18:38:59 25-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Андреас Лубитс - халабони дувуми "Аэробус 320" кӣ буд?

Пулиси Олмон ҷустуҷӯ ва бозрасии хонаи Андреас Лубитс-халабони дуввуми Аэробуси 320-ро дар робита бо суқути он анҷом дод. Ин халабони ҷавон ба эҳтимоли зиёд огоҳонаву қасдан ин ҳавопайморо ба замин сарозер кард.

katastrofa-96565989.jpgМақомоти Олмон хонаи халабони дувуми Аэробуси 320-ро ҷустуҷу карданд ва бозрасирҳои худро ба поён расонданд. Гуфта мешавад, ки Андреас Лубитс ҳавопайморо барқасдона суқут додааст. Вай худ бо 149 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Додситонҳои Фаронса мегӯянд, ки халабони ҷавони 27сола дар ҳуҷраи идораи парвози ҳавопаймо танҳо монд ва дарро бар рӯи халабони асосӣ Патрик С. баст.

Лубитс дар шаҳраки Монтабайер дар наздикии Франкфурт бо падару модари худ мезист ва дар шаҳри Дюсселдорф низ ҳуҷрае дошт. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ки Лубитси 27-сола ором ва марди хушвақт ба назар мерасид. Ҳоло бозрасон мехоҳанд, ки гузаштаи вай ва рӯзҳои охири зиндагии ӯро хубтар омӯзанд, то рӯшан шавад, ки вай чӣ рӯҳияе дошт. Ҳуҷраи вай дар Дюсселдорф ҳоло зери назорат ва бозрасӣқарор дорад.

Аксе, ки Лубитс дар сафҳаи Facebook-и худ гузоштааст, дар рӯи пули Годен Гейт ё Пули Тиллоии шаҳри Сан-Франсискои Амрико бардошта шудааст. Вай дар акс табассум кардааст ва хушҳол ба назар мерасад.

Як нашрияи Олмон бо номи “Bild” дар шумораи 27 марти худ навиштааст, ки Лубитс 6 сол пеш “барои афсурдагии ҷиддӣ” муолиҷаи равонӣ гирифтааст. Ин муолиҷа як сол давом кардааст. Баъд аз расидагӣ ба ин ҳуҷҷатҳо, бозрасони олмонӣ онҳоро ба ҷониби Фаронса месупоранд.

26 март Карстен Споҳр-раиси иҷроии ширкати ҳавоии Люфтҳанза (Lufthansa) гуфт, ки шаш сол пеш дар давоми давраҳои омӯзишии Лубитс танаффуси тӯлонӣ пеш омадааст, вале вай баъдтар омӯзишро давом додааст ва ҳамаи имтиҳонҳоро супурдааст. 27 март сухангӯи ширкати Lufthansa гуфт, ки онҳо дар бораи вазъи саломатии халабонҳои худ тавзеҳот намедиҳанд.

Лубитс тақрибан дар синни 14 солагӣ дар Монтбайер ба узвияти як бошгоҳ ё клуби дӯстдорони парвоз даромад ва аз он вақт ба парвоз оғоз кард. Соли 2007 мактаби олии халабониро хатм кард ва дар ширкати Люфтҳанза чун таҷрибаомӯз корро шуруъ намуд ва аз он ҷо вайро дар соли 2008 ба давраҳои омӯзашии Бремени Олмон ва сипас ба Аризонаи Амрико фиристоданд. Дар ҳамин давра чанд моҳ аз омӯзиш дур мешавад, вале дубора ба давраҳои омӯзишӣ мепайвандад. Соли 2013 чун халабони дуввум корро шуруъ кардааст ва чунин ба назар мерасид, ки аз кори худ розист.

ДАҚИҚАҲОИ ОХИРИ ПАРВОЗ

Коршиносон баъд аз гӯш додан ва омӯхтани сабти сандуқи сиёҳи Аэробуси 320 парвози Барселона-Дюсселдорф ба хулосае расидаанд, ки сабти 30 дақиқаи охири парвоз муҳим аст ва дар бораи суқути ҳавопаймо маълумоти муҳим дорад. Бозрасон мегӯянд, ин сабт собит месозад, ки халабони дуввум Андреас Лубитс дар ин муддат дар ҳуҷраи идораи ҳавопаймо танҳо будааст ва ҳавопайморо огоҳонаву қасдан ба сӯи замин сарнишеб кардааст.

Сабти сандуқи сиёҳ собит месозад, ки Аэробуси 320 баъд аз бархостан аз фурудгоҳи Барселона аз болои баҳр парвоз карда, дар ним соат ба кӯҳистонҳои Фаронса то баландии 11 ҳазору 600 метр расидааст. Баъд аз 29 дақиқаи парвоз бори охир аз ҳавопаймо ба маркази назорати парвозҳо тамос гирифтаанд ва иҷозаи идомаи парвозро хостаанд. Фиристодани чунин паём кори маъмулии халабонҳост ва баъд аз дарёфти ин паём, идораи парвозҳо фикр кардааст, ки парвоз тибқи нақша давом дорад.

Вале баъд аз як дақиқаи он вазъият тағйир меёбад. Халабони асосӣ Патрик С. ба ҳоҷатхона меравад ва аз халабони дуввум хоҳиш мекунад, ки назорат бар парвозро бар ӯҳдаи худ бигирад. Халабони дуввум Лубитс танҳо мемонад. Яке аз курсиҳои нишастро ақиб мекашад ва дарро мебандад. Сипас тугмаҳои фуруд ба заминро пахш мекунад.

Бозрасон мегӯянд, сабаби пахши ин тугмаҳо маълум нест, вале ба эҳтимоли зиёд Лубитс мехост ин ҳавопайморо суқут диҳад. Баъд аз 4 дақиқа аз маркази идораи парвоз талош мекунанд, ки бо ҳавопаймо тамос бигиранд. Вале аз ҳавопаймо касе ҷавоб намедиҳад. Сабти ҷаъбаи сиёҳ гувоҳӣ медиҳад, ки халабони асосӣ Патрик дар ин вақт мехоҳад ба ҳуҷраи парвоз баргардад, вале дари ҳуҷра боз намешавад. Дарро мезанад, вале натиҷа намедиҳад.

Радарҳо то баландии 6175 метр фуруд ё суқути ҳавопайморо назорат кардаанд. Вале баъд аз он дар ин минтақаи кӯҳистонӣҳавопаймо аз диди радарҳо нопадид мегардад. Суқут тақрибан 8 дақиқа давом мекунад ва дар лаҳзаҳои охир доду фарёди мусофирон рӯшан шунида мешавад.

Дар давоми даҳ дақиқаи охир то бархӯрд ба замин халабони дуввум Лубитс ҳатто як ҳарф ба забон намеорад, ба дархостҳои маркази назорати парвоз ҷавоб намедиҳад ва хомӯш менишинад, вале шунида мешавад, ки нафаскашии вай то бархӯрд ба замин ором аст.

ҚУРБОНИЁНИ ПАРВОЗ

Дар ин парвоз кӯдакон, шогирдони мактаб, ду овозхони опера, ду гузоришгари футболи Эрон, ки мехостанд, бозии дастаи миллии футболи кишвари худро дар матбуот бозтоб диҳанд ва як корманди қарордодии вазорати дифои Амрико буданд. Аз Австрия як модари 68 сола бо писари 29 солаи муҳандиси худ, 16 шогирди мактаб бо ду омӯзгорашон аз ғарби Олмон, се насли як хонаводаи испаниёӣ модару духтар ва модаркалон буданд.

Ду овозхони опера Олег Буряки 54 сола зодаи Қазоқистон ва Мариа Рандер ба консерти навбатии худ ба Дюсселдорфф мерафтанд. Ба ҳамин тартиб шаҳрвандони Бритониё, Колумбия, Аргентина, Мексика, Белгия, Ҷопон ва як шаҳрванди Исроил ҷони худро аз даст доданд.

Мақомоти Фаронсаву Олмон мегӯянд, нишонаҳое дида намешавад, ки Андреас Лубитс террорист аст, вале сабабҳои ба замин сарозер кардани ҳавопаймо маълум нест. Омӯзишу бозрасӣ идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi