10:27:10 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Амрико тасмим гирифт, ки нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон қисман хориҷ кунад

Бино ба гузориши рӯзномаи маъруфи “Вашингтон пост” давлати Амрико дар ҳоли омодагӣ барои хуруҷи ҳазорон сарбози ин кишвар аз Афғонистон аст. Ин рӯзнома навиштааст, ки тасмим мазкур баъди тавофуқи ибтидоии сулҳ бо гурӯҳи Толибон гирифта шудааст.

afghamistan 124554556Ин рӯзномаи амрикоӣ ҳамчунин навиштааст, ки коҳиши нерӯҳои низомии ин кишвар дар ростои барқарории оташбас ва қатъи робитаи Толибон бо гурӯҳи “Ал-қоида” сурат мегирад ва ин бахше аз тавофуқи аввалия ба хотири поён додани хушунат дар Афғонистон аст.

Агар ин тавофуқ ҳатмӣ шавад, Амрико теъдоди нерӯҳои худро дар Афғонистон аз 14 ҳазор то 8-9 ҳазор коҳиш хоҳад дод. Дар хабар омадааст, ки ин тавофуқ оғозе ҳам барои шуруъи гуфтушунид миёни гурӯҳи Толибон ва давлати Кобул низ хоҳад шуд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки тарҳи мазкур баъди моҳҳо музокарот миёни гурӯҳи Толибон ва Зулмай Халилзод-фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон шакл гирифтааст. Мақомҳои амрикоӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки ин музокарот ҳудудан 80 то 90 дарсад ниҳоӣ шудааст ва эҳтимоли он ҳам вуҷуд дорад, ки то оғози интихоботи Афғонистон тавофуқи сулҳ бо Толибон имзо шавад. Вале мақомоти амрикоӣ боз ҳам хушбин нестанд ва мегӯянд шояд Толибон бо баҳонае онро ба таъхир андозанд.

Аз ин пештар вазири умури хориҷии Амрико ба хабарнигорон гуфта буд, ки то интихоботи парлумонии Афғонистон ИМА ба хуруҷи қувваҳои мусаллаҳи худ аз Афғонистон шуруъ мекунад.

Аз сӯйи дигар давлати Афғонистон низ ду рӯз пеш хабар дода буд, ки як гурӯҳи 15-нафариро барои гуфтушунид бо Толибон омода кардааст.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi