15:25:40 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зарбаҳои ҷонкоҳ ба ДИИШ ва Толибон на танҳо ба ин ифротгароён таъсиргузоранд

Бо ворид шудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия ба муборизаи оштинопазир алайҳи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» вазъият дар Ховари Миёна рӯ ба дигаргунӣ ва тағйироти ҷиддӣ овардааст.

mig-rus-889565465.jpgХотиррасон бояд шуд, ки президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии СММ қайд кард, ки гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ягон рабте ба ислом надорад ва «роҳи саҳеҳи мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ин муқобилият бо афроди мусаллаҳ ва террористҳо мебошад».

Дар тасдиқи суханони худ роҳбари Федератсияи Русия баъд аз гирифтани иҷозат аз Шӯрои Федератсияи Русия нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишварашро барои муборизаи муштараку якҷоя бо нерӯҳои ҳукумати қонунии Ҷумҳурии арабии Сурия ба ин кишвар равона намуд. Мувофиқи иттилои паҳншуда аллакай дар ду рӯзи нахустини иштироки нерӯҳои ҳарбӣҳавоии Русия ба мавқеи гурӯҳҳои террористӣ, макони ҷойгиршавии ситоди фармондеҳони террористон, анбори силоҳу аслиҳа, макони нигаҳдории маводи сӯзишворӣ ва пинҳонгоҳҳои зеризаминии террористон зарбаҳои ҷонкоҳ зада шуд.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ба 8 паноҳгоҳи ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар музофоти Ҳумс ва Ҳума 30 ифротгаро нобуд карда шуданд. Дар ин паноҳгоҳҳо ҷангиён аслиҳа, маводи тарканда, сӯзишворӣ ва техникаҳои ҷангиро нигоҳ медоштанд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров вобаста ба воқеаҳои охири Ховари Миёна, аз ҷумла истифода шудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар мубориза алайҳи террористон изҳор кард, ки «Иқдоми роҳбарияти Русия саривақтӣ ва дуруст мебошад. Несту нобуд кардани гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ягона роҳи наҷоти инсоният ва тамоми ҷаҳон мебошад.

Вақти он расидаст, ки ҷаҳони араб, аз ҷумла кишварҳои Сурия ва Ироқ аз вабои аср - микроби марговар бо номи «Давлати исломӣ» раҳо карда шавад». С.Сафаров таъкид кардааст, ки агар ДИИШ несту нобуд карда нашавад, таҳдиду хатарҳои воқеӣ на танҳо ба кишварҳои Осиёси Миёна, балки ба Русия, аз ҷумла ба минтақаи Қавқози шимолӣ боқӣ мемонад.

Хотиррасон бояд намуд, ки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон борҳо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро «вабои аср номидааст.

Мавриди зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2011 дар кишвари Сурия муқовимати мусаллаҳонаи ҳукумати қонунӣ бар зидди гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, ки дини исломро ниқоб ба худ карда, муқаддасоти ҳазорсолаҳои инсониятро зери по намуда, ба куштору ғоратгарӣ, таҷовузу бедодгарӣ ва ҷиноятҳои мудҳишу қатлҳои асримиёнагӣ машғуланд, идома дорад. Дар ин фурсат мувофиқи маълумоти СММ зиёда аз 250 ҳазор одамон ба ҳалокат расида, аз нисф зиёди шаҳрвандони ин кишвар, тахминан 4 миллион нафар бехонумон гашта, барои наҷоти худ рӯ ба кишварҳои ҳамсоя ва Аврупо овардаанд.

Дар гурӯҳҳои террористии дар Сурия амалкунанда ҳазорон ҷанговарон аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Миёна, Русия ва Аврупо ҷамъ оварда шудаанд. Владимир Путин қабл аз сафарбар намудани нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ба муқобили террористон изҳор намуд, ки: «Террористҳо дар сурати пирӯзӣ дар Сурия ба таври ҳатмӣ ба кишварҳояшон, аз ҷумла, ба Русия боз хоҳанд гашт». Ба ибораи дигар, агарчӣ, қувваҳои мусаллаҳи Русия дар хориҷа амалиёти ҷангӣ дошта бошанд ҳам, он бо ҳадафи таъмини амният ва бехатарии Русия ҳам равона шудааст.

Вокуниши доираҳои сиёсӣ ва роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ба иқдоми Русия якхела нест. Аз ҷумла, сарвазири  ИроқҲайдар ал-Абадӣ бо дастгирӣ аз иқдоми Русия пешниҳод  намудааст, ки қувваҳои эътилоф бо иштироки Русия ва Эрон дар муборизаи зидди гурӯҳи террористии «Давлати  исломӣ» дар қаламрави Ироқҳам истифода шаванд. «Мо аз дастгирии пурраи ҳарбии ИМА ҷиҳати мубориза бо ДИИШ бархӯрдор нестем, барои мо эътилофи васеъ бо иштироки Русия ва Эрон зарур аст», - гуфтааст ӯ.

Бояд гуфт, ки пештар аз иқдоми Русия таҳти роҳбарии ИМА кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин Австралия, Урдун ва дигарон аз моҳи сентябри соли 2014 эътилофи байналмилалӣ ба муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ таъсис доданд, ки ин эътилоф бо истифода аз авиатсияи ҷангӣ ва тайёраҳои бесарнишин ба мавқеи террористони ДИИШ зарбаҳои ҳавоӣ мезаданд. Аммо Русия аз ҳамроҳ шудан ба ин эътилоф даст кашида гуфтааст, ки ин эътилоф бояд дар асоси риояи ҳуқуқи байналмилал фаъолият дошта бошад. Яъне, ё қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ва ё дархости мақомоти расмии кишвар барои анҷом додани амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави он бояд вуҷуд дошта бошад.

Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар асоси дархости расмии ҳукумати қонунии Сурия - президент Башшор Асад дар амалиёти зидди террористон фаъолият доранд.

Сарвазири Ироқ дар идомаи суханонаш гуфтааст, ки Русия дар Сурия зидди террористон  мубориза мебарад ва Ироқ ба иштироки авиатсияи Русия дар қаламрави худ зидди гурӯҳи террористии ДИИШ омодааст. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷавобан ба ин хабар додааст, ки Маскав дар сурати расидани дархости дахлдор хоҳиши Бағдодро дар бораи ёрии ҳарбӣ-ҳавоӣ арзёбӣ мекунад. «Мо бояд муроҷиати расмии ҳукумати Ироқ ё қатъномаи Шӯрои Амниятро, ки қабули он аз хоҳишу ризоияти ҳукумати Ироқ вобаста аст, дошта  бошем», - гуфтааст намояндаи  ВКХ ФР Иля Рогачёв.

Дар баробари ҳамин кишвари Арабистони Саъудӣ аз Федератсияи Русия қатъан талаб кардааст, ки амалиёти нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии худро дар қаламрави Сурия қатъ намояд. Дар ин бора намояндаи Арабистони Саъудӣ дар СММ дипломат Абдуллоҳ ал-Муаллимӣҳангоми баромади телевизионӣ изҳор кардааст. То изҳороти Арабистони Саъудӣ мақомоти гуногуни роҳбарикунандаи ИМА ва Фаронса изҳор карданд, ки нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия на мавқеи ҷанговарони ДИИШ, балки мавқеи ҷойгиршавии мухолифони Башшор Асадро бомбаборон мекунанд.

Чунончӣ, роҳбари вазорати мудофиаи Фаронса Жан-Ив Ле Дриан дошт, зарбаҳои тайёраҳои Русия ба мавқеи террористон нарасидааст. Ҳамчунин, сарвари Пентагон (ИМА) Эштон Картер қайд кард, ки зарбаҳои ҳавоӣ шояд ба он ҷойҳое зада шуданд, ки таҳти назорати ДИИШ қарор надоранд. Вобаста ба ин зимни мулоқоти худ бо вазири корҳои хориҷии АмрикоҶон Керри, ҳамтои ӯ аз Федератсияи Русия Сергей Лавров талаб кард, ки ба ӯ далелҳои шайъӣ оид ба он, ки гӯё нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ба мавқеи ДИИШ зарба назадаанд, пешниҳод кунад.

Ҳамаи ин мухолифатҳои забонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки воқеан ҳам ворид шудани Федератсияи Русия дар ҳалли мушкилоти Сурия ва Ироқ пайомадҳои таъсиргузорро дар худ дорад ва аллакай аз ҳоло қудратҳои ҷаҳонӣ барои нишон додани вокуниши ҳамоҳангшуда омодагиҳо мегиранд.

Муовини сарвазири кишвари Исроил Силван Шалом дар мусоҳибаи худ бо хабаргузории «Sputnik» изҳор кард, ки эътилофи байналмилалии муштарак алайҳи ДИИШ ҳатман натиҷаҳои хуб ба даст меорад. Ба андешаи ин сиёсатмадор гурӯҳи террористии ДИИШ имрӯз яке аз хатарҳои ҷиддии амнияти ҷаҳонӣ дониста мешавад.

Дар давоми се сол ин гурӯҳи террористӣқисмати зиёди қаламрави Сурия ва Ироқро ба тасарруфи худ дароварда, кӯшиш доранд, ки таъсир ва нуфузи худро ба кишварҳои Африқои шимолӣ, аз ҷумла ба кишвари Ливия расонанд. Террористони ДИИШ дар «хилофат»-и таъсисдодаи худ қонунҳои ғайриисломиву ғайриинсониро ҷорӣ карда, аз кишварҳои мусулмоннишини ҷаҳон ба воситаи таблиғоту ташвиқот ҷавонону занонро ба сафи худ ҷалб мекунанд ва онҳоро ҳамчун силоҳ истифода мебаранд.

Ба муқобили Федератсияи Русия, ки бо дастгирӣ аз ҳукумати Башшор Асад ба муқобили ДИИШ муборизаи мусаллаҳонаро оғоз кард, гурӯҳи террористии «Ҷайш ал-Ислом» («Лашкари ислом») ҷанг эълон намуд. Дар ин бора нашрияи The New York Times хабар паҳн кардааст.

Ин изҳороти гурӯҳи террористӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия ҳадафрас буда, боиси ташвиши ҷиддии созмонҳои байналмилалии террористӣ ва пуштибонҳои онҳо шудааст. Дар ҳошияи зарбаҳои нишонраси нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия аз тасарруфи ҷанговарони Толибон озод шудани шаҳри Кундузи Афғонистон боиси хушҳолии нерӯҳои солими ҷаҳон гардид.

Зеро дар давоми ду-се соли охир унсурҳои ифротгарои динӣ бо пайравӣ аз террористони ДИИШ дар кишварҳои гуногуни мусулмоннишин «фурсатро ғанимат дониста», сар боло карда буданд ва бо таҳрики пуштибонони хориҷии худ бо ошӯбу фитнаҳо аз худ дарак доданд. Бояд гуфт, ки ҳодисаи Қундуз ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистонро такони ҷиддӣ дод ва якдиливу ҳамдигарфаҳмии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи Афғонистонро ба амал овард. Шикаст ёфтани нерӯҳои Толибон дар Қундуз ва зарбаҳои ҷонкоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия ба ДИИШ метавонад барои хомӯш кардани амбитсияҳои гурӯҳҳои маҳалии ифротгаро мусоидат намояд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi