02:32:08 24-уми Июни 2025 сол

ЭРОНРО ТӮҲМАТ МЕКУНАНД-2

Мусоҳибаи сармуҳаррири рӯзномаи «Завтра» Александр Проханов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия Ризо Саҷҷодӣ

 

А.П.: Эрони имрӯз давлати наздиҷабҳавӣ ба шумор меравад. Аз як тарафи дигар, ҷанг дар Ироқ. Аз ҷониби сеюм ҷанг байни «ҲАМОС»-и Фаластин, «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон ва Исроил. Наздикии ин ҷангҳо бо вазъияти дохилии Эрон чӣ таъсире расонида метавонад?

 

Р.С.: Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, вақте, ки нерӯои ҳарбии ишғолгар ба минтақа ва фарҳанги он шинос нестанду ба умури дохилаи кишварҳои ишғолшуда дахолат мекунанд, проблемаҳои зиёде, ба вуҷуд меояд. То он даме, ки инглисҳо ба умури дохилаи Фаластин дахолат накарданд, мусулмонҳо, насрониҳо ва яҳудиҳо дар ин замин бо сулҳу салоҳ зиндагӣ мекарданд.

 

Вале вақте ки сарвазири ҳамонвақтаи Англия ба Фаластин омад ва ба умури дохилии он дахолат намуд, проблемаҳо шурӯъ шуданд ва дар натиҷа зиёда аз 60 сол инҷониб дар Ховари Наздик бӯҳрон ва нооромӣ ҳукумфармост. То он рӯзе, ки нерӯҳои ишғолгар ба умури Ироқ дахолат накарданд, дар он ҷой сунниҳову шиаҳо мисли бародарону хоҳарон зиндагӣ мекарданд. Лекин баъди дахолати хориҷиҳо вазъият дар Ироқ бӯҳронӣ гардид.

 

Ба андешаи мо агар НАТО ва ИМА дахолат ба умури минтақаро бас кунанд ва имконият диҳанд, ки ҳукуматҳои интихобшуда барои рафъи проблемаҳо кор кунанд, халқҳои ин минтақаҳо метавонанд аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои худ бароянд, аз ҷумла дар бахши таъмини амният. Эҳтимол хориҷиҳо ба ин ё он кишвар барои ҳимояи манфиатҳои худ медароянд. Эҳтимол онҳо проблемаҳои худро ҳал мекунанд, лекин баробари ин онҳо даҳҳо проблемаи дигарро ба вуҷуд меоранд.

 

Ҳузури низомии ИМА ва кишварҳои дигари Ғарб дар Афғонистон боиси таҳкими нақши толибҳо гардид. Эҳтимол халқи Афғонистон, агар дар кишвар ишғолгарон намебуданд, ба толибҳо намепайваст, балки зиндагии муқаррарии рӯзмарраи худро идома медод. Мавқеи Ҷумҳурии Исломии Эрон чунин аст: мо бояд ба ташакули ҳукуматҳои мардумӣ имконият диҳем. Мо боварӣ дорем, ки ин ҳукуматҳо метавонанд проблемаҳои худро ҳал намоянд ва зиндагиро бо маҷрои муқаррарӣ баргардонанд.

 

А.П.: Амрикоиҳо чанд сол боз дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон шӯру ғавғо мебардоранд. Дар назари аввал ин проблемаи оддӣ ва фаҳмост: Эрон ҳуқуқ дорад, ки саноати ҳастаии худро инкишоф диҳад. Ба фикри шахсии ман, беш аз ин, Эрон ҳуқуқи соҳиб шуданро ба силоҳи ҳастаӣ ҳам дорад. Вале ба назари ман чунин менамояд, ки амрикоиҳо бо барангехтани ҳангома атрофи проблемаи ҳастаии Эрон ҳадафҳои махсус ва махфии худро пайгирӣ мекунанд. онҳо проблемаҳои зиёди дигарро, ки барои Амрико муҳим аст, дунболагирӣ намуда истодаанд, давлатҳои ҳамсоя ва давлатҳои дигарро фиреб медиҳанд.

 

Р.С.: Шумо дуруст гуфтед, ки амрикоиҳо ҳадафҳои сиёсии худро пайгирӣ мекунанд. Ҳамчунин мехоҳам изҳори ташаккур намоям, ки ба мо ҳуқуқи доштани силоҳи ҳастаиро додед, аммо баробари ин қайд карданиям, ки Эрон бо назардошти мулоҳизаҳои ғоявӣ муқобили сохтани силоҳи ҳастаӣ аст.

 

Ба фикри ман, имрӯз силоҳи ҳастаӣ наметавонад ин ё он кишварро муҳофизат намояд. Қудрати Эрон ба идеология ва халқ такя мекунад. 8 сол тамоми ҷаҳон Саддом Ҳусейнро дастгирӣ кард ва вайро бо яроқу аслиҳа, пулу иттилоот таъмин намуд, вале онҳо наметавонистанд муқовимати моро шикананд. Амрикоиҳо фаҳмиданд, ки бо ҷорӣ кардани таҳримҳо ва таҳдидҳои ҳарбӣ халқи Эронро ба зону шинондан мумкин нест.

 

Ғайри ин мо фикр мекунем, ки силоҳи ҳастаӣ силоҳи самарбахш нест ва аз ин рӯ мо бо сохтани он машғул нестем. Албата, суоле ба маён меояд: чаро амрикоиҳо фаъолона дар атрофи ин проблема бо ташвиқот машғуланд? Бидуни шубҳа, онҳо бо ҳар баҳона мехоҳанд ба Эрон фишор оранд. Тӯли 30 соли охир, ҳанӯз то пайдо шудани масъалаи ҳастаии Эрон, амрикоиҳо масъалаҳои ҳуқуқи инсон; ҳуқуқи занҳо ва ҳуқуқҳои диниро матраҳ мекарданд…

 

Ин тавр ҳам шуда буд: вақте ки лашкари Ироқ ба ҳудудҳои мо даромад, ИМА изҳор кард, ки Эрон таҷовузгар аст. Онҳо ҳамеша баҳона мекобанд, то бо мо таъсире расонида бошанд.ин дар оянда ҳам давом хоҳад кард. Мо аз мавқеи худ, ки ҳаққи қонунии мост, дифоъ мекунем ва мехоҳем исбот намоем, ки ҳамаи сухнҳои ИМА дурӯғи маҳз аст.

 

Исроил 200 кулоҳаки ҳастаӣ дорад, вале узви Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ нест ва ҳеҷ вақт бо бозрасҳои МАГАТЭ иҷозат надодааст, ки иншоотҳои ҳастаии онро тафтиш кунанд. Таърихи таҷовуз ва куштори одамон аз ҷониби исроилиҳо ба ҳама маълум ва фаҳмост. Исроил ягон қатънома ва созишномаро бо СММ иҷро накардааст, лекин бо вуҷуди он ки Исроил барои сулҳи ҷаҳон ва амнияти он хатар эҷод мекунад, Ғарб нисбати Исроил ягон маъракаи таблиғотӣ ташкил накардааст, балки далелҳои мавҷударо пинҳон медорад. Дидед, ки дар ҷаҳон беадолатиҳо ва стандартҳои дугона ҳоло ҳам чӣ қадар бисёранд.

 

Бояд эътироф кунам, ки баъзе сиёсатмадорони амрикоӣ сенариянависҳои пурқувваттар аз сенариянависҳои голливудӣ ҳастанд. Яке аз сенарияҳои фантастикии онҳо ин таърихи барномаи ҳастаии мост.

 

А.П.: сенарияи оғози ҷанг алайҳи Эрон ва эҳтимоли бомбаборони он аз ҷониби Исроил хеле изтиробангез аст. Ин ҷанг метавонад кишварҳои зиёди дунёро ба ҷунбиш орад ва хатари ҷанги ҷаҳониро ба вуҷуд оварад. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

 

Р.С.: Аввалан, Исроил солҳои охир нишон дод, ки ҳеҷ вақт дар бораи таҷовузаш ба кишвари дигар пешакӣ хабар намедиҳад. Вақте ки Исроил имконият дошт, таҷовуз содир кард. Вақте ки Исроил воқеан коре карда натавонад, бо таҳдидҳо маҳдуд мешавад.

 

Ҷиҳати дуюм: Исроил дар ҷануби Лубнон аз ду ҳазор лубнонии ҷавон шикаст хӯрд. Баъди 60 соли мавҷудияти Исроил афсона дар бораи мағлубнопазирии он ба боди фона рафт… Албатта, дар Исроил экстремистҳо ҳастанд, вале ба онҳо одамони солимақл муқовимат мекунанд. Фикр дорам, ақли солим ғалаба мекунад ва онҳо дарк менамоянд: вақте онҳо аз ду ҳазор ҷанговари ҷавони лубнонӣ мағлуб шуданд, дар ҳолати ҳуҷум ба Эрони 70-миллиона Исроил несту нобуд мешавад.

 

Ҷиҳати сеюм. Фарз кардем, ки онҳо бо дастгирии ИМА ба як ё ду иншооти Эрон зарба мезананд. Амрикоиҳо солҳои дароз ба Ветнам миллионҳо тонна бомба партофтанд, вале халқи Ветнам несту нобуд нашуд, баръакс, амрикоиҳо бо хорию залилӣ ва шармандавор Ветнамро тарк намуданд. Бомбаборон кардани чанд нуқтаи Эрон чизеро тағйир намедиҳад. Ғайри ин вай боиси вокуниши шадиди халқи Эрон мешавад ва ҳамчунин ҷонибдорони сулҳро бар зидди таҷовузкор мехезонад.

 

А.П.: Ҷаноби сафир, чунин тасавуроте ба вуҷуд омадааст, ки Русия нисбати Эрон сиёсати духӯраро пеш гирифтааст. Чунин ба назар менамуд, ки барои ҳамкориҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омадаанд. Вале ин ташаббусҳо дар нимароҳ монанд. Моҳвораи эронӣ, ки бояд ҳамроҳи русҳо ба кайҳон мерафт, парвоз накард. Табадулоти мол хеле кас аст. Чанде пеш Дмитрий Медведев эҳтиёткорона ва дар шакли муҷмал перомуни имконияти ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи Эрон изҳори ақида кард. Ин маънои онро надорад, ки дар зидияти Эрон ва ИМА Русия аз ҳад зиёд амрикоиҳоро ҷонибдорӣ менамоянд?

 

Р.С.: Ман ба он фикр розӣ шуда наметавонам, ки русҳо дар ин масъала амрикоиҳоро дастгирӣ мекунанд. Амрикоиҳо борҳо кӯшиш карданд, ки аъзои Шӯрои Амнияти СММ зидди мо қарорҳои қатъӣ ва чораҳои ҷиддӣ қабул кунанд. Лекин маҳз дар натиҷаи кӯшишҳои Русия вазъият дар Шӯрои Амният ба ҳолати мувозинат даромад ва чунин қарорҳо қабул нашуданд…

 

Дар бораи ҳамкориҳои кишварҳоямон бошад, мутаассифона, бояд гуфтаҳои шуморо тасдиқ кунам. Имконияти ҳамкориҳои кишварҳои мо дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ҳадди ақал даҳ маротиба бештар аз онанд, ки имрӯз амалӣ мешаванд…

 

Ман боварӣ дорам, ки вазъият дар оянда беҳтар мешавад. Эрон ва Русия дар минтақаи хеле ҳасоси ҷаҳон ҷой гирифтаанд ва ҳар ду кишвар, ки савори як киштиянд, бо баҳри пурталотум ҳаракат хоҳанд кард…

 

А.П.: Ман ният дорам ба кишвари зебои шумо сафар кунам. Шумо тамошои кадом мавзеъҳои Эронро тавсия медиҳед?

 

Р.С.: Ҳамаи минтақаҳои Эрон зебоянд. Агар хоҳед, ки аз меъмории қадима дидан кунед, бояд ба Исфаҳон ва Шероз равед. Агар ҳаваси кӯҳҳои хилват дошта бошед ва хоҳед, ки лижасаворӣ кунед, ба кӯҳсори ғарби Эрон рафтанатон лозим меояд. Агар аз иқлими баҳри Миёназамин баҳравар шуданӣ бошед, ба вилоятҳои Мозандарон ва Гелон, ки дар шимоли Эрон ҷойгиранд, биравед.

 

Агар хоҳед, ки дар обҳои гарму форами халиҷи Форс шиноварӣ кунед, сафари ҷазираи Кешро тавсия медиҳам. Агар бароятон тамошои биёбон ва пуштакӯҳҳо мароқангез бошад, ба вилояти марказӣ, дар Дашти Кавир воқеъ аст, сафар намоед. Замини Эрон пур аз зебоиҳост ва зебогии ин замин чеҳраи меҳрубон ва хандони халқи кишвари моро инъикос мекунад. Тарғиботи Ғарб кӯшиш мекунад, ки манзараи кишвари моро бо рангҳои тираю сиёҳ ҷилвагар намояд. Лекин агар шумо бо кишвари мо биёед, мебинед, ки чеҳраҳои одамони мо аз табассум гул мекунанд.

 

А.П.: Ҷаноби Сафир, вақте ки шумо дар бораи ватанатон гап мезадед, аз чеҳраатон нури меҳрубониву муҳаббат меборид ва хоҳиши ман барои сафар ба кишвари шумо боз бештар шуд. Ташаккур барои сӯҳбат!

 

Ҳафтаномаи «Дунё»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ