15:51:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Моро бубахшед! Узрхоҳии донишҷӯёни Русия барои ҷанг дар Украина (ВИДЕО)

Як гурӯҳи донишҷӯёни Русия бо нашри муроҷиатномае дар Интернет аз донишҷӯёни Украина аз номи ҳукумати худ барои ҷанг дар Донетску Луҳанск узр пурсидаанд. Гурӯҳе аз донишҷӯёни Русия дар посух ба муроҷиати ҳамсабақони украинии худ бо нашри видеое барои ҷанг дар шарқи Украина аз ҳамсолони кишвари ҳамсояи худ бахшиш пурсидаанд.

donishjuyon-214578956.jpg

Дар муроҷиатномаи видеое, ки охири ҳамин ҳафта нашр шуд, чанд ҷавони рус худро муаррифӣ мекунанд ва аз ҷумла чунин мегӯянд: «Мо аз ҷанги эълонношудаи ҷинояткоронае, ки дар он ҳамватанони зиёди мо ширкат мекунанд, шарм медорем. Мо аз он шарм медорем, ки кишвари мо ба ҷойи эҳтиром ба тамомияти арзии Украина онро халалдор кард ва нимҷазираи Қримро гирифт. Мо шарм медорем, ки шаҳрвандони Украинаро дар зиндонҳои Русия ғайриқонунӣ нигаҳ медоранд. Моро бубахшед.»

Видеои муроҷиати донишҷӯёни Русия ба донишҷӯёни украиниро инҷо тамошо кунед:

Аз ин пештар гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталифи Украина ба нашри муроҷиатномаи видеоӣ аз ҳамсабақони худ дар Русия хостанд, барои аз байн бурдани ҷудоии афзоянда миёни ду миллат кӯшиш кунанд. Дар ин муроҷиатнома аз  донишҷӯёни Русия хоста шудааст, ки ба таблиғоти яктарафаи расонаҳои Русия, ки доир ба «фашистони Украинаву бандерҳо» афсона мехонанд, бовар накунанд ва бисанҷанд, ки ончӣ мешунаванду мебинанд, рост аст ё дурӯғ. Донишҷӯёни Украина мегӯянд, барои поён додан ба ҷанг дар кишварашон, ки дар он сарбозони украиниву рус ва мардуми бегуноҳ мефавтанд, насли ҷавон метавонад, нақши муҳиме ифо кунад. 

Видеои муроҷиати донишҷӯёни Украина инҷост:

Посухи гурӯҳи донишҷӯёни рус ба ин муроҷиатномаи ҳамсабақонашон аз Украина мусбат аст. Онҳо мегӯянд, ба сабаби ҷанги иттилоотӣ ва ҷорӣ шудани сели дурӯғ аз телевизионҳои Русия хусумату хушунат дар ҷомеа боло гирифтааст ва вартаи байни ду миллат бузургтар мешавад.

Донишҷӯёни рус дар идомаи муроҷиаташон мегӯянд: «Ба нафрат бо нафрат посух надиҳед. Мо интихоби шуморо эҳтиром мекунем, мо ҷангро маҳкум мекунем. Мо мехоҳем, фарзандону набераҳои мо дӯстона зиндагӣ кунанд ва байни Украинаву Русия сулҳ бошад. Ин ҷанг агар ба манфиати касе бошад, ба манфиати мардумони Русияву Украина нест ва мо бояд ҳамроҳ тамоми корро кунем, ки ин ҷанг хотима ёбад.»

Муроҷиатномаи видеоии донишҷӯёни Русия бо мусоидати бунёди «Русияи боз» ва ҳаракати демократии ҷавонон бо номи «Весна» сабт шудааст. Антон Горбатсевич, яке аз муаалифони муроҷиатнома донишҷӯи Академияи ҳуқуқии вазорати адлияи Русия аст. Ӯ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, ки барои ширкат дар сабти ин видео дар Русия гирифтори дарди сар шавад, аммо аз ин ҳарос надорад, зеро то ҳол маълумоти аввали олӣ гирифтааст.

Ба гуфтаи Антон Горбатсевич, баъзе аз донишҷӯён бо назардошти онки «ҳоло вақти хатарнок» аст, аз ширкат дар сабти муроҷиатнома даст кашидаанд. Видеои мазкурро блогерҳои тарафдори ҳукумати Русия дидаанд ва гуфтаанд, ки «донишҷӯёни қалбакӣ» аз шаҳрвандони Украина бахшиш мепурсанд. Ҳарчанд ин блогерҳо гуфтаанд, ки муаллифони муроҷиатнома донишҷӯ нестанд, аммо далели собите дар шарҳҳои онҳо дида намешавад, ба ҷуз ин навиштаҳо, ки ин бачаҳо мухолифони давлат ҳастанд ва ё забони англисӣ медонанд.

Вале Кирилл Мартинов, устоди Мактаби олии иқтисодии Русия яке аз шогирдони худро дар ин видео шинохтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi