БОЗДОШТИ ПАНҶ ҚОИҚРОНИ БРИТАНИЯ
Вазорати хориҷаи Британия эълом кардааст, ки панҷ қоиқрони Британияӣ панҷ рӯз қабл, ҳангоме ки ба василаи қоиқе тафреҳӣ аз Баҳрайн роҳии Дубай буданд, тавассути нерӯҳои дарёии Эрон боздошт шудаанд. Манобеъи хабарии Эрон то кунун гузорише дар ин маврид мунташир накардаанд.
Вазорати хориҷаи Британия дар баёнияе гуфт, ки нерӯҳои дарёии Эрон рӯзи чаҳоршанбе, 25 ноябр, қоиқи тафреҳии ҳомили дарёнавардони Британияиро мутаваққиф карда ва онҳоро таҳти боздошт қарор додааст. Бино бар ин баёния, ин дарёнавардон, ки ғайринизомӣ ҳастанд, мумкин аст “саҳван” вориди обҳои Эрон шуда буданд. Гуфта мешавад, ки ин панҷ нафар саломат ҳастанд ва хонаводаҳояшон аз боздошти онҳо бохабар шудаанд.
Ҳанӯз маҳалли нигаҳдории ин панҷ нафар маълум нест, аммо вазорати хориҷа таъкид карда, ки ин қоиқронҳо раҳсипори ширкат дар мусобиқоти қоиқронӣ миёни Дубай ва Мускат буданд. Бриҷет Кендалл, хабарнигори диплумотики Би-би-сӣ, мегӯяд, ки вазорати хориҷаи Британия мехост, ки масъаларо аланӣ накунад, то шояд шонси озодии ин афрод бештар шавад. Аммо ӯ меафзояд, ки бо гузашти панҷ рӯз аз ҳодиса ҷузъиёти он батадриҷ ошкор шуда ва вазорати хориҷа чорае ҷуз таъйиди хабар надоштааст.
Девид Милибанд гуфта, ки умедвор аст масъала “базудӣ” ҳал шавад. Вазири хориҷаи Британия гуфт: “Мақомҳои вазорати хориҷа фавран дар асри 25 ноябр бо мақомҳои эронӣ дар Ландан ва дар Теҳрон тамос гирифтанд, то ҳам хостори рӯшан шудани қазия шаванд ва ҳам барои ҳалли сареъи масъала талош кунанд”.
Ӯ афзуд: “Сафири мо дар Теҳрон масъаларо бо вазорати хориҷаи Эрон дар миён гузошта ва мо дар мавриди мавзӯъ бо сафорати Эрон дар Ландан сӯҳбат кардаем”. Қасди ин панҷ нафар рафтан ба Дубай барои ширкат дар мусобиқае таҳти унвони “Қоиқронии Баҳрайн” эълом шудааст. Ин мусобиқа ба тӯли 360 мили дарёӣ рӯзи 26 ноябр шурӯъ шуд ва се рӯз баъд дар пойтахти Уммон поён ёфт.
Дар моҳи марти соли 2007 низ ҳашт малвон ва ҳафт туфангдори дарёии Британияӣ, ки дар чорчӯби амалиёти ҷилавгирӣ аз қочоқ ба Ироқ дар ҳоли гаштзанӣ дар обҳои Халиҷи Форс буданд, тавассути Сипоҳи Посдорон боздошт шуданд.
Аммо пас аз 12 рӯз ба дастури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, озод шуданд. Эрон он 15 низомии Британияиро муттаҳам ба вуруди ғайриқонунӣ ба обҳои худ кард, аммо Британия гуфт ин афрод дар обҳои Ироқ боздошт шуда буданд.
Дар соли 2004 низ ҳашт низомии Британияӣ дар обҳои Арвандрӯд ё Шаттулъараб дар ҳоли омӯзиш додани гаштҳои (посбонони) ироқӣ боздошт ва пас аз муддате озод шуданд.
Би-Би-Си