12:24:47 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Корвони "ҷиҳод". Аз Ховари Миёна ба Осиёи Миёна

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар як видеогузориш мавзӯи таҳдиди ҷангиёни исломӣ ба Осиёи Марказӣ, бахусус ба водии Фарғонаро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Мақомоти амниятии Осиёи Марказӣҳушдор медиҳанд, ки ҷангиёни зодаи ин минтақа ақидаҳои "ҷиҳодӣ" дар сар аз Ховари Миёна бармегарданд.

tahdidhoi-doish-78887.jpgБино ба ҳисобҳо, танҳо аз шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон беш аз 500 нафар барои “ҷиҳод” ба ҷанги Сурия рафтаанд. Аммо видеои бозпурсии яке аз ин ҷангиён, ки мақомоти амниятии Ӯш нашр карданд, нишон медиҳад, ки ин ҷангиён зоҳиран ба зодгоҳҳои худ бармегарданд. Ва албатта, бо шиорҳои “ҷиҳодӣ” дар сар.

Дар ин навор яке аз ҷангиёни боздоштшуда эътироф мекунад, ки мебоист бо 2-3 нафаре, ки аз Туркия омада, дар Узбакистон даст ба аъмоли террористӣ ва “ҷиҳод” мезаданд, вомехӯрд. Ӯ мегӯяд, “аз ман хоста буданд, то дар гузарондани онҳо аз марзи Узбакистон кумак кунам, чунки ман роҳҳои қочоқиро медонам. Вақте ба ман ин пешниҳодро карданд, розӣ шудам.”

Водии Фарғона, як минтақаи хеле пураҳолӣ ва печида дар мушкилоти фаровоне, чун фақру бекорӣ, дар байни Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон тақсим шудааст. Аммо марзи тӯлонии байни ин кишварҳо дар Фарғона чандон бастае нест, ки мақомот тасаввур мекунанд ва дар асл ба як масири ҳаракати қочоқбарон ва ҷинояткорони дигар табдил ёфтаст. Ва бо вуҷуди ҳузури густардаи нирӯҳои низомӣ дар ин қаламрав, боз ҳам дар водии Фарғона беқонунӣ ва таҳдиду хатар ҳукм меронанд.

Аз Тоҷикистон низ, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 300 нафар бо ғаризаи “нӯшидани ҷоми шаҳодат” роҳи Сурияро пеш гирифтаанд. Писари 24-солаи Мавҷуда Эргашева, як омӯзгор аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғди Тоҷикистонро барои он ба 9 соли зиндон маҳкум кардаанд, ки ӯ ба як дӯсташ барои сафар ба Сурия кӯмак кардааст.

Мавҷуда аммо мегӯяд, ки писарашро бе ягон далел пушти панҷара бурдаанд: “Писарам ду рӯз ғайб зад. Рӯзи 4 январ аз шӯъбаи 6-ум ба хонаи мо зада даромаданд. Тамоми хонаро кофтанд, либосҳои писарамро кофтанд, ҷилдҳои китобҳои “Қуръон”-ро, ки ӯ мефурӯхт, тагурӯ карданд, вале чизе наёфтанд.”

Аҳли назар бо вуҷуди таваҷҷӯҳи зиёди мардуми водии Фарғона ба масоили динӣ паст будани сатҳи саводи динии аксари ин мардум ва набуди шароити қонунӣ барои пӯшондани ин халоъро аз ҷумлаи омилҳое меноманд, ки сокинони Фарғонаро дар муқобили таъсири ақидаҳои ифротӣ осебпазир гардондааст.

Аммо Холматҷон Аҳмадҷонов аз шаҳраки Аравон дар Қирғизистон мегӯяд, дар амри ҷалби ҷавонон аз Осиёи Марказӣ ба ҳаракатҳои ҷиҳодӣ пул ҳам нақши муҳим бозӣ мекунад. Писари 30-солаи ӯ дар чойхонаи марбут ба хонаводаашон кор мекард, вале вайро бо ваъдаи пули зиёд ба Сурия бурданд. Маълум шуд, ки ӯ ба истиқболи маргаш ба ин ҷанги бегона ва аз Ватанаш ин қадар дур рафтааст.

Холматҷон мегӯяд, писари вайро моҳи сентябр куштаанд: “Мо на моҳи сентябру на моҳи октябр ва на дар ноябр паёме аз ӯ нагирифтем. Мо нолаву гиря мекунем, ҳамсарам маризи бистарӣ шуд. Аммо ман ба хешовандонам нагуфтаам, ки чӣғам дорам. Вақте омадану пурсиданд, гуфтам, ки ҳама чиз хуб аст.”

Мақомоти Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир танҳо бо ҷамъоварии маълумо дар бораи шумораи афзояндаи ҷангиён аз ин кишварҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар машғуланд ва ҳам ба боздошти онҳое, ки ақидаҳои ҷиҳодиро дар ин кишварҳо тарғиб ва дигаронро барои рафтан ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд. Аммо он чӣ ки то ҳол аз дасти онҳо наомадааст, ин гирифтани пеши роҳи сели ҷангиён аз Осиёи Миёна ба Ховари Миёна аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi