19:29:06 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бобаки Занҷонӣ ба қатл маҳкум шуд

Бобаки Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда эронӣ ва ду тани дигар ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин), ба қатл маҳкум шуданд.

bobak-zanjoni_65542112.jpgДодгоҳе дар шаҳри Теҳрон Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонӣ ва ду тани дигарро ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин) ба эъдом маҳкум кард. Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбе эълон кард, ки "ҳукми Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигар, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, дар додгоҳи ибтидоӣ содир шуд ва додгоҳ ин се муттаҳамро "муфсид фил арз" (фасодкор дар замин) шинохтааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА, Ғуломмуҳсин Эжеӣ, рӯзи якшанбе дар нишасти хабарии худ гуфтааст, ки "онҳо ҳамчунин ба баргардонидани амволи ҷониби шикояткунанда, ки Ширкати миллии нафти Эрон аст ва ба ҷаримаи пулӣ баробар ба як аз чаҳор ҳиссаи пулшӯӣ, маҳкум шудаанд."

Номи ду муттаҳами дигари маҳкум ба қатл, ҳанӯз дар расонаҳо эълом нашудааст.

Зуҳро Ризоӣ, мушовири ҳуқуқии бонки Занҷонӣ дар гуфтугӯ бо бахши форсии ББС ин ҳукмро "ноодилона" хонда ва гуфтааст, ки "ин парвандаи танҳо як қарздории оддӣ будааст". Вай дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки "вақте хабари пардохти қарзҳо аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд, сафорати Амрико ба онҳо (бонкҳои Тоҷикистон) тамос гирифт ва ҳамин масъала боис шуд, ки Тоҷикистон номаро қабул накунад. Дар он замон таҳримҳо алайҳи Эрон бардошта нашуда буд. Тоҷикистон низ манофеи миллии кишварашро тарҷеҳ дод ва нахост бо бонки Бобаки Занҷонӣ ва давлати Эрон ҳамкорӣ дошта бошад."

Хонум Ризоӣ ба ББС гуфтааст, ки онҳо ду моҳ аст, ки дар талоши пардохти қарзҳои оқои Занҷонӣҳастанд.

Бобаки Занҷонӣ ба ин муттаҳам шуда буд, ки "як миллион бушка нафт ба арзиши 300 миллион евроро аз ширкати миллии нафти Эрон гирифта ва аз маблағи 2 миллиарду 700 миллион евро, ки муваззаф шуда буд, пардохт кунад, 160 миллион евро пардохт кард ва боқимондаро сарфи корҳои шахсӣ намуд. Бобаки Занҷоӣ ва вакили дифои ӯқаблан гуфта буданд, ки то вақте таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон бардошта нашавад, имкони баргардонидани қарзҳоиӯ ба ҳисоби ширкати миллии нафти Эрон, вуҷуд надорад.

Бобаки Занҷонӣ, ки бар асоси гузоришҳо дар давраи раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти пешини Эрон ба ҳукумати ӯ барои кам кардани фишори таҳримҳои бонкӣ, кӯмак мекард, дар моҳи декабри соли 2013 боздошт шуд. Додситонии Теҳрон Бобаки Занҷониро ба фасод, халалдор кардани иқтисодӣ кишвар, тақаллуби густурда аз ширкати миллии нафти Эрон, сохтакории асноди бонкӣ, ҷаъли дастури интиқоли байнибонкӣ, пулшӯӣ ва нашри хабарҳои дурӯғ, муттаҳам кардааст.

Мурофиаи додгоҳии Бобаки Занҷонӣ аввали моҳи октябри соли гузашта таҳти раҳбарии қозӣ Абулқосим Салавотӣ шурӯъ шуд ва нахустин ҷаласаи додгоҳ ба таври ошкор сурат гирифт. Ғулом Муҳсин Эжеӣ, сухангӯи додгоҳи Эрон қаблан гуфта буд, ки парвандаи Бобаки Занҷонӣ 209 ҷилд ва 40 ҳазор саҳифаро дар бар мегирад.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад. Бобаки Занҷонӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ борҳо ба "бегуноҳ" будани худ таъкид намуда ва гуфтааст, ки ба унвони сарбоз ё басеҷии иқтисодӣ ба низом кӯмак кардааст.

Ба эъдом маҳкум шудани Бобаки Занҷонӣ дар ҳолест, ки бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад.

Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi