00:57:37 24-уми Июни 2025 сол

ТОЛИБОН: МУҚОВИМАТИ ХУДРО ШИДДАТ МЕБАХШЕМ

Гурӯҳи Толибон бо интишори эъломияе дар вокуниш ба истротежии ҷадиди Амрико ва афзоиши нерӯҳои Амрикоӣ дар Афғонистон ин истротежиро як "тарҳи истеъморӣ" хонда, ки наметавонад масъалаи Афғонистонро ҳал кунад.

 

Дар ин эъломия, ки дар сойтҳои наздик ба ин гурӯҳ мунташир шуда ва аз тариқи имейл низ дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтааст, таъкид шуда ки сиёсатмадорони Амрикоӣ "барои иғфоли афкори умумӣ дар Амрико Толибонро барои Амрико ва ҷаҳон хатарнок қаламдод мекунанд." Дар эъломияи Толибон омадааст, ки дар истротежии ҷадиди раиси ҷумҳур Обама "манофеъи мардуми Амрико, ки аз буҳрони иқтисодӣ ранҷ мебаранд, дар назар гирифта нашуда ва ин истротежӣ бар асоси манофеъи женролҳои Пентогун, навмуҳофизакорон ва сармоядорон таҳия шудааст." Да эъломияи Толибон таъкид шуда, ки дар истротежии ҷадиди Амрико нуктаи ҷадиде барои ҳалли масъалаи Афғонистон вуҷуд надорад ва афзоиши нерӯҳои низомӣ танҳо сабаби афзоиши талафоти Амрико дар Афғонистон хоҳад шуд.

 

Толибон дар эъломия дар чанд ҷо ба буҳрони иқтисодии ҷаҳон бавежа Амрико ишора карда ва гуфта, ки афзоиши нерӯҳои Амрикоӣ дар Афғонистон саранҷом ҳазинаи низомии Амрико дар Афғонистонро афзоиш дода ва ин буҳронро амиқтар хоҳад кард. Толибон таъкид кардаанд, ки дар муқобили афзоиши нерӯҳои Амрикоӣ онҳо низ ҳамалоти худро алайҳи онҳо афзоиш хоҳанд дод.

 

Иттилоъияи мансуб ба Толибон ба ҷангҳои торихии шузашта ишора карда ва навишта, ки ҳар бор саранҷом ин ҷангҳо ба шикаст ва хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон мунҷар шудааст. Эъломияи Толибон тасреҳ кардааст, ки онҳо манотиқи васеъеро дар Афғонистон таҳти кунтрули худ доранд ва аз онҷо тамомии фаъолияти худро алайҳи нерӯҳои Амрикоӣ ва давлати мавриди ҳимояти Амрико созмондиҳӣ мекунанд.

 

Толибон таъкид кардаанд, ки онҳо дар хоки Покистон мақаре надоранд ва ниёзе ба истифода аз он барои муқовимат алайҳи нерӯҳои Амрикоӣ ва давлат надоранд.

 

Вокуниши сареъ ва мутафовит

 

Рӯзноманигорон ва коршиносони масоили сиёсӣ, ки ин иттилоъияро дидаанд, муътақиданд, ки ин иттилоъия, ки дар зарфи камтар аз 24 соъат баъд аз суханронии оқои Обама мунташир шуда, нисбат ба бисёре аз вокунишҳои Толибон дар мавориди мушобеҳ мутафовит аст. Дар ин эъломия дақиқан бар нуктаҳое ангушт гузошта шуда, ки пеш аз ин бештар раҳбарони Алқръида ба он ишора мекарданд.

 

Би-Би-Си

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ