00:00:18 24-уми Июни 2025 сол

ЭРОНРО ТӮҲМАТ МЕКУНАНД

Мусоҳибаи сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра» Александр Проханов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия Ризо Саҷҷодӣ

 

Александр Проханов: Ҷаноби Сафир, шумо фарзанди тамаддуни бузурги эронӣ мебошед, ки аз қишрҳои фарҳангҳои зиёд ва ба ҳам печидани динҳои гуногун дар ҷараёни ивазшавии марҳилаҳои таърихӣ ташаккул ёфтааст. Шумо ботинан ватани худ ва фарҳанги бузурги онро чӣ хел эҳсос мекунел?

 

Ризо Саҷҷодӣ: Ба номи Худои бахшояндаву меҳрубон. Чи хеле ки шумо гуфтед, халқи Эрон тӯли таърих гоҳо гул-гул шукуфтаву гоҳо таназзул кардааст. Зеро кишвари мо дар минтақаи хеле нозук ҷойгир аст, ки дар он халқияту қабилаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Дар тӯли таърихи худ ба Эрон борҳо кишварҳои дигар ҳуҷум кардаанд ва кишварамон асрҳои дароз зери юғи лашкари ишғолгарон қарор доштааст.

 

Гумон мекунам, зери таъсири маҷмӯаи шароитҳои таърихӣ халқи мо тобовардан ба душвориҳо, муқовимат карданду ҳамеша омода будан барои қурбонӣ ба хотири ватан ва ҳамзамон бо ин мутобиқ шудан ба шароитҳои душвори зиндагиро омӯхтааст.

 

Аз ҳама муҳимаш он аст, ки халқи мо ба мавҷудияти доҳии пурзӯри ягонаи динӣ аҳмияти калон медиҳад. Аз ҳамин иборат аст он сабақу таъсире, ки халқи мо аз таърих бардоштааст. Таълимоти исломӣ маро даъват мекунад, ки «дигаронро ситам накунем ва худамон низ зери ситами дигарон қарор нагирем». Рафтори халқи мо давоми сӣ соли охир маҳз зери таъсири ҳамин таълимоти ислом ташаккул ёфтааст.

 

А.П.: Ман бо шавқ олами беназири Эрони имрӯзаро мушоҳида мекунам. Аз як тараф, шумо ба арзишҳои бунёдии динӣ пайравӣ мекунед, ки ба назарам фаъолнокӣ ва рушдро рад мекунад. Аз тарафи дигар, динамикаи ҳайратангези прогресси технологиро намоиш медиҳед. Ба ҳам тавъам кардани ин ду ҷиҳат чӣ хел даст медиҳад?

 

Р.С: Шумо, ҷаноби Проханов, ду проблемаро ба миён гузоштед. Якум: бале, дарвоқеъ асрҳои гузашта зери таъсири як қатор пешвоҳои динии аврупоӣ одамон афкори шахшуда доштанд. Лекин мо аз дине пайравӣ мекунем, ки мефармояд: «Агар дар зиндагии шумо ду рӯз ба ҳамдигар монанд шавад, агар фардои шумо аз имрӯз беҳтар нашавад, шумо одами таназзулкунанда мебошед».

 

Дар асрҳои миёна, вақте ки тамаддуни аврупоӣ ҳоло қафомонда буд, кишварҳои арабӣ ва кишварҳои Африқои Шимолӣ дар сафи пеши инкишофи илм қарор доштанд. Имрӯз инсоният эътироф мекунад, ки инкишофи бисёр илмҳо, дастовардҳои илмӣ ва ташаккули мактабҳои илмӣ, масалан, дар соҳаи нуҷум, риёзиёт, кимиё, ҷуғрофия, зери таъсири тамаддуни исломӣ имконпазир шудааст.

 

Халқи Эрон аз бисёр ҷиҳат ба тараққиёт туфайли рӯҳбаландии калон ноил гардидааст ва ба чунин рӯҳияи самимӣ таълимоти динӣ ва эътиқоди динӣ мусоидат мекунад. Масалан, соатро бори аввал мусулмонҳо ихтироъ кардаанд. Вақте ки аврупоиҳо соатро тӯҳфа гирифтанд ва садои тик-тики онро шунидаанд, гуфтанд, ки онро ҷодугарон сохтаанд…

 

А.П.: Аз як тараф, Эронро метавон давлати теократӣ ҳисоб кард: шаҳри муқаддаси Қум, имомҳои дар он ҷамъшуда, пешвои динии Эрон, имоми бузург Хумайнӣ, ки аслан форматсияи навро асос гузоштааст. Аз тарафи дигар, дар ҷомеаи шумо тамоюлҳои дунявӣ, шаҳрвандӣ хеле пурқувват аст. Ин боиси ихтилофҳо намешавад? Маҳз ҳамин ихтилофҳо набуданд, ки баъди интихобот зуҳур карданд?

 

Р.С: Ҷаноби Проханов, мехоҳам ба суханҳои шумо дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ каме илова кунам.

 

Тақрибан 60-70 сол пеш Ғарб истилоҳи «ҳуқуқи инсон»-ро ихтироъ кард ва дигаронро маҷбур намуд, ки ба он риоя намоянд. Имрӯз Ғарб бо он ҳамчун як дастоварди худ ифтихор мекунад. Аммо бояд гуфт, ки ин истилоҳ ҳанӯз 14 аср пеш дар ислом пайдо шудааст ва бо забони арабӣ «ҳақ-ул-нос»-ҳуқуқи халқ мегуфтанд, ки ба забони форсӣ ва забонҳои дигар маънии «ҳуқуқи инсон»-ро дорад. 20%-и оятҳои Қуръон ба ҳаёти баъди марг, дӯзаху биҳишт дахл доранд. 80%-и боқимонда бошад ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимои ин дунё бахшида шудаанд.

 

Тамоюлҳои шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо барои он вуҷуд доранд, ки онҳо як ҳиссаи худи Ислом ва таълимоти исломӣ мебошанд. Он чизҳоеро, ки шумо асосан дар бораи кишвари мо аз ВАО мешунавед, бештар аз таблиғоти Ғарб маншаъ мегиранд. Ғарбиҳо умуман ба ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа ҳавасманд нестанд. Барои онҳо муҳим нест, ки 90%-и аҳолии Эрон аз истиқлолияти худ дифоъ мекунад.

 

Кишварҳои Ғарб талаби 10%-и аҳолии Эронро, ки кӯшишу дидгоҳҳои худи Ғарбро такрор менамоянд, дастгирӣ кардаанд ва гӯё ҳамин талабҳо хоҳиши тамоми халқи Эронро инъикос мекарда бошанд. Ҳангоми инқилоби Эрон, ки 98-и аҳолӣ муқобили ҳокимияти шоҳ мавқеъ гирифт, Ғарб танҳо ду фоизи аҳолиро, аъёну ашрофи моро, ки хоҳони дар сари қудрат мондани шоҳ буданд, дастгирӣ кард.

 

Проблемаҳое, ки баъди интихоботи чанде пеш ба вуҷуд омадаанд, ба завқу табъ ва муносибати гуногуни мардум ба ду номзад вобастаанд. Ин ҷой сухан дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё ғайришаҳрвандӣ намеравад. Дар тамоми ҷаҳон иттифоқҳои касаба коршиканиҳоро ташкил ва баргузор менамоянд. Ҳама медонанд, ки коршиканиҳо ба хотири баланд бардоштани музди кор ва ё дарёфти имтиёзҳои иҷтимоӣ доир карда мешаванд.

 

Вале вақте ки ронандаҳои автобусҳои шаҳрии мо коршиканӣ мекунанд, таблиғоти дурӯғини Ғарб изҳор менамояд, ки ин иқдом бар зидди принсипи сохти исломӣ равона карда шудааст! Як назар андозед, дар Париж, Лондон ва шаҳрҳои дигари ҷаҳон чӣ қадар намоишҳо баргузор мешаванд ва дар онҳо ҳатто амалҳои зӯроварӣ ба мушоҳида мерасанд. Агар ними ҳамин ҳодисаҳо дар Эрон рух медоданд, он гоҳ мегуфтанд: режими Эрон суқут кард.

 

Он чизе, ки дар Эрон баъди интихобот рӯ дод, ин эҳсоси норозигии одамон аз он натиҷае буд, ки номзади онҳо ба даст оварда буд. Гурӯҳи ҳариф гумон дошт, ки номзади онҳо раъйи бештарро соҳиб мешавад. Албатта, Ғарб аз чунин фарҷом розӣ нест ва ҳис мекунад, ки манфиатҳои ӯ таъмин намешаванд ва бо кӯмаки таблиғот ҳаракат мекунад, ки ҳодисаҳои Эронро таҳриф намояд.

 

А.П.: Вазъияти геополитикии Эрон бартариҳои калон медиҳад, вале як қатор проблемаҳоро низ ба вуҷуд меорад. Шумо нақши геопалитикии Эронро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 

Р.С.: Вазъияти геополитикии Эрон, ҳамчунин соҳиби захираҳои энержӣ будани кишвар боиси ниятҳои тамаъкоронаи Ғарб, кӯшишҳои вай барои барқарор кардани ҳукмфармоӣ ва соҳиб шудан ба фоидаҳои ғайриқонунӣ гардидааст. Мо хоҳони онем, ки моро ором гузоранд, то халқи мо бо роҳи худ равад ва инкишоф ёбад. Мо мехоҳем, ки иродаи халқи моро эҳтиром намоянд. Мо намехоҳем, ки ба мисли замони шоҳ бар дӯши мардуми мо иродаи бегонагонро бор кунанд. Мо хоҳони он нестем, ки мисли замони шоҳ бо нишондоди Ғарб жандарми минтақа бошем. Чунин аст хоҳиши мо аз тамоми ҷаҳон.

 

А.П.: Эрон солҳои дароз бо Исроил ва Амрико дар ҳоли зиддият қарор дорад. Сабабҳо ва маънии аслии ин муқовимат дар чист: дар дин, дар иқтисодиёт, дар сиёсат? Изҳороти раисҷумҳури олиҷаноби шуморо шунида, ман аз далерию ҷасорат ва маҳорати ӯ ба ваҷд меоям. Вай бо суханҳояш мубориза мебарад. ӯ шахси мубориз аст.

 

Р.С.: Сабаби ин муқовимат масъалаи барҷо мондан аст. Дар буҷаи Амрико моддаи алоҳидае ҳаст, ки тибқи он барои сарнагун кардани режими Эрон маблағи калон ҷудо карда мешавад. Бале, амрикоиҳо расман режими Эронро эътироф мекунанд, лекин солҳои охир онҳо доимо барои сарнагун кардани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Барои мо ду роҳ вуҷуд дошт: таслим шудан ва додани нефти мо ба амрикоиҳо, боз кардани сарҳадҳоямон барои сарбозон ва мушовирони ҳарбии амрикоӣ. Табдил ёфтан ба иҷрокунандаи фармонҳои онҳо, хизмат кардан барои манфиатҳои амрикоӣ дар минтақа. Дар чунин ҳолат мо ба онҳо маъқул мешудем. Роҳи дуюм иборат аст аз муқовимати ҷасурона ва муҳофизати истиқлолияту озодӣ.

 

Мо роҳи дуюмро интихоб кардем. 30 сол инҷониб амрикоиҳо зидди мо ба фитнаангезӣ машғуланд ва мо 30 сол боз фишорҳои онҳо истодагарӣ мекунем. Ҷаноби Проханов, шумо мехоҳед фаҳмед, ки табиати ин муқовимат чӣ гуна аст? Ман дар боло гуфтам, ки тибқи таълимоти диниамон мо ҳуқуқ надорем дигаронро зулму ситам кунем ва ҳамчунин худамон зери зулми касе қарор дошта бошем. Ва мо наметавонем ба золимон мадад карда бошем. Ин танҳо ба Исроил тааллуқ надорад. Вақте ки дар Африқои Ҷанубӣ режими апартеид вуҷуд дошт, мо онро эътироф накардем ва то вақти аз байн рафтани ин режим мо иҷозат надодем, ки Африқои Ҷанубӣ дар кишвари мо сафоратхона дошта бошад.

 

Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо фишор меоварданд, то мо афғонҳоро дастгирӣ накунем. Сафири ҳамонвақтаи шӯравӣ дар Эрон пеш аз ҳуҷум ба Афғонистон бо имом Хумайнӣ мулоқот кард ва хабар дод, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бидуни ҳеҷ гуна нияти бад нисбати Эрон лашкари худро вориди Афғонистон мекунад. Имом Хумайнӣ ҳушдор дод, ки ин иштибоҳи калон аст ва шумо аз ин коратон пушаймон мешавед.

 

Замони ҷанги Ироқ алайҳи Эрон ҳукумати вақти шӯравӣ ба мо изҳор дошт: агар шумо дастгирии афғонҳоро қатъ накунед, Ироқ бо мушакҳое мусалаҳ карда мешавад, ки метавонад бо он Теҳронро бомбаборон кунад. Барои ниятҳои башардӯстонаамон онҳо ба Ироқ мушакҳои зиёд доданд ва Теҳрону даҳҳо шаҳрҳои дигари Эрон ҳадафи зарбаҳои мушакӣ қарор гирифтанд.

 

Агар перомуни ҳудудҳои ишғолшуда сухан ронед, пас дар таърих расман давлати сионистие вуҷуд надорад, ки дар ҳудудҳои ишғолшудаи Фаластин ҷойгир шудааст. Дар ин заминҳо одамони зиёди бегуноҳ кушта шудаанд ва ё ба гуреза табдил ёфтаанд. Мо барои Исроил номидани ин хонаи аз фаластиниҳо дуздидашуда омада нестем. Дар ин хона дуздҳо ва таҷовузгарон маскан гирифтаанд. Мо халқи таҷовузгар нестем ва ҷанг намеҷӯем, лекин чунин меҳисобем: агар ба ҳукмфармоӣ ва зулму ситам муқовимат накунед, зулму ситам рӯз аз рӯз васеътар мешавад.

 

А.П.: Имрӯз ҷаҳон инқилобро алайҳи амрикоиҳо, зидди Исроил, ки арзиши бунёдии ҷаҳонӣ- адолатро поймол кардаанд, паси сар мекунад. Ташабусҳои Эрон, аз қабили ташкили асъори нав ба ҷойи доллар, ташкили ОПЕК-и газӣ, дастгирии «ҲАМОС» ва «Ҳизбуллоҳ» шаклҳои ҷиддии муқовимат ба амрикоиҳост. Ба андешаи шумо, оқибати ин инқилоби ҷаҳонӣ чист?

 

Р.С.: Эътиқоди исломии мо ва таърихи инсоният далели зерро тасдиқ мекунад: ҳар касе, ки зӯроварӣ мекунад, хуни одамони бегуноҳро мерезад, оқибат ба мағлубият дучор мегардад…

 

(идома дорад)

Ҳафтаномаи «Дунё»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ