08:13:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Обама: "Набояд касе ба хотири динаш ҳадаф қарор гирад"

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қатли се ҷавони мусулмон дар Королинаи Шимолиро бераҳмона номид ва гуфт, дар Иёлоти Муттаҳида ҳеч кас набояд барои динаш мавриди ҳамла қарор гирад.

barak-obama-98651245.jpgБарак Обама , раиси ҷумҳури Амрико, қатли се ҷавони мусулмони ин кишвар дар иёлати Королинаи Шимолиро қатли бераҳмона номид ва гуфт, "ҳеч кас дар Иёлоти Муттаҳида набояд ба хотири динаш мавриди ҳадаф қарор гирад".

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерз, оқои Обама рӯзи ҷумъаи 13 феврал дар ин бора ҳарф зада ва эълон кардааст, "ҳаргиз ҳеч касе дар Амрико набояд ба хотири ин ки чӣ касе ҳаст, чӣ шакле дорад ё чигуна парастиш мекунад, марвиди ҳамла қарор бигирад."

Ин изҳороти Барак Обама як рӯз баъд аз он эълон шуд, ки Раҷаб Тайийб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ӯро барои сукуташ дар масъалаи куштори се ҷавони мусулмон дар Королинаи Шимолӣ танқид карда, Бюрои Федеролии Пажӯҳиш ё FBI ба таҳқиқи қазия оғоз намуд. Таври маълум ин ниҳоди бонуфузи давлати Амрико замоне ба пажӯҳиши ин ё он ҷиноят мепардозад, ки таҳқиқи онҳо аҳамияти федеролӣ дошта бошад.

Се ҷавони мусулмон рӯзи сешанбеи 10 феврал дар иёлати Каролинаи Шимолӣ аз сӯи як ҳамсояи худ - марди сафедпӯст бо зарби тир кушта шуданд. Дар ҳоле ки қотил Крейг Ҳикси 46-сола ҳангоми бозпурсии пулис амали худро ба адовати дарозмуддат ва ҷанҷол бар сари ҷойи мошингузорӣ рабт медиҳад, афроди дигар, аз ҷумла падари ду қурбонӣ, мегӯянд, Зиё Шодӣ Баракот, ҳамроҳи хоҳараш Разон Муҳаммад ва ҳамсараш Юсор Муҳаммад Абу Солиҳа қурбонии бадбинии мазҳабӣ шудаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, қаблан аз Барак Обама - ҳамтои амрикоиаш барои сукут дар баробари қатли ин се мусулмон интиқод кард. Ба гузориши "Ройтерз", ҷаноби Эрдуғон, ки бо сафари расмӣ дар Мексика қарор дорад, гуфтааст, ба раиси ҷумҳур, муовини раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷии Амрико занг зада, аз онҳо хостааст, то дар баробари ин ҳодиса вокуниш нишон диҳанд.

Ба гуфтаи пулиси Амрико, Зиё Шодӣ Баракот, ҳамроҳи хоҳараш Разон Муҳаммад ва ҳамсараш Юсор Муҳаммад Абу Солиҳа аз сӯи яке аз ҳамсояҳои сафедпӯсташон кушта шуданд. Фарди муттаҳам ба ин куштор худро ба пулис супурда ва дар ҳоли ҳозир дар боздошт ба сар мебарад.

Зиё Шодӣ Баракот, донишҷӯи соли дувуми дандонпизишкӣ дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ буд. Бино ба иттилои сафҳаи ёдбуди қурбониён дар Фейсбук, ӯ ва Юсор ахиран издивоҷ карда буданд ва қарор буд ӯ низ аз тирамоҳи соли ҷорӣ дар ҳамин ришта таҳсилоти худро оғоз кунад.

Разон Абу Солеҳ 19-сола низ дар яке аз коллеҷҳои вобаста ба ҳамин донишгоҳ таҳсил мекард. Пулиси Амрико эълон кардааст, ки бар пояи таҳқиқоти ибтидоӣ, ин тирандозии хунин бинобар "ихтилоф барои паркинг" будааст. Бо ин ҳама, хонаводаи кушташудагон мегӯянд, ки фарзандонашон қурбонии бадбинии мазҳабӣ шудаанд.

Ин куштор ба мавҷе аз ибрози назарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб гашт. Бисёриҳо онро натиҷаи рӯҳияи мусалмононситезие медонанд, ки матбуот ва синамо парвариш додаанд. Вале ҳамсари Ҳикс мегӯяд, шавҳараш ҳеч кинае ба мусалмонон надошт ва куштор зимни ихтилофоти тӯлонии миёни ҳамсояҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Вакили Ҳикс ва ҳамсари пешинаи ӯ гуфтаанд, ин шахс мушкили равонӣ дошт ва ҳамеша норозӣ ба назар мерасид.

Шӯрои Равобити Амрико ва Ислом, як созмони мусалмонони Иёлоти Муттаҳида рӯзи чаҳоршанбе аз мақомоти Амрико хост, хабарҳои ба дин рабт доштани ин кушторро таҳқиқ кунанд. "Ин воқеа хеле зуд ба санги маҳаки амнияти мусалмонон дар Амрико" табдил ёфт, гуфта мешавад дар изҳороти ин созмон.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi