аз панҷ моҳи ҳабс ризоият дод, ки ба ИМА истирдод шавад. Сар аз соли 1997 вай ҳисобчӣ ва дератр мудири молии ширкати Виктор Бут - Metavia Airlines буда, дар соли 2000 дар Тексаси Амрико ширкати дигари Бут - San Air General Trading FZE LLC-ро таъсис дод ва пас аз ду сол шӯъбаи Airbus Transportation-ро, ки низ ба Бут тааллуқ дорад, боз намуд.

Соли 2000 СММ зидди Бут таҳрим ҷорӣ намуд ва ӯро дар расондани силоҳ ба президенти пешини Либерия Чарлз Тейлор ва гурӯҳи анголии УНИТА айбдор кард.

Тафтишот исбот кардааст, ки Чичаклӣ зери номҳои Роман Седеров ва Роберт Канниг шиноснома доштааст. Пеш аз ин вай бо номи Дэвид Вайзман ҳамчун шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ ва Ҷиҳод ал-Мустафо, шаҳрванди Сурия шиноснома дошт.

Баъд аз фирор аз ҳабс Чичаклӣ дар Маскав ба сар мебурд. Ҳамчун намояндаи ширкати BBC Consulting вай дар хусусигардонии “Роҳҳои ҳавоии Тоҷикистон” ширкат кард, ба Сурия дар ташкили ширкати нақлиётии Triumph Airways и C Air Jet/Syrjet иштирок намуд ва ҳам ба ҳукумати Русия дар ташкили таксии ҳавоӣ машварат дод.

Сипас номи ӯ дар парвандаи Виктор Бут рӯ зад. Бино бар маълумоти муфаттишон Чичаклӣ баъд аз эълон шудани таҳримҳои СММ зидди Бут бо номи афроди гуногун чанд ширкати нав боз кард. Яке аз ин ширкатҳо - Samar Airlinesдар соли 2007 талош кард, барои ба Тоҷикистон интиқол додани ду ҳавопаймои Boeing 727-200 ва McDonnell Douglas 83 созишнома ба имзо расонад. Бут ва Чичаклӣ 1 миллиону 700 000 доллар пешпардохт низ гузаронданд. Аммо Вазорати молияи Амрико аз ин тиҷорат огоҳ гашт ва онро боздошт. Бо ҳамин иттиҳом Амрико истирдоди Бутро аз Тайланд дархост намуд.

Виктор Бут соли 1967 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи махсуси омӯзиши забони немисиро дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) хатм кардааст. Аз давраи зиндагии ӯ дар Душанбе маълумоти зиёде дастрас нест, вале бар асоси хабарҳои дарёфтӣ, падараш устои оддии мошин ва модараш низ як муҳосиби оддӣ будаанд. Виктор Бут ҳанӯз дар овони мактабхонӣ забони немисӣ ва ҳам забони байналмилалии эсперанторо, ки он замон мӯд буд, аз бар мекунад.

Баъди хатми омӯзишгоҳи низомии Қазон ва як муддат хидмат дар ҳавзаи низомии Закарпатйеи Украина Бут ба Донишкадаи низомии забонҳои хориҷӣ дар Маскав дохил шуда, дар инҷо забони португалиро аз худ мекунад.

Бут дар соли 2012 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi