Ҷоми Ҷаҳонии 2018: фоидаи иқтисодӣ ва таъсири он ба рушди сайёҳӣ дар Россия
Бино ба маълумоти директори иҷроияи Ассосиатсияи сайёҳии Федератсияи Россия Майя Ломидзе дар давоми бештар аз як моҳе, ки бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2018 дар Россия ҷараён доштанд, ба ин кишвар беш аз 700 ҳазор ҷаҳонгардони хориҷӣ ташриф оварданд, ки аксарияташон аз ИМА, Колумбия, Перу, Аргентина, Бразилия, Германия, Арабистони Саъудӣ, Ҷопон, Миср, Фаронсаву Англия, Хорватия ва ғайра будаанд.
Ба маблағи 850 миллард рубл аз сайёҳӣ фоида ба даст омадааст, ки ин тақрибан як дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ин маблағ, ба гуфтаи Ломилзе, тамоми хароҷотеро, ки барои гузаронидани Ҷоми Ҷаҳонӣ сарф шудааст, мепӯшонад. Барои мисол меҳмонон аз Арабистони Саъудӣ дар як шаб дар тафреҳгоҳи хиёбони Никольский 8 миллион рубл масраф карданд.
Танҳо дар ҳафтаи аввали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ мухлисони футбол дар варзишгоҳи Лужники 139 миллион рубл хароҷот кардаанд. Назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки сафари ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Россия дар соли 2019 тақрибан 20 дар 100 нисбат ба соли ҷорӣ афзоиш меёбад. Ҳаштоду ҳафт дар сади фаронсавиҳое, ки барои тамошои бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2018 омада буданд, дар як назарсанҷӣ гуфтаанд, ки соли оянда барои тамошои ҷойҳои таърихӣ ба Россия ташриф хоҳанд овард.
Масъулини Кумитаи ташкилии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2018 дар як нишасти матбуотӣ қабл аз оғози бозиҳо эълон карда буданд, ки Россия барои ташкил ва гузаронидани бозиҳои футболиҶоми Ҷаҳонии 2018 683 миллиард рубл хароҷот кардааст. Бештари ин маблағ барои сохтмон ва азнавсозии варзишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо сарф шудааст.
«Рӯзгор»