21:04:43 12-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Гаравгонгирӣ дар маркази шаҳри Сидней

Афроди мусаллаҳ рӯзи душанбе бо дохил шудан ба як кафетерия дар маркази шаҳри Сидней дар Австралия, якчанд нафарро ба гаравгон гирифтаанд.

garavgongiri-6585454Шуморе аз афроди мусаллаҳ имрӯз, 15 декабр дар шаҳри Сиднейи Австралия теъдоде аз шаҳрвандони он кишварро дар як кафетерия ба гарав гирифтаанд ва тасвирҳо нишон медиҳад, ки дар ҷои гаравгонгирӣ парчамҳои сиёҳ бо навиштаҳои арабӣ вуҷуд дорад.

Як масъули пулис дар ин минтақа гуфтааст, ки афроди мусаллаҳ дар биное дар Майдони Мартин, шумораи номаълуми афродро гаравгон гирифтаанд. Шабакаи телевизионии СБС-и Канада шумораи гаравгонҳоро беш аз 20 нафар гуфтааст, аммо шабакаи хабарии "Скай Нюз"-и Австралия мегӯяд, наздик ба 13 нафар дар як мағоза шоколадфурӯшӣ ба гаравгон гирифта шудаанд.

Вебсайти хабарии "News"-и Австралия аз қавли мудири иҷроияи ширкати шакаладфурӯшии "Линдт", ки ба назар мерасад гаравгонгирӣ дар кафетерияи он анҷом шудааст, ин эҳтимолро матраҳ кардааст, ки аз 40 то 50 нафар дар он бошанд. Нерӯҳои вижаи Австралия вориди бахшти тиҷоратӣ ва идории шаҳр шудаанд ва пулиси шаҳр низ аз шаҳрвандони хостааст, то ҷое имкон дорад, аз наздик шудан ба маҳали ҳодиса худдорӣ кунанд.

Ҳама шабакаҳои хабарӣ дар мавриди парчами сиёҳ бо навиштаҳои арабӣ гузориш додаанд. Ин парчам дар тасвире, дар дасти касе дохили мағоза дида шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки парчами дар дасти гаравгонгирон аст, чист, аммо расонаҳо мегӯянд, ки ин эҳтимолан ин афрод шояд тарафдорон ё аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бошанд.

Зайн Алӣ, раиси мутолеоти исломӣ дар Донишгоҳи Окленд ба хабаргузории "Ассошиэйтед прессс" гуфтааст, аз рӯи наворҳои нашршуда дар расонаҳо наметавон навиштаҳои рӯи парчамро ба дурустӣ хонд, аммо ӯ муътақид аст, ки дар парчам "шаҳодатайн"  навишта шудааст.

Ҳамзамон бо гаравгонгирӣ дар маркази шаҳри Сидней, Хонаи операи шаҳр низ пас аз ошкор шудани як бастаи шубҳаовар, холӣ ва таътил шудааст.

ҶАЛАСАИ ИЗТИРОРИИ ДАВЛАТИ АВСТРАЛИЯ

Нахуствазири Австралия нишасти изтирории амниятӣ баргузор кардааст. Нахуствазири Австралия дар баёнияе бо ибрози нигаронии амиқ аз ҳодисаи шаҳри Сидней, гуфтааст, "австралиягиҳо мутмаин бошанд, ки муҳофизони тартибот ва кормандони амниятии мо ба хубӣ омӯзиш дида ва аз таҷҳизоти хубе бархӯрдоранд ва ба таври касбӣ ва дуруст ба ин ҳодиса вокуниш нишон медиҳанд."

Ӯ гуфтааст, ки ҳанӯз далели дақиқи ҳодиса маълум нест, ки онҳо кӣ ҳастанд ва чаро даст ба ин кор задаанд. Нахуствазири Австралия аз шаҳрвандони кишвараш хостааст, ки ба ҷойҳои кории худ бираванд.

Австралия узви эътилоф ба раҳбарии Амрико аст, ки дар ҳоли мубориза бо нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Ироқ мебошад. Ин кишвар пештар ҳам аз анҷом додани амалиётҳо алайҳи ин гурӯҳ хабар дода буд. Чанд моҳ пеш нахуствазири Австралия эълон карда буд, ки афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд доштаанд, як нафарро дар шаҳри Сидней бирабоянд ва сипас сари ӯро дар байни мардум аз танаш ҷудо кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi