09:56:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти "чандин нафар" аз гумонбарони ҳамлаи Порис

Сарвазири Фаронса аз боздошти “чандин нафар” дар ҷараёни амалиёти “шикор”-и афроди гумонбар ба ҳамлаи хунини 7 январ ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” хабар дод. Таъқиби ду гумонбари асосии ин ҳамла ҳанӯз идома доштааст.

gumonbaron_5845441212.jpgСарвазири Фаронса Мануэл Воллс гуфт, шаби гузашта дар ҷараёни амалиёти “шикор”-и гумонбарони ҳамлаи ахир ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” "чандин нафар" дастгир шудаанд. Аммо ӯ рақами мушаххасе дар мавриди боздоштшудаҳо наовард.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, яке аз 3 нафари гумонбари асосӣ ба даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 7 январ ба маҷаллаи ҳаҷвии “Charlie Hebdo” дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса худро таслим карда ва таъқиби ду гумонбари дигари асосӣ идома дорад. Ҳамид Муроди 18-сола, бино ба хабарҳо, субҳи 8 январ худро супурдааст.

Пулис дар манзилҳо дар шаҳри Реймс дар чорчӯби маъракаи саросарии шикори ду гумонбари дигари ин ҳамла – бародарон Саид ва Шариф Кӯчӣ, ки мутаносибан 34 ва 32 сол доранд, амалиёт доир кардааст. Амалиёти пулис ҳамчунин дар шаҳри Страссбург ва шаҳракҳои хурди атрофи Порис баргузор шудааст.

Пулис гумонбарони ҳамлаи рӯзи чоршанбе ба маҷаллаи “Charlie Hebdo”-ро, ки 12 кушта ва 11 захмӣ ба ҷо гузошт, ташхис ва аксҳои гумонбаронро нашр кардааст. Вазъи 4 тан аз захмиён сангин гуфта мешавад. Дастикам 2 нафари сиёҳпӯш бо автоматҳои Калашников рӯзи 7 январ вориди идораи маҷаллаи шуда, 8 журналист, 2 афсари пулис ва 2 нафари дигарро куштанд ва сипас савори мошин шуда, фирор карданд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ин ҳамларо “ваҳшиёна”, “амали террористӣ” ва “ҳамла ба тамоми ҷумҳурӣ” номид: “Ҷумҳурӣ ба маънои озодии баён, фарҳанг, эҷодиёт, гуногунандешӣ ва демократия аст. Ин аст чизҳое ки ин қотилон ба ҳадаф гирифтанд.” Ҳолланд гуфт, Фаронса барои он мавриди ҳамла қарор гирифт, ки кишвари озод аст. Ӯ рӯзи 8 январ дарн Фаронса рӯзи мотам эълон кард ва гуфт, парчамҳои ҷумҳурӣ барои 3 рӯз нимапойин оварда хоҳанд шуд.

Шариф Кӯчӣ дар соли 2008 низ бо иттиҳомоти марбут ба терроризм беш аз 1 солро дар зиндон сипарӣ карда буд. Пулис гумонбарони фирориро мусаллаҳ ва хатарнок қаламдод мекунад.

Бо ин ҳол, даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Фаронса ва шаҳрҳои дигари Аврупо, бо шумули Лондон, Мадрид, Амстердам ва Берлин, ба нишони ҳимоят аз озодии баёну демократия ва ҳамраъйӣ бо қурбониёни ҳамлаи 7 январи Порис раҳпаймоиҳо барпо карданд. Аксари тазҳоургарон ба нишони пуштибонии рамзӣ аз 8 журналисти кушташуда, бо шумули 4 рассоми танзнавис, қалам ба даст доштанд.

Маҷаллаи “Charlie Hebdo” асосан ба нашри тасвирҳои танзомези сиёсатмадорон ва раҳбарони рӯҳонии мухталиф, бо шумули ҳатто попи Рум, машғул буд,  дар пайи нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ва шахсиятҳои дигари ҷаҳони Ислом аз сӯи исломгароёни тундрав мавриди таҳдидҳо қарор дошт.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд билофосила баъди ҳамла гуфт, ҷои шубҳа нест, ки ин як амали террористиест, ки “бо як ваҳшонияти ношуниданӣ” анҷом шудааст. Ӯҳамчунин гуфт, “тайи ҳафтаҳои охир аз чандин ҳамлаи террористии дигар ҷилавгирӣ кардаанд.”

Ҳолланд гуфт, “беҳтарин силоҳи мо ваҳдати мост ва чсизе моро ҷудо карда наметавонад, чизе набояд моро дар муқобили якдигар қарор диҳад. Чизе набояд моро таҷзия кунад.”

Дар пайи ин ҳамла мизони омодабоши амниятӣ дар Порис ба ҳадди баландтарин, яъне таҳдиди ҳамла боло оварда шуд. Фаронса аллакай дар пайи даъватҳои ҷангиёни исломӣ ба анҷоми ҳамлаҳо алайҳи шаҳрвандон ва манфиатҳои ин кишвар барои ширкати низомиёнаш дар амалиётҳои зидди пойгоҳҳои исломгароён дар Ховари Миёна ва Африқо дар ҳолати омодағбош ба чунин ҳамлаҳо қарор дошт.

Испания низ эълон карданд, ки чораҳои амниятиро дар пиромуни иншооти калидиаш тақвият медиҳад.

Додситон Франсуа Молинс тасдиқ кард, ки ҳамлагарон ҳангоми ҳамла ба идораи маҷалла “Аллоҳу Акбар!” нидо мекарданд ва мегуфтанд, онҳо мехоҳанд “интиқоми Паёмбарро бигиранд.”

Шӯрои мусалмонони Фаронса ҳамлаи Порисро “ҳамчунин амали хеле барбарона” маҳкум кард ва аз мусалмонон хост, то аз тавтиаҳои ифротгароён канора бигиранд. Далил Бӯбакир, раҳбари ин Шӯро гуфт, “ин як амали ваҳшиёна ҳамҳунин алайҳи демократия ва озодии матбут буд” ва омилонаш набодя иддао кунанд, ки онҳо мусалмони ҳақиқиянд.

Дар ҳамлаи 7 январ сардабири “Charlie Hebdo” Стефан Шарбоне, мутахаллис ба Шарб,ҳамчунин рассомони танзнависи мутахаллис ба Кабу, Тигно ва Волински, кушта шуданд. Яке аз афсарони пулиси кушташуда нигаҳбони Шарбоне буд, ки тайи ин солҳо чандин бор таҳдиди куштан гирифта буд.

Шоҳид Бено Брингер ба як телевизиони маҳаллӣ гуфт, “ҳудуди ним соат пеш ду марди ниқоби сиёҳ дар сар бо автоматҳои Калашников вориди бино шуданд. Баъди чанд дақиқа ман садои тирҳоро шунидам.” Ӯ афзуда, ки баъдан ин ҳамлагаронро ҳангоми фирорашон дидааст.

Навори видеоие, ки телевизиони France 24.com намоиш дод,  ҳамлагаронро ниқобҳои балаклаваи сиёҳ дар сар ҳангоми паррондани як нафар дар кӯча ва савор шуданашош дар як мошини хурду фирор аз ҷои ҳодиса нишон медиҳад.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳамлаи Порисро ҳамчун ҳамлаи “мудҳиш” ва “ҳамлаи мустақим ба ҷавҳари демократия, ба матбуот ва озодии баён” маҳкум кард. Шӯрои амнияти СММ низ гуфт, “ин амали террористии ғайри қобили таҳаммул алайҳи журналистон ва як расонаро маҳкум мекунад.” Кохи Сафед ва раисиҷумҳури Амрико Барак Обама “ҳамлаҳои тарсӯёнаи шайтонӣ” алайҳи журналистон ва матбуоти озодро маҳкум карда, аз Фаронса даъват карданд, ки террористҳоро дар ҳар куҷое ки пинҳон шуда бошанд, таъқиб кунад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як баёния гуфт, тирандозӣ дар Порис ҳамла натанҳо ба шаҳрвандони Фаронса, балки ҳамла ба “озодии баёну озодии матбуот” буд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон низ ҳамлаи Порисро маҳкум кард ва гуфт, “куштор дар Порис нафратовар аст. Мо дар набард алайҳи террор ва дифоъ аз озодии матбуот дар канори мардуми Фаронса хоҳем истод.”

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо изҳори ҳамдардӣ гуфтааст, кишвараш “терроризмро дар ҳар навъи он қотеъона маҳкум мекунад.”

Лигаи давлатҳои арабӣ ва донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира – умдатарин маркази таълимии Исломи суннӣ, низ ҳамлаи Порисро маҳкум карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба президенти Фаронса Франсуа Жерар Жорж Ҳолланд изҳори таслият кардааст. Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таслиятномаи президент зикр шудааст, ки “хабари даҳшатангез дар бораи ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо” мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро бениҳоят андӯҳгин кард." Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки "ин амали ғайриинсонӣҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист."

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки “муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад ва Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамешаҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд."

Ҳафтаномаиҳаҷвии “Charlie Hebdo” дар моҳи феврали соли 2006, дар пайи бознашри як силсила тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣқарор гирифт. Ин тасвирҳои танозомез ибтидо дар нашрияи “Jyllands-Posten”-и Дания нашр шуда, мавҷи эътирозҳои хушунатомез дар ҷаҳони Исломро ба бор оварда буд. Идораи пешини маҷалла дар ноябри соли 2011 дар пайи нашри боз яке тасвири танзомези Паёмбари Ислом ба коми оташ рафт ва бовар меравад, ки он вақт ин биноро қасдан сӯзондаанд.

Нашрия бар асоси қонунҳои зидди нажодпарастӣ ба додгоҳ кашонда шуд, вале бо ин вуҷуд ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом ва шахсиятҳои дигари исломию исломгаро идома медод. Охирин тасвире ки дуруст рӯзи 7 январ ин маҷалла дар Твиттер нашр кард, тасвири танзомези раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi