02:56:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷамъоварии имзо барои лағви сафари Эрдуғон ба Эрон

Бархе аз намояндагони маҷлиси Эрон бо имзогузорӣ зери як нома хостори лағви сафари президенти Туркия ба Теҳрон шудаанд. Онҳо мегӯянд, Эрдуғон бояд аз Эрон барои иҳонати кардааш узр пурсад.

erdughon_8956457845.jpgБархе аз намояндагони маҷлиси Эрон барои лағви сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон - раисиҷумҳури Туркия ба Теҳрон ва ё ҳадди ақалл узрхоҳияш аз миллати Эрон нома навишта, зери он имзо гузоштаанд. Ҷаббор Кӯчакизод, узви маҷлис ба хабаргузориҳои Эрон гуфтааст, "Эрдуғон ба миллати Эрон иҳонат кардааст".

Вай афзуда, ки "Ҳасани Рӯҳонӣ бояд аз вуруди Эрдуғон ба дохили хоки Эрон ҷилавгирӣ кунад ва Эрдуғон ҳам бояд аз иҳонате, ки нисбат ба миллати Эрон раво доштааст, ба таври расмӣ узрхоҳӣ кунад."

Ҳафтаи гузашта президенти Туркия бо муттаҳам кардани Эрон барои тасаллут бар Ховари Миёна, гуфт, талошҳои Теҳрон Анқара, Саудӣ ва кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форсро "ба ҷон" овардааст. Туркия қаблан ҳимояти худро аз ҳамлаи Арабистони Саудӣ алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар Яман эълон карда буд ва аз ин гурӯҳ ва "ҳомиёни хориҷӣ"-и онҳо хост, фаъолиятҳои таҳдидомези худ алайҳи сулҳ ва амният дар минтақаро поён диҳанд.

Туркия + Эрон = иқтисод

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи 7 апрел аз Теҳрон боздид ва бо мақомоти баландпояи Эрон мулоқот хоҳад кард. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки вақтҳои охир роҷеъ ба масъалаҳои минтақаӣ миёни Туркияву Эрон ихтилофи назар шиддат мегирад.

Туркияву Эрон бо ҳам равобити қавии иқтисодӣ доранд ва Эрон дувумин кишвари бузурги таъминкунандаи гази Туркия ба шумор меравад. Вале дар солҳои ахир равобити дипломатии ин ду кишвар зарар дидааст. Масалан, онҳо роҷеъ ба роҳҳои қатъи ҷанг дар Сурия ихтилофи назар доранд.

Аз сӯи дигар боздиди оқои Эрдуғон дар ҳоле анҷом мегирад, ки Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ роҷеъ ба маҳдудияти барномаҳои ҳастаиаш ба тафоҳум расиданд ва акнун бозорҳои Эрон бар рӯи сармоягузорони хориҷӣ боз мешавад ва дар сурати расидан ба тавофуқи ниҳоӣ таҳримҳои байналмилалӣ низ аз миён хоҳанд рафт.

Дидор бо Рӯҳонӣ ва Хоманеӣ

МеҳдӣҲусейнӣ, як мақоми расмии вазорати нафти Эрон 5 апрел ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, ширкатҳои Амрикову кишварҳои аврупоӣ акнун метавонанд дар бахшҳои муҳими саноати Эрон, аз ҷумла дар бахши нафт сармоягузорӣ кунанд. Ба гуфтаи Ҳусейнӣ, Эрон моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Лондон шароити нави қарордодҳоро ба сармоягузорони хориҷӣ пешкаш хоҳад кард.

Бино ба як изҳороте, ки дар торнамои раёсати ҷумҳурии Туркия ба нашр расидааст, дар ин боздид Эрдуғонроҳайати бузурге аз вазирон ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Вай дар Теҳрон бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳур ва Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Дар изҳороти раёсати ҷумҳурии Туркия омадааст, дар ҷараёни ин боздид муносиботи миёни ҳар ду кишвар ҳамаҷониба мавриди баррасӣқарор мегирад. Ҳар ду тараф ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар хоҳанд кард.

Мусоҳиба бо Ҳасан Ҳошимиён

Дар мусоҳибае аз Ҳасан Ҳошимиён, таҳлилгари умури минтақаӣ дар Истамбули Туркия пурсидем, оё ҳадафи боздиди Эрдуғон “таъмир”-и муносиботи миёни ду кишвар нест?

Ҳошимиён: “Солҳост Туркия хоҳони як навъ мувозинати қувва дар шакли солим дар миёни тамоми ҳамсоягон аст ва он заминаи субот барои ҳамаи ин кишварҳоро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин ки Туркия аз бӯҳрони Сурия хеле зарар дидааст, вориди Сурия нашуд, дар он ҷо нерӯе надорад ва аз марз намегузарад. Аммо Эрон бо вуруд ба Яман, ба Сурия, ба Ироқ ва ба ҷойҳои дигар ба шакле бесуботиро дар минтақа эҷод кардааст ва ин бесуботӣ дар ниҳоят ба зарари худи Эрон тамом мешавад. Ба ҳамин сабаб чизе, ки Туркия ва кишварҳои дигари минтақа пешниҳод мекунанд, ба вуҷуд овардани тавозуни нерӯ дар минтақа аст, ки ҳамаи кишварҳои минтақа аз он суд бибаранд. Дар Яман як гурӯҳи мусаллаҳ бо зӯри аслиҳа натиҷаи инқилобро ба бунбаст расонд. Ҳоло раисиҷумҳуре, ки тавассути мардум интихоб шудааст, аз кишварҳои дигар кумак хостааст ва акнун ин ёриҳо дар чаҳорчӯбҳои мушаххас сурат мегирад. Агар Эрон ба муоҳидаҳои байналмилалӣ содиқ бошад, бояд ба ҳарфи Эрдуғон гӯш диҳад.”

-Оё дар ҷараёни ин боздид ҳамкориҳои иқтисодӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд?

-Сад дарсад ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Туркия яке аз манофеи муҳими иқтисоди Эрон ба шумор меравад. Давлати Туркия ва мардуми Туркия ҳамеша ин даричаро бар рӯи давлати Эрон ва мардуми Эрон боз гузоштаанд, кумак кардаанд. Мардуми Эрон бидуни ин даричаи иқтисодии Туркия мумкин буд зарбаҳои шадид медиданд. Бинобар ин, Туркия ин даричаро дар оянда ҳам боз хоҳад гузошт ва хоҳони густариши он аст. Чунин равиш ба нафъи мардуми Эрон хоҳад буд. Эрон бояд кишвари босубот бошад ва дар оянда ҳам ба нафъи мардуми худ ва ҳам ба нафъи мардуми минтақа бояд хидмат кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi